02:50:09 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Исфара. Қатли як хонаводаи тоҷик аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи ношинос

Гурӯҳи мусаллаҳи ношинос афроди як хонаводаро дар ноҳияи Исфара ба қатл расонидаанд. Соати 1: 30 дақиқаи шаби гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара як гурӯҳи ношинос ба бинои хоҷаги деҳқонии «Участкаи -5» воқеъ дар наздикии марзи Қирғизистон даромада, посбони он Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов ва аҳли хонаводаи ӯ, аз ҷумла ду набераашро ба қатл расонидаанд.

fojea-082013Намояндаи Тоҷикистон дар Бодканд рӯзи 20-уми август бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки шаби сешанбе афроди номаълум ба манзили посбони хоҷагии деҳқонии Участкаи-5 и назди деҳаи «Самарқандак»-и ҷамоати Чоркӯҳ даромада, худи ӯ, зан, писар ва ду набераи хурдсолаш, ҳамагӣ 5 нафарро ба қатл расонидаанд. Вай гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти амниятӣ ва умури дохиларо дар ҷараён гузоштааст ва бояд сабабу ангезаҳои ин ҳодис таҳқиқ шавад.

Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти амниятӣ ва умури дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон муштаракан ҳодисаи куштори ин хонаводаро таҳқиқ доранд: «Ҳоло пешгӯӣ намекунем, пас аз рӯшан шудани сабабау ангезаи ин ҳодиса, маълумот медиҳем. Ҳоло келину як духтарак, ки дар беморхона бистарӣ карда шуд, аз ин ҳодиса зинда мондаанд ва онҳо албатта шоҳиди воқеа мебошанд.»

Субҳиддин Умурзоқов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ ба мо гуфт, ки ин афрод мусаллаҳ буда, бо камони Мантакрис(ТОЗ-8) аъзои хонаводаро ба қатл расониданд, ки танҳо келини Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов пинҳон шуда, ҷараёни ҳодисаро мушоҳида кардааст. Вай гуфтааст, ки онҳо ба забони қирғизию русӣ доду фарёд мекарданд, ки «ҳамаи шумоҳора мекушем, аз инҷоҳо дафъ шавед». Ҳоло ягона шоҳиди ин ҳодиса келини Абдуқаҳор Ҳаллоқов мебошад.

Маҳалли бошишгоҳи хоҷагии деҳқонии «Участкаи-5» дар назди роҳи мошингарди миёни Тоҷикистону Қирғизистон қарор дошта, як нуқтаи печидаи хатти марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ки борҳо дар инҷо сӯитафоҳум сар задааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi