Роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрук бо розигии Президент таъйин мегарданд
16.02.2016 22:08
1292
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи тағйирот ба қисми 1-и моддаи 492-и Кодекси мазкур минбаъд роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ (РРМГ) бо розигии Президенти кишвар ба вазифа таъйин карда мешаванд.
Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
16.02.2016 22:07
1046
16 феврали соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.
Дар Брюссел муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардиданд
16.02.2016 22:05
976
Дар шаҳри Брюссел 15 феврали соли равон вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид.
Адибони ҳавзаи Наврӯз аз Панҷакенту Дарвоз боздид хоҳанд кард
12.02.2016 23:09
1160
Интизор меравад, ки меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯз дар Тоҷикистон доир мегардад, ба шаҳри бостонии Панҷакент сафар карда, оромгоҳи падари шеъри форсӣ, сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат намоянд.
Амрико истифодаи яроқи кимиёиро аз ҷониби ҷангиёни ДИ тасдиқ кард
12.02.2016 23:02
1059
Директори Хадамоти марказии иктишофии Амрико (СРУ) Ҷон Бреннан иттилоъ дод, ки бино ба маълумоти иктишофии Амрико ҷангиёни «Давлати исломӣ» барои истеҳсоли яроқи кимиёӣ имкон доранд ва онро аллакай дар Сурия ва Ироқ истифода кардаанд.
Даргузашти Асадулло Саъдуллоев: илми журналистика як мактаби худро аз даст дод
05.02.2016 08:30
1265
Асадулло Саъдуллоев, яке аз асосгузорони журналистикаи миллӣ дар Тоҷикистон субҳи дирўз баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 76 бар асари бемории саратон аз олам даргузашт. Дар назар аст маросими дафни марҳум, рӯзи 4-уми феврал дар километри 9-уми шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Суди конститутсионии ҶТ лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия мутобиқ донист
04.02.2016 23:59
1350
Имрўз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ...
Пешниҳоди Президентро Парлумон тасдиқ кард
03.02.2016 22:24
1173
Бахтиёр Худоёрзода, ки қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият дошт, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ваколати Ватанзода пеш аз муҳлат қатъ гардид
03.02.2016 22:22
1022
Ваколати вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 3 феврал пеш аз муҳлат қатъ гардида, ҳамзамон аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ
03.02.2016 22:21
1186
Аз 2 то 5 феврали соли равон дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.
Мулоқоти Шералӣ Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Русия
03.02.2016 22:19
1242
Имрўз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, вохўрӣ намуд.
Вазир: «Илова ба қонуни ВАО барои озодии сухан монеа эҷод намекунад»
03.02.2016 22:18
1092
«Ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои озодии сухан дар кишвар ягон монеа эҷод намекунад»,- гуфт дар ҷамъи хабарнигорон Орумбекзода Шамсиддин - вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.
Ба қонуни матбуоти даврӣ ва дигар ВАО иловаҳо ворид мегарданд
03.02.2016 22:17
1109
Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иловаҳо ворид намояд.
Семинари Сафорати ИМА оиди мубориза бо ифротгароии хушунатомез
01.02.2016 22:49
1152
Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе гузаронидани семинари омӯзишӣ оид ба роҳҳои мубориза бо ифротгароии хушунатомезро барои 22 иштирокчӣ аз Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ...
Изҳороти расмии Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ
27.01.2016 09:52
1109
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон овозаҳои мухталифро дар хусуси он, ки гӯё як гурӯҳ кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар ВМКБ аз ҷойи хизмат фирор карда бошанд, қатъиян рад менамояд.