21:34:10 15-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ БОТ ДАР БОРАИ АФЗОИШИ МУҲОҶИРАТ

Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) аз афзоиши муҳоҷират дар кишварҳои осиёӣ дар асари паёмадҳои тағйироти иқлимӣ ҳушдор додааст. Ин бонк дар гузорише тоза ба кишварҳои қораи Осиё ва Уқёнусия тавсия карда, ки худро дар баробари афзоиши ҷиддии ҷараёни муҳоҷират, ки ношӣ аз паёмадҳои тағйироти иқлимист, омода кунанд.

 

bank adbДар баёнияи матбуъотии БОТ, ки рӯзи 7 феврал мунташир шуд, омадааст: ӯфону гирдобҳои зиёнбор, селу обхезӣ ва хушксолӣ мардуми бештареро ба муҳоҷират водор мекунанд. Танҳо дар як соли гузашта обу ҳавои бад милюнҳо нафарро дар Молезӣ, Покистон, Чин, Филипин ва Сри-Лонко водор кардааст, ки макони будубоши доимии худро иваз кунанд."

 

Ин бонк дар гузорише, ки қарор аст дар авоили моҳи оянда мунташир шавад, мегӯяд, ки раванди муҳоҷиршавии мардум дар даҳсолаҳои оянда шиддат хоҳад гирифт, зеро тағйироти иқлимӣ мунҷар ба боз ҳам бадтар шудани вазъи обу ҳаво хоҳад шуд.

 

Дар гузориши Бонки Осиёӣ омадааст: "Ҳеч меконисми байналмилалии ҳамкорӣ барои мудирияти равандҳои муҳоҷират ва ҳимоят аз муҳоҷирон эҷод нашуда ва барномаҳои кумак ба муҳоҷирон то ҳол нокофӣ, ба таври дуруст ҳамоҳангнашуда ва пароканда боқӣ мондаанд. Давлатҳо ва ҷомеъаи абйналмилалӣ бояд фавран ва фаъъолона ин масъаро ба баррасӣ бигиранд."

 

Ба гуфтаи коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Тавсеъа, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо бештарин зиёни ворида аз тағйироти иқлимӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи онҳо, обшавии сареъи пиряхҳо ё яхчолҳои табиъӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон мунҷар ба афзоиши селу обхезӣ, хушксолӣ ва камбуди шадиди об дар минтақа хоҳад шуд, ки ин амр ба навбаи худ зиндагии милюнҳо хонавода дар ин кишвари фақирро таҳти таъсир хоҳад гузошт.

 

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, қаблан Бонки Осиёии Тавсеъа эълом карда буд, ки барои омодагии Тоҷикистон дар баробари паёмадҳои тағйироти ҷаввӣ тарҳеро дар ин кишвар ба мавриди иҷро гузоштааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/4371-hushdori-bot-dar-borai-afzoishi-muhojirat.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854