21:29:58 01-уми Июни 2025 сол

НОМАИ МУДОФЕЪОНИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ РУСИЯ БА РАҲМОН

Мудофеъони ҳуқуқи башари исломии Русия аз Президент Раҳмон барои расидагӣ ба ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дархости кумак кардаанд.

 

Дар номаи саркушодаи Газалия Куканшоев, раҳбари Маркази ҳифзи ҳуқуқи исломии Русия, унвонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки вазъи ногувори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар онҳоро водор кардааст, ки аз оқои Раҳмон дархости кумак кунанд. Дар матни ин нома, ки дар сойти интернетии Islamnews мунташир шудааст, гуфта мешавад, ки ҳамарӯза теъдоди зиёде аз атбоъи тоҷик дар Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба ин марказ муроҷеъа мекунанд.

 

Оқои Куканшоев аз ҷумла менависад: “Ҳудуди даҳ сол аст, ки якҷо бо ҳамкасбонам машғули дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон ҳастам. Дар миёни ин афрод теъдоди муҳоҷирон, аз ҷумла атбоъи Тоҷикистон, зиёд аст.” Муаллиф афзудааст, ки тақрибан ҳамарӯза ба ин марказ нафароне муроҷеъа мекунанд, ки то ним сол маъоши худро аз корфармоён наметавонанд дарёфт кунанд.

 

Дар номаи худ оқои Куканшоев ҳамчунин гуфтааст: “Инҳо нафарони заҳматкаше ҳастанд, ки аз сартосони рус (скинҳедҳо) азият мебинанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки муқаррароти қонунҳоро риъоят мекунанд, вале аз сӯйи маъмурони интизомӣ танҳо барои ранги рӯй ва тарҳи чашмони худ азият мебинанд.”

 

Ба навиштаи оқои Куканшоев, онҳо ҳамчунин барои интиқоли аҷсоди муҳоҷирони тоҷик ба ватан мусоъидат мекунанд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, танҳо дар соли ҷорӣ барои дархости кумак ҳудуди 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин марказ муроҷиъа кардаанд.

 

Ин мудофеъи ҳуқуқи башари Русия далоили муроҷеъаи худ ба Президент Раҳмонро чунин тавзеҳ додааст: “Чун бисёре аз афроде, ки ба мо муроҷеъа мекунанд, атбоъи Тоҷикистон ҳастанд, танҳо бо мусоъидати Шумо мо метавонем ин вазъро тағйир бидиҳем. Зеро, бисёре аз ҳамватанони Шумо дар Русия ба сар мебаранду дар ин ҷо шуғл пайдо мекунанд.”

 

Газалия Куканшоев ба оқои Раҳмон пешниҳод кардааст, ки як ситоди муштарак барои кумак ва мусоъидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсис дода шавад. Ба эътиқоди ин мудофеъи ҳуқуқи башар, бидуни мусоъидати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли ин мушкил ғайримумкин будааст.

 

Зимнан, ба навиштаи сойти интернетии Islamnews, Маркази ҳифзи ҳуқуқи исломии Русия аз пуштибонии рӯҳониёни ин кишвар, аз ҷумла, Нафигулло Аширов, яке аз руасои Шӯрои муфтиҳои Русия ва ҳам аз сӯйи мусалмонони ин кишвар бархурдор аст. Ин созмон панҷ сол қабл аз сӯйи чанд мудофеъи ҳуқуқи башари Русия таъсис дода шудааст.

 

Ин дар ҳолест ки пажӯҳишҳои коршиносон ҳокист, ки дар як соли ахир ба изофаи мушкилоти дигари муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиши мавориди напардохтани маъоши онҳо мушоҳида мешавад. Гуфта мешавад, ки ба ин далел дар соли ҷорӣ ҳудуди панҷоҳ дарсади муҳоҷирони мавсимии тоҷик натавонистаанд аз Русия ба ватан бозгарданд.

 

Аз сӯйи дигар, танҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 590 шаҳрванди ин кишвар интиқол дода шудааст. Гуфта мешавад 6 нафар аз онҳо аз сӯйи сартосон ба қатл расидаанд. Дар соли 2008 аз Русия ба Тоҷикистон 731 ҷасади атбоъи тоҷик мунтақил шуда буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/1399-nomai-mudofeoni-hukuki-bashari-russia-ba-rahmon.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854