04:29:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

ҲАЁТИ ҲИЗБӢ: ТАРҒИБИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ХАТЛОН

Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон масъалаи амалишавии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва оид ба иҷрои он нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд.

president.tj-54454545.jpgРоҷеъ ба масъалаи мазкур қарори дахлдори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба тасвиб расид, ки дар он раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз гурӯҳҳои таблиғотии доимоамалкунандаи ҳизбӣ таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин муддат аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ тибқи нақша ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ зикргардида дар маркази шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, маркази ноҳияи Бохтар, Ҷамоати Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуданд.

Бо ташаббус ва иштироки масъулини аксар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чунин чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ қариб ҳар рӯз дар миёни аҳолӣ баргузор шуда истодаанд.

Раҷабалӣ Худоёров, Қӯрғонтеппа, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi