00:39:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

ТОҶИКОНИ ИХРОҶШУДА АЗ РУСИЯ АВФ МЕХОҲАНД

Муҳоҷироне, ки ба ҳар далоил аз Русия барои 5 сол хориҷ шудаанд, вазъи худ ва оилаҳояшонро дар Ватан тоқатфарсо мегӯянд.

/images/stories/2012/11/09_migranti-091112.jpgБар пояи қонунҳои Русия, муҳоҷироне, ки депортатсия мешаванд тӯли панҷ сол аз ҳаққи ворид шудан ба ин кишвар маҳрум хоҳанд шуд. Дар шароите, ки Тоҷикистон ҷойи кор ва маоши муносиб намедиҳад, ихроҷи атбои тоҷик зиндагии онҳоро бо мушкил рӯбарӯ мекунад.

Амрӣ, як ҷавони 28 солаи деҳотии тоҷик соли дувум аст, ки наметавонад ҳамроҳ бо даҳҳо нафар аз ҳамсафарони пешини худ ба мардикорӣ биравад ва ба пуле соҳиб шавад, ки дар Ватан ба даст оварданаш наметавонад. Вай хеле бо дарду алам мегӯяд, ки гӯли корфармои худро, ки мегуфт бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худаш гапзанон хоҳад кард, хӯрда маблағи санади иҷозаи корро “сарфа” кард, вале худ ва се нафар аз ҳамдеҳаҳояшро барои панҷ сол аз рафтан ба муҳоҷирати корӣ маҳрум намуд.

Амрӣ ба гуфтаи худаш ҳар сол аз 6 то 8 ҳазор доллар аз муҳоҷирати корӣ ба даст меовард, ки бо ин пулҳо чархи зиндагии хонаводаро тоб медод. Вале инак ду сол аст, ки зери бори қарз мондаву бори дӯши ду бародараш шудааст, ки ҳоло дар Русия кор мекунанд.

Аммо ин танҳо сарнавишти ғамангези Амрӣ ва даҳҳои дигари мисоли ӯ нест. Шумори атбои ихроҷшудаи тоҷикро бархе аз созмонҳои ғайридавлатии тоҷикон дар Русия ҳудуди 200 ҳазор мегӯянд.

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегӯяд, ин шумора аз шаҳрвандони тоҷик, ки ҳар кадоме аз 3 то 8 хӯранда дорад, рӯ ба марҳамати мақомоти ду кишваранд. Оқои Шарифов  бар ин аст, ин муҳоҷирони кории тоҷик даст ба кадом ҷинояти сангин назадаанд.

Гуноҳи онҳо ин аст, ки шиносномаашонро дар қайд нагузоштаанд ва ё санади иҷозаи кор нагирифтаанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон метавонист мақомоти Русияро мутақоид созад, ки муҳоҷирони ихроҷкардаашро бар ивази пардохти маблағ афв кунад, ҳам ба мушкилоти хонаводаҳои онҳо расидагӣ мекард ва ҳам наздики як миллиард доллари дигар ба Тоҷикистон ворид мешуд.

Вале ба таъйиди Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, барои рафъи ин мушкилии шаҳрвандони худи ҳукумат даст рӯи даст нанишастааст. Ҷаноби Бобоев гуфт, ин шумора, ки ба муҳоҷирони кории ихроҷшуда нисбат дода шудааст, воқеият надорад. Зеро дар соли гузашта ин шумора аз 2 ҳазору 600 нафар бештар буд ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ шумораи онҳо наздики 1200 нафар мебошад. Оқои Бобоев афзуд, ҳанӯз дар соли 2003 ҳукумати Тоҷикистон аз Русия хоста буд, ки ин афрод мавриди афв қарор бигиранд ва ҳоло низ мақомоти Тоҷикистон ин масъаларо аз мадди назар дур накардааст.

Бо ин ҳол Амрӣ, ҷавони депортатсияшуда мегӯяд, омода ҳаст ҷаримаеро, ки барои афви ӯ зарур аст, аз ҷайбаш бипардозад. Хоҳиши ӯ ҳам ин аст, ки муҷозоти афроде чун ӯро иваз кунанд. Дар ғайри сурат шумори атбои ихроҷшуда аз Русия сол ба сол афзуда, шароити иҷтимоиро дар дохил хароб ва душвор месозад. Зеро дар Ватан ҷойи кор пайдо карда наметавонад, ки бо маблағи он чархи аробаи зиндагиаш дар ҳаракат бошад.

Бар пояи омори расмӣ, муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузашта танҳо аз тариқи бонкҳо 3 миллиарду 200 миллион доллар ба Ватан интиқол додаанд, ки наздики 50 дарсади маҷмӯи маҳсулот дохилии Тоҷикистонро ташкил  медиҳад. Вале дар ин миён маблағе, ки бо худ меоваранд ва ё тӯҳфаҳо мехаранд аз ин ҳисоб ҷудо аст, ки ба гуфтаи огоҳони умур, аз ин маблағ бештар мебошад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 student 09.11.2012 23:04
Мо албатта давлати соҳибихтиёр ҳастем.dar tuli torixi chand hazor solai tojik dida nashudaast ki tojikon bar kase sar xam karda va avf xosta boshand vale holo bibined ki baroi yak lugma noni kok baroi hamai jahon sar xam karda va hozirand ghulomii onhoro kunand vogean tuf barin hukumat va hukumat doron ki mardumi bechorai moro ba in vaziat giriftor kardaand. umedvoram inho dar tarixi sarbalandi tojikon sabt nashavad vale sad hayf ki meshavad. afsus. afsuuuuuuuuuuuu uuuuus.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi