04:20:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

"Пеши роҳи занҳои бесаводро бигиред"- гуфт собиқ котиби ЦК

Гулҷаҳони Бобосодиқова, раиси созмони "Занони маълумоти олидор" аз афзоиши бонувон дар суфуфи ягона ҳизбии динии кишвар, нигаронӣ кардааст.

bobosodiqova 2013Хонум Бобосодиқова, ки дар як ҳамоиш дар робита ба мавзӯи муносибати давлат ба дин дар ҷомеъа дар Кохи Ваҳдат сӯҳбат мекард, аз афзоиши занон дар сафи ҲНИТ нигаронӣ намуд ва аз мақомоти масъули кишвар даъват кард, ки ба ин масъала ҷиддан машғул шаванд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова дар ҳамоиши «Муносибати давлат ба дин дар ҷомеъа» рӯзи 15 август дар ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмону мазҳабҳо дар Душанбе гуфт, ки вақтҳои ахир мизони пайвастани занон ба Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон меафзояд, аммо мақомоти масъул дар баробари ин масъала вокунише нишон намедиҳанд.

«Медонед, аксари заноне, ки ба ин ҳизб пайвастаанд аз деҳоту навоҳии дурдаст мебошанд ва онҳо бесаводанд, пеши ин равандаро гирифтан даркор, ин кори танҳо вазифаи Кумитаи дин нест, ин вазифаи Кумитаи занҳо низ мебошад. Ман ҳайронам, ки Кумитаи ҷавонон чаро таваҷҷуҳ надорад, бояд пеши ин роҳҳоро гирифт»-, таъкид кард хонум Бобосодиқова.

Дар ҳамин ҳол Зарафо Раҳмонӣ, раиси Бахши занони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, воқеан занону духтарон дар се соли охир ба ҲНИТ таваҷҷуҳи хос доранд ва нисбат ба солҳои пешин бештар шомил шудаанд.

Аммо вай афзуд, ки занону бонувоне, ки шомили ҳизб мешаванд ва ё хоҳиши шомил шудани ба ҳизбро доранд, хеле зираку огоҳ ва таҳсилкарда ҳастанд: «Бар иловаи ин, мо дар навоҳӣ ва шаҳрҳо давраҳои омӯзишӣ барои бонувону занон мегузаронем, ки онҳоро бо масъалаҳи ҷомеъашиносӣ, улуми сиёсӣ огоҳ мекунем ва нақши онҳоро дар ҷомеа, ки чӣ гуна бошад, мефаҳмонем»,- мегӯяд хонум Раҳмонӣ.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар сафи ин ҳизб беш аз 20 ҳазор зан шомил мебошад, аммо тарафдоронашро аз ин рақам бештар медонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi