07:10:45 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АФЗОИШИ ҲАМАЛОТИ НАЖОДПАРАСТОН ДАР РУСИЯ

Дар остонаи рӯзи мавлуди Ҳитлер мавориди ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпарасти Русия ба атбоъи тоҷик афзоиш ёфтааст. Тибқи итилоъи хабаргузориҳои Русия, рӯзи шанбеи гузашта, 18 апрел, як табаъаи 38-солаи тоҷик дар назди сохтмони додситонии минтақаи Бутирскаяи шаҳри Маскав аз сӯйи гурӯҳе аз сартосони рус ба қатл расидааст. Ин табаъаи тоҷик, ки дар як ширкати сохтмонӣ дар Маскав кор мекард, талош кардааст, ки аз дасти сартосон наҷот ёбад ва ба сохтмони додситонӣ фирор кардааст.

Вале се тан аз сартосон, ки гуфта мешавад узви як гурӯҳи нажодпарасти рус будаанд, шаҳрванди Тоҷикистонро дар муҳавватаи сохтмони додситонии Бутирская дастгир карда ва ҳашт зарби чоқу бар тани ӯ ворид кардаанд. Дар натиҷа, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст додааст.

Як рӯз пеш аз ин, 17 апрел, расонаҳои Русия хабар доданд, ки як табаъаи 37-солаи дигари тоҷик дар хиёбони "Шастсолагии Инқилоби Октябр", дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав, машғули тармими сохтмоне будааст, ки мавриди ҳамлаи сартосон қарор гирифтааст.


Ба навиштаи хабаргузориҳо, ду ҷавони 18-солаи рус ба ин шаҳрванд, ки аз ӯ Собир Х. ном бурда мешавад, чаҳор зарби чоқу зада ва аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд. Шоҳидони айнӣ омбулонсро даъват кардаанд ва табаъаи тоҷик ба бемористон мунтақил шудааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба бозрасон дар бораи афроде, ки ҳамла карданд, баёнот додааст ва маъмурони пулис тавонистаанд сареъан ду фарди мазнун дар ин ҳодисаро боздошт кунанд.


Дар ҳамон рӯз як гурӯҳи нажодпарасти рус дар шарқи шаҳри Маскав боз ба ду табаъаи тоҷик ҳамла кардаанд, ки дар ин ҳодиса як ҷавони тоҷик ҷони худро аз даст додааст. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон Ромиш Бобоев ном дошта ва сокини шаҳри Хуҷанд буд, ки дар донишгоҳе дар Маскав таҳсил мекард.


Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Додситонии нақлияи Русия эълом карда буд, ки як табаъаи тоҷик ба иттиҳоми қатли се узви гурӯҳҳои нажодпараст ё ба истилоҳ "скинҳедҳо" мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст.


Тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 28-уми марти соли 2008 дар истгоҳи қатори Голутвини шаҳри Коломнаи вилояти Маскав шоҳиди ҳамлаи гурӯҳе аз сартосон ба як табаъаи тоҷик шудааст. Ин мард тавонистааст ҳамватани худро наҷот дода ва ҳамзамон се сартосро ба зарби ҷоқу аз пой дароварад. Дар ин ҳодиса се скинҳед ҷони худро аз даст додаанд.


Тибқи иттилоъи манобеъи Додситонии Русия, мумкин аст, ки шахси мазнун дар ин ҳодиса ба Тоҷикистон паноҳ бурда бошад ва ба ин далел онҳо аз мақомоти тоҷик барои боздошти вай дархости кумак кардаанд.


Вале ҳатто дар сурати боздошти вай, ин шахс эҳтимолан ба Русия мустарад нахоҳад шуд. Зеро, тибқи қавонини Тоҷикистон, атбоъе, ки дар иртикоби ҷароиме дар хориҷ аз ин кишвар муттаҳам мешаванд, танҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон муҳокима ва муҷозот мешаванд.


Дар ҳамин ҳол, пулиси Маскав эълом кардааст, ки аз ҳар гуна тазоҳуроти нажодпарастон дар рӯзи мавлуди Ҳитлер, ки бо 20 апрел мусодиф аст, ҷилавгирӣ хоҳад кард.


Ин дар ҳолест, ки бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои нажодпарасти Русия аз эҳтимоли вуқӯъи чунин ҳаводис ҳушдор дода, ҳамзамон масъулияти онро аз дӯши худ соқит кардаанд.


www.bbc.co.uk/tajik

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi