09:52:57 04-уми Июни 2025 сол

Ба қонуни матбуоти даврӣ ва дигар ВАО иловаҳо ворид мегарданд

Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иловаҳо ворид намояд.

4_majlisi-namoyandagon_4454.jpgОлим Салимзода - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мегӯяд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади беҳтар намудани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, зеро аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қонуни амалкунанда салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии ВАО, ҳамчунин мақомоти прокурорӣ ва судӣ барои андешидани тадбирҳо ҳангоми қонуншиканиҳо ё дигар асосҳои ҳуқуқии қатъ гардонидани фаъолияти ВАО муайян карда нашудааст.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854