КОҲИШИ МИЗОНИ ҶАЛБИ НЕРӮИ КОРИИ ХОРИҶӢ
Давлати Русия эълом кардааст, ки дар соли оянда теъдоди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷиро дар қаламрави худ то ду баробар коҳиш хоҳад дод. Қарор аст, дар соли 2010 давлати Русия танҳо ба ҷалби як милюну 940 ҳазор коргари хроиҷӣ иҷоза бидиҳад.
Ҳамзамон давлати Русия дар садад аст аз вуруди теъдоди бештари муҳоҷирон ҷилавгирӣ накунад. Ба гуфтаи масъулони намояндагии Идораи муҳоҷирати федероли Русия дар Тоҷикистон, ин ниҳод қасд дорад аз соли оянда ба он идда аз муҳоҷироне, ки дар бахши хусусии ин кишвар фаъолият мекунанд, муҷаввизи кор бидиҳад. Ба ин тартиб, як милюну 940 ҳазор коргари хориҷӣ метавонанд дар корхонаву муассисоти давлатӣ кор кунанд, вале барои бахши хусусӣ маҳдудияте роҳандозӣ намешавад.
Манобеъи намояндагии Идораи муҳоҷирати федероли Русия дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар гузашта саҳмия барои ҳар як кишвари содиркунандаи нерӯи кор ба Русия муқаррар мешуд. Ҳамакнун чунин наҳваи ҷалби нерӯи кори хориҷӣ ба Русия лағв шуда, саҳмияҳо ба манотиқи мухталифи ин кишвар барои ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ иттихоз мешаванд.
Масъулони намояндагии Идораи муҳоҷирати федероли Русия дар Тоҷикистон афзуданд, ки дар гузашта онҳо барои танзими фаъолияти муҳоҷироне, ки дар бахши хусусии ин кишвар кор мекарданд, бо душвориҳое рӯбарӯ буданд.
Ҳамакнун бо роҳандозии ироаи муҷаввиз барои чунин гурӯҳи муҳоҷирони кории хориҷӣ ин мушкил низ рафъ хоҳад шуд. Дар соли ҷорӣ, масъулони ширкатҳои хусусӣ, ки бидуни саҳмия ва муҷаввиз атбоъи хориҷиро барои кор истихдом мекарданд, ба маблағҳои зиёд ҷарима мешуданд.
Ин амр дар фаъолияти бахши умдаи муҳоҷирон, аз ҷумла атбои тоҷик, мушкилотеро дар пай дошт. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ теъдоди зиёде аз муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ҳуқуқи худро аз соҳибони ширкату корхонаҳои хусусӣ дарёфт кунанд. Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, ба ин далел дар соли ҷорӣ ҳудуди 50 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик натавонистаанд аз Русия ба ватан бозгарданд.
Зеро, муҳоҷирон дар пайи тарс аз ихроҷ ё депурт шудан аз муроҷиъа ба ниҳодҳои интизомӣ ва ё додситонӣ барои дарёфти ҳуқуқи худ сарфи назар мекунанд. Қавонини Русия барои фаъолияти бидуни муҷаввизи муҳоҷирони хориҷӣ ҷарима ва депуртро муқаррар кардааст.
Бо ин вуҷуд, манобеъи Русия изҳор доранд, ки дар соли ҷорӣ муҳоҷирони тоҷик барои бароварда сохтани ниёзи хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон ҳудуди ду милёрд дулор интиқол додаанд. Дар соли 2008 муҳоҷирони тоҷик тавонистаанд ба ватан ҳудуди дувуним милёрд дулор интиқол бидиҳанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли ҷорӣ беш аз сӣ дарсад бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи теъдоди атбои тоҷик, ки дар Русия машғули кор ҳастанд, иттилоъи дақиқе вуҷуд надорад. Давлати Тоҷикистон иддаъо дорад, ки дар чанд соли ахир ҳудуди шашсад ҳазор атбои тоҷик барои дарёфти кор ба Русия сафар мекунанд. Вале манобеъи мустақил ин рақамро болиғ бар як милюн нафар аз ҷамъияти беш аз ҳафт милюннафарии Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/1367-kohishi-mizoni-jalbi-nerui-kori-khoriji.html