23:35:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУҲОҶИРЗАНОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Намояндагони созмонҳои мардумниҳод ва давлатии Тоҷикистон ва Русия дар як мизи гирд дар Маскав масоили муҳоҷирати кории занони тоҷик дар Русияро баррасӣ карданд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Дурнамо+”, гуфт, мақсади аслии ин нишаст омӯзиши мушкилоти занҳои муҳоҷир аз Тоҷикистон аст, чунки солҳои ахир шумораи онҳо хеле зиёд шудааст ва мушкилоти бисёре ба вуҷуд омадааст. Хонум Бобоназарова аз нақзи ҳуқуқи инсонӣ ва коргарии занони муҳоҷир изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бештари муҳоҷирзанон дар Русия камарзиштарин корҳоро анҷом медиҳанд. 

Вай афзуд, “аслан занҳое меоянд, ки худро ҳимоя карда наметавонанд. Вақте ки аз ин ҷо мераванд, он мардҳое, ки дар ин ҷо бо онҳо зиндагӣ мекарданд, ба онҳо алимент намедиҳанд”.

Коршиносони маркази “Муҳоҷират ва қонун” (Бунёди “Тоҷикистон”) мегӯянд, ки дар панҷ моҳи соли равон беш аз 100 мавриди бадрафтории корфармоён бо занҳои муҳоҷирро баррасӣ кардаанд. Аз он ҷумла корфармоён музди кори беш аз 40 занро пардохт накардаанд ва 7 нафар зану духтарро дар як коргоҳи дӯзандагӣ ғуломвор кор мефамудаанд. 

Бо таваҷҷӯҳ ба ин маворид, ширкаткунандагони ин мизи гирд қарор доданд як созмони мардумниҳод барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи занони муҳоҷир таъсис диҳанд.

Дар ин нишаст, ки бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода» баргузор шуд, намояндагони созмонҳои мардумӣ ва ниҳодҳои кишварии тоҷикӣ, аз ҷумла созмони “Дурнамо+”, Иттиҳодияи ҳуқуқдонони зани Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон, Кумитаи занон ва хонавода дар ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳову ниҳодҳои русӣ, аз ҷумла Бунёди “Тоҷикистон”, созмонҳои муҳоҷирони тоҷики Маскав, Калининград ва Тотористон ва Хадамоти муҳоҷиратии Русия ширкат карданд.

Натиҷаи нишасти коршиносон тасвиби чанд тавсия буд, ки барои баррасӣ ва арзёбӣ ба созмонҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Русия пешниҳод хоҳанд шуд. Чунончӣ пешниҳод шуд, ки марказҳое барои ёрирасонӣ дар умури ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва башарӣ таъсис дода шаванд ва омори муҳоҷирати занон дар як марказ ё ниҳод гирдоварӣ ва таҳлилу баррасӣ шавад. 

Коршиносон умедворанд, ки амалисозии ин пешниҳодҳо барои танзими муҳоҷрати занон, беҳбуди вазъи занони муҳоҷир ва пуштибонӣ аз ҳуқуқи модар ва кӯдак дар Русия мусоидат хоҳад кард.

Умеди Ҷайҳонӣ, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi