18:56:31 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОСТОНИ ҒАМАНГЕЗИ ЯК МУҲОҶИРИ БЕМОР

Дар шаҳри Маскав, Суҳроб Гулов, як муҳоҷири кории тоҷик бо сарнавишти ғамангезе дучор шудааст ва хешовандонаш худро ба ҳар дар мезананд, то ӯро ба ватан бифиристанд.

/images/stories/2012/11/03_muhojirat-31112.jpgРӯзи панҷшанбе ин сокини 33-солаи Қӯрғонтеппаро, ки гирифтори бемории инсулт ва ё хунрезии мағзӣ шудааст, ба фурудгоҳ оварда ва хостаанд ба Душанбе бифристанд, аммо намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ бо назардошти бемории Суҳроб, ба ӯ иҷозаи парвозро надодаанд.

Шералӣ Сафаров, тағои Суҳроб Гулов, ки зимни сӯҳбат бо мо гиря мекард, гуфт, дар бемористони Старий Химки, ки хоҳарзодааш табобат мегирифт, ба ӯ гуфтанд, ки бемори Суҳроб ҷиддист ва бояд ӯро муддати тӯлонӣ табобат кунанд, ки ин шароитро шифохонаи онҳо надорад.

Табибони рус санаде дар бораи вазъи Суҳроб Гулов додаанд, ки то дар фурудгоҳ ба онҳо иҷозаи парвоз бидиҳанд, аммо табибон гуфтаанд, бо ҳоле, ки Суҳроб Гулов дорад, наметавонад то ним соат дар ҳавопаймо парвоз кунад, зеро хатари бадтар шудани вазъи сиҳатии ӯ ва ё ҳатто марг ҳам вуҷуд дорад.

Суҳроб Гулов, ки дар сохтмоне дар Маскав кор мекардааст, ду ҳафта пеш ба хунрезии мағзӣ гирифтор шуда ва тайи ду ҳафта дар шифохонаи Старий Химки табобат гирифтааст. Шералӣ Сафаров, сокини ноҳияи Ҷомӣ ба мо гуфт, ки ҳоло ӯ фалаҷ аст ва ба сахтӣ ҳарф мезанад ва баъди аз фурудгоҳ баргардонданаш ба бемористон, табибон ӯро танҳо бо ин шарт қабул кардаанд, ки фақат то се рӯз метавонад, дар ин ҷо бимонад. Дигар шарт ин аст, ки барои табобати ӯ рӯзона тақрибан 60 доллар лозим мешавад, ки ба гуфтаи Шералӣ Сафаров, музди кори чандмоҳаи ӯ барои пардохтани ин маблағ кофӣ нест.

Абдулло Давлатов, табиб ва як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба мо гуфт, ки Шералӣ Сафаров ба онҳо низ муроҷиат кардааст ва яке аз роҳҳое интиқоли Суҳроб Гулов ба Тоҷикистон аробаи маъюбист, ки мумкин аст, аз ҳамин роҳ ба онҳо иҷозаи парвоз бидиҳанд. Аммо боз ҳам муқаррароте ҳаст, ки шояд монеъи бурдани муҳоҷири бемори тоҷик ба ватанаш шавад, аз ҷумла баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷоза медиҳанд, танҳо як нафарро бо аробаи маъюбӣ қабул мекунанд. Суҳроб Гулов, падари 6 фарзанд сокини рустои Озодии меҳнат дар наздикии Қӯрғонтеппа аст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мо гуфтанд, ки ба мушкили Сӯҳроб Гулов расидагӣ хоҳанд кард, то бубинанд, аз чӣ роҳе метавонанд, ин масъаларо ҳал намоянд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi