05:47:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

ҲАЛОКАТИ СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

 

 Фурӯ рехтани як сохтмон дар хиёбони Садоническая набережная дар маркази Маскав ҷони се нафар муҳоҷири коргарро гирифт. 

Шоми чаҳоршанбе як девори ин сохтмон фурӯ рафт ва муҳоҷироне ки дар таҳхона машғули корҳои сохтмонӣ буданд, зери шикасту рехти он монданд. Дар натиҷа 9 нафар зиён диданд ки аз он ҷумла 3 нафар кушта ва 6 нафар дигар захмӣ шуданд. Се нафар аз захмиёнро дишаб имдодгарон аз зери сохтмони фурӯрехта берун оварданд.

Дар ин сохтмон камобеш 40 муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон кор мекардаанд. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон дар Русия ба радиои “Озодӣ” хабар дод ки як нафар аз ин ҷонбохтагон шаҳрванди Тоҷикистон буда ва ҳуввияти ду нафари дигар ҳануз маълум нашуда аст. Масъулини ин намояндагӣ ҷузъиёти воқеаро пайгирӣ доранд. 

Ҳамзамон Созмони муҳоҷиратии Русия (СМР) беш аз 30 муҳоҷири тоҷик ва узбакро дасгир кардааст ки дар ҳамин сохтмон бе иҷозаи расмӣ кор ва иқомат доштаанд. Бино бар гуфтаи сухангӯи СМР Залина Корнилова, ин муҳоҷирон ки теъдодашон 33 нафар эълом шудааст, ба зудӣ аз Русия ихроҷ карда хоҳанд шуд. 

Сохтмони фурӯрехта дар солҳои 1930 сохта шуда ва то чанд сол пеш дар он пажӯҳишгоҳе ҷой дошта аст. Соли гузашта онро як ширкати хусусӣ харида ва шурӯъ ба навсозӣ кардааст. Корҳои тармим ва бозсозӣ дар ин сохтмон бе иҷозаи расмии шаҳрдории Маскав сурат гирифтаанд. Макомоти Маскав тасмим гирифтанд, ин биноро комилан тахриб кунанд.

Умеди Ҷайҳонӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi