03:05:25 01-уми Июли 2025 сол

«САМАНДАРИ ТИЛЛОӢ» НАСИБИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК ШУД

Носир Саидов, коргардони филми «Қиёми рӯз» дар ҷашнвораи байналмилалии синамогарон, ки дар ҷазираи Киши Ҷумҳурии  Исломии Эрон баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Самандаи тиллоӣ» барои беҳтарин кори коргардонӣ дониста шуд.

nasir_saidov14522.jpgИн ҷашнвора аз 24 то 28-уми апрел бо ширкати синамогарон аз кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Урдун, Тоҷикистон, Гурҷистон, Фаронса, Лубнон, Эрон, Русия, Ироқ, Хитой, Туркия, ва Озарбойҷон барпо гардид. Тибқи назари синамошиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов миёни коргардонҳои маъруфи кишварҳои ширкаткунанда беҳтарин дониста шудани кори коргардонии режиссёри тоҷик ин худ як дастоварди хуби синамои тоҷик  дар ин авохир маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки филми «Қиёми рӯз» аз ҷумлаи он филмҳои камшумори замони истиқлолият ба шумор меравад, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳои мухталиф дониста шудааст. Сенарияи филмро  нависанда ва коргардони тоҷик  Сафар Ҳақдодов наиштааст. Мусиқии онро  оҳангсоз ва овозхони хушхон Далер Назаров эҷод кардааст.

/images/stories/2011/05/01_truenoon055455544.jpg

Филм дар бораи мушкилоти замони баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он мувоҷеҳ шуданд, қисса мекунад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ