БАРРАСИИ ТАРҲИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ» КАЙ БА ОХИР МЕРАСАД?
Тарҳи қонуни «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» 2 сол боз инҷониб дар ҳоли таҳияву баррасӣ қарор дорад, ки ахиран ба дарозо кашидани баррасии ин лоиҳа боиси нигаронии бархе аз соҳибназарон гардид.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива плюс» дар сӯҳбат ба хабарнигори Рӯзгор аз ба таъхиргузории ин қонун изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар гуна қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони хуб бошад, онро давоми 3-4 моҳ омода кардан мумкин. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, азбаски ӯ дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур аъзои гурӯҳи корӣ нест, бино бар ин сабаби аслии то ин дараҷа ба дарозо кашидани қабули онро намедонад.
Ба гурӯҳи корӣ дар баррасии қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, намояндагони дастгоҳи раисҷумҳри кишвар ва ҳуқуқшиносони баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомиланд. Бархе аз коршиносон дуру дароз идома ёфтани баррасии тарҳи мазкурро ба ғайрикасбӣ будани аъзои гурӯҳи корӣ рабт медиҳанд.
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, хоҳиши онро дорад, ки лоиҳаи мазкур ҳар чӣ зудтар қабул гардад: «Вақте мо дар ҷаласаи Швейсария будем он ҷо низ ҳамин масъала бардошта шуд, он ҷо низ пурсон шуданд, ки чаро ин дер қабул шуда истодааст. Масалан ҳар қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони касбӣ бошад имкони зуд қабул кардани он вуҷуд дорад . Ҳоло он ки инҳо референдум накарданд, масалан аз мардум чизе напурсиданд, ки барои ҷамъ кардани он дер шавад. Фикр мекунам, хеле дер шуда истодааст ва хуб мешавад ҳар чӣ зудтар қонуни мазкур қабул гардад».
Бояд зикр намуд, тарҳи қонуни мазкур аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, феълан миёни аъзоёни гуруҳи корӣ дар ҳоли баррасист.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»