09:42:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Даргузашти Асадулло Саъдуллоев: илми журналистика як мактаби худро аз даст дод

Асадулло Саъдуллоев, яке аз асосгузорони журналистикаи миллӣ дар Тоҷикистон субҳи дирўз баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 76 бар асари бемории саратон аз олам даргузашт. Дар назар аст маросими дафни марҳум, рӯзи 4-уми феврал дар километри 9-уми шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Sadulloev-562314545.jpgАсадулло Саъдуллоев 22-юми сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, бахши филологияи онро соли 1962 хатм кардааст. Фаъолияташро дар ягона шабакаи телевизиони давлатии кишвар чун муҳаррири барномаҳо оғоз кардааст. Аммо ду сол баъд ба кори газета гузашта ва муддати 17 сол дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ» дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир кор кардааст.

Асадулло Саъдуллоев ҳамзамон дар баробари кори журналистӣ ба кори илмӣ низ пардохта, соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториро ҳимоя намуд. Асадулло Саъдуллоев дар баробари кор дар нашрияҳои мухталиф ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шуда, дар факултаи журналистика дарс мегуфт. Солҳои 1992-2002, 2007-2009 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ ва солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи ДМТ буд. Асадулло Саъдуллоев муаллифи беш аз 40 асари илмӣ ва беш аз ҳазор мақолаи публитсистӣ мебошад.

Асадулло Саъдуллоев узви Иттифоқи журналистон (1965) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992) буд. Номбурда Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ифтихорномаи Совети Олии РСС Тоҷикистон аст.

Соли 1998 барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони кишвар ба номи Лоҳутӣ шуда, худи ҳамон сол бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид.

АМИТ “Ховар”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi