09:34:36 07-уми Июли 2025 сол
ИХРОҶИ ДАҲҲО ДОНИШҶӮ АЗ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН 14.04.2011 18:22 1732
Кашфи чандин санади тақаллубӣ мунҷар ба ихроҷи даҳҳо донишҷӯ аз донишгоҳҳои умдаи Тоҷикистон шудааст. Дар ин робита ҳамчунин дар мавриди иддае аз мудирони мактабҳои ҳамагонии мутавассити кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда ва бархе аз онҳо боздошт шудаанд.
САФАРИ РАҲБАРИ ПОКИСТОН БА АФҒОНИСТОН 14.04.2011 18:20 1930
Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе барои дидору гуфтугӯ бо раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай ба Кобул сафар мекунад. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Покистон, нахуствазир ба Кобул бо даъвати Карзай парвоз хоҳад кард.
ПОКИСТОН: ДАР АМАЛИЁТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН 18 ҶАНГӢ КУШТА ШУД 14.04.2011 18:17 1745
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки артиш ва нирӯҳои ниманизомии онҳо бо пуштибонии чархболҳои низомӣ маконҳои Толибонро дар минтақаи қабиланишини Моҳманд, воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон ҳадаф қарор доданд.
ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ТУНИСРО ДАР 18 МАВРИДИ ҶИНОЯТ АЙБДОР МЕКУНАНД 14.04.2011 18:14 1854
Вазири адлияи Тунис гуфт, ки додситонҳо талош доранд раиси ҷумҳурии барканоршуда Зануллобиддин Бен Алиро аз рӯи 18 банди қонун, аз ҷумла кштор ва қочоқи маводи мухаддир дар додгоҳ муҳокима кунанд.
МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ ПИСАРИ СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛ 14.04.2011 15:55 1625
Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисорро шурӯъ кард. Додситонӣ Файзулло Бобохоновро дар асоси 10 модда, ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мекунад.
ДАР НУРОБОД "ТАМРИНОТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ" ОҒОЗ ШУДААСТ 14.04.2011 15:15 1553
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи оғози амалиёти вижа алайҳи Мулло Абдулло дар шарқи ин кишварро рад кард. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои интизомӣ дар ин минтақа тамриноте оғоз кардаанд, ки ҳадафи он мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ унвон шудааст.
ОҒОЗИ АМАЛИЁТ АЛАЙҲИ ГУРӮҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО 14.04.2011 14:45 1570
Амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар Самсолиқи ноҳияи Нуробод оғоз шудааст. Як манбаъ аз ситоди Мирзохӯҷа Аҳмадов бо таъйиди ин хабар ба “Озодӣ” гуфт, дар ин амалиёт афроде аз гурӯҳи онҳо низ иштирок ва ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак мекунанд.
ҲИМОЯТИ ДОДГОҲИ ОЛӢ АЗ ЯК ОМӮЗГОРИ ҶАВОН 14.04.2011 14:43 1628
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Тавилдара дар мавриди қазияи барканории як омӯзгори маҳаллӣ аз симаташро ботил кардааст. Маҳмадалӣ Ҳакимов, омӯзгори ҷавон, ки дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Тавилдара кор мекард ...
БОЗДОШТИ 15 РӮЗАИ ҲУСНӢ МУБОРАК БАРОИ АНҶОМИ ТАҲҚИҚОТ 13.04.2011 16:05 1607
Телевизиони давлатии Миср рӯзи чаҳоршанбе аз боздошти «15 рӯзаи Ҳуснӣ Муборак барои анҷоми таҳқиқот» хабар дод. Дар ҳамин ҳол Ало ва Ҷамол Муборак, ду писари ӯ  ба Қоҳира мунтақил шудаанд. Гуфта мешавад оқои Муборак дар замони боздошт низ дар Шармушайх хоҳад монд.
СЕ МАВРИДИ ХУДКУШӢ ДАР АРТИШИ ТОҶИКИСТОН 12.04.2011 22:37 1845
Як мақоми додситонии низомии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар артиши ин кишвар се мавриди худкушии сарбозон рух додааст. Ҳабибуллоҳ Саидов, муъовини додситони низомии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба ду ҳодиса, парвандаҳои ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онҳоро кормандони додситонӣ анҷом медиҳанд.
ИМА ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОНРО САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАД? 12.04.2011 18:36 1837
Ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баъд аз мулоқот дар ҷамъи хабарнигорон гуфт ...
ҲУКМИ ИСТИРДОДИ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ АЗ МАСКАВ 12.04.2011 18:30 3067
Додгоҳи шаҳри Маскав ба дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Низомхон Ҷӯраев посухи мусбат дод. Ба ин тартиб додгоҳи Русия қарори Додситонии кулли ин кишварро барои истирдод дуруст шуморид.
65 ПАРВАНДАИ "ЗАМИНФУРӮШӢ" ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ 12.04.2011 18:28 2050
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 65 парвандаи ҷиноӣ дар қиболи афроде, ки дар масоили фурӯши замин ва истифодаи ғайримуассир аз он ба қонуншиканӣ даст задаанд, боз шудааст.
ДАРХОСТИ БОЗДОШТИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО 12.04.2011 14:01 2085
Додситонии кулли Тоҷикистон бори дигар хостори боздошти Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор" шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, мегӯяд, бо ин мақсад дархости расмии наве ба мақомоти Русия ва дигар кишварҳои марбута ...
МУҲОКИМАИ ФАРЗАНДИ БОБОХОНОВ БА ТАЪВИҚ УФТОД 12.04.2011 13:58 1744
Оғози муҳокимаи Файзулло Бобохонов, писари додситони кулли пешини Тоҷикистон, ба таъвиқ уфтод. Қарор буд рӯзи сешанбеи 12 апрел муҳокимаи оқои Бобохонов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шавад.