11:18:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Вазир гуфт, бархе милисаҳо ҷиноят мекунанд ва муомилаи бад доранд

Вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз ба мақомоти масъул дастур додааст, ки ба хотири роҳ надодан ба ҷинояткорӣ ва бадрафториву ва муомилаи дурушт аз тарафи маъмурони милиса, тадбирҳои мушаххас биандешанд. Дар ҷаласаи мушовараи вазорат, ки рӯзи 19-уми август дар Душанбе баргузор шуд, Рамазон Раҳимов аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз маъмурони милиса  “ба ҷиноят даст мезанад, қонуншиканӣ мекунанд ва дағалгуфтору муомилаи дурушт доранд.“

ramazon-rahimov 20082013Вазорати умури дохилӣ бо нашри баяёнияе дар торнамои худ хабар додааст, ки масъалаи тартибу низом дар байни кормандони сохторҳои вазорат, рӯзи 19 август дар ҷаласаи мушовараи вазорат, баррасӣ шуд. Аз ҷумла Искандар Раҷабов, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ генерал ва Анвар Алиев, сардори Раёсати амнияти дохилӣ доир ба “корҳои тарбиявӣ, ҷалби ҳайати шахсӣ ба омӯзиши бештари қонуну қоидаҳои амалкунанда, баланд бардоштани малакаи касбӣ, дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо” гузориш додаанд.

Дар Тоҷикистон шикоят аз рафтори маъмурони милиса зиёд аст ва инро худи мақомоти расмӣ ҳам эътироф мекунанд. Расо як моҳи пеш дар нишасти хабарии вазорати умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов гуфт, “дар баробари ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва талошу кӯшишҳо оиди пешгирӣ ва ошкор сохтани ҷиноятҳо, баъзе кормандони милитсия даст ба қонуншиканӣ зада, ба обру ва нуфузи мақомот иснод меоранд.”

Ба гуфтаи вазир, дар 6 моҳи соли равон, 23 нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣҷиноят кардаанд, аз ҷумла 8 мавриди ришваситонӣ, 7-далели қаллобӣ, 4-далели сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 4 мавриди фаро рафтан аз ҳадди ваколат сабт шудааст ва 2 мавриди шиканҷаи боздоштшудаҳо, ки сару садо доир ба ин дар матбуот бисёр зиёд аст.

Дигар ин, ки ба эътирофи худи мақомоти вазорати умури дохилӣ, “муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандон аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус кормандони  хизмати беруна пайваста мушоҳида кардан мумкин аст.”

Ба унвони намуна, тайи 6 моҳи соли равон аз тариқи телефони боварӣ ба вазорат 330 арзу шикоят расидааст, ки 155 тои он нисбати кормандони милиса буда ва 20 мавридаш ҳам собит шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи боло бурдани эътимоди ками мардум ба мақомоти милиса, моҳи марти соли равон Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020-ро тасдиқ кард, ки иҷрои он таҳти ҳидояти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi