21:13:04 01-уми Июни 2025 сол

ҲАЗОР ҶОЙИ КОРИ ХОЛӢ ДАР НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ

Наздик ба ҳазор ҷойи кори холӣ дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд дорад, ки то ҳол касе нахостааст дар ин симатҳо ифои вазифа кунад. Ин дар ҳолест ки дар Тоҷикистон бист ҳазор ҷойи кор дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд дошта ва мизони мутавассити ҳуқуқ дар онҳо 522 сомонӣ ё муъодили 118 дулор арзёбӣ мешавад.

 

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки яке аз омилҳои камтаваҷҷуҳии мардум барои дарёфти ҷойи кор дар ниҳодҳои давлатӣ мизони пойини ҳуқуқ ё маъоши моҳиёна будааст. Ҷумъа Давлатов, раиси Идораи хидмати давлатии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 18 декабр, ба Би-би-сӣ гуфт, ки теъдоди ҷойҳои кори холӣ дар ниҳодҳои давлатии ин кишвар дар муқоиса бо авоили имсол андаке афзоиш ёфта ва ҳоло ба 997 ҷойи корӣ расидааст.

 

Оқои Давлатов афзуд, ки вуҷуди ин миқдор ҷойҳои кории холӣ нигаронкунанда нест. Зеро дар маҷмӯъ ин миқдор ҷойи кор ҳудуди панҷ дарсади симатҳои давлатиро ташкил медиҳад ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ин рақам маъмулӣ маҳсуб мешавад. Вай афзуд, ки бештари ҷойҳои кори холӣ дар ниҳодҳои Вазорати молия ё дороии Тоҷикистон сабт шудаанд. Гузашта аз ин, бархе дигар аз ҷойҳои кории холӣ дар манотиқи дуруфтодаи кишвар вуҷуд доранд.

 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Ҷумъа Давлатов, дар системи хидмати давлатӣ ҳамвора раванди тағйири симати кормандон ва ё бознишаста шудани онҳо идома дорад, ки ин амр низ ба вуҷуди ҷойҳои кории холӣ мунҷар мешавад. Аз сӯйи дигар, оқои Давлатов гуфт, ки пойин будани мизони ҳуқуқи мутахассисjни сатҳи пойин ё миёнаи ниҳодҳои давлатӣ ба камтаваҷҷуҳии мардум ба кор дар ин симатҳо мунҷар мешавад.

 

Ба унвони мисол, оқои Давлатов гуфт, ки ҳоло ҳуқуқи мутаваcсит дар системи хидмати давлатӣ 522 сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, ҳуқуқи раҳбарон ё мақомоти аршад дар ниҳодҳои давлатӣ чандон пойин нест. Ба унвони мисол, ҳоло ҳуқуқи вазир ва раҳбарони дигар дар ҳамин сатҳ, як ҳазору ҳафтсад сомонӣ аст. Вале бо дарназардошти изофапулиҳо вазирон моҳе то дуву ним ҳазор сомонӣ ё беш аз 550 дулор ҳуқуқ дарёфт мекунанд.

 

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ мизони ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон ҳудуди 60 дулор арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи соҳибназарон, мизони пойини ҳуқуқ дар ниҳодҳои давлатӣ ба густариши фасод ва ришваситонӣ дар миёни кормандони давлатии Тоҷикистон мунҷар мешавад. Зимнан, Тоҷикистон дар гузориши созмони Шаффофияти Байналмилалӣ аз ҷумлаи кишварҳои аз ҳама бештар фасодзада хонда шудааст.

 

Ҷумъа Давлатов мегӯяд, ки ба манзури боло бурдани ҳуқуқи кормандони ниҳодҳои давлатӣ, иҷрои чанд тарҳе рӯйи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, қарор аст дар соли оянда ба сурати озмоишӣ пардохти ҳуқуқи кормандони бархе аз вазоратхонаҳову идораҳои Тоҷикистон ба шеваи ҷадиде сурат бигирад.

 

Дар чунин сурате, маъош ё ҳуқуқи кормандон ба таври қобили мулоҳизае боло хоҳад шуд. Дар сурати муваффақ будани ин таҷруба, чунин низоме дар фаъолияти ниҳодҳои дигар низ роҳандозӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки мизони пойини ҳуқуқ на танҳо мушкили Идораи хидмати давлатӣ, балки бахшҳои дигари иқтисоди Тоҷикистон низ ҳаст.

 

Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки дар ду соли ахир дар ин кишвар ҳудуди 150 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис шудааст, вале танҳо ҳудуди 35 ҳазор нафар ҳозир шудаанд дар ин симатҳо кор кунанд. Бахши аъзаме аз сокинони Тоҷикистон ҳамчунон муҳоҷирати корӣ ба Русияро бар дарёфти иштиғол бо ҳуқуқи андак дар дохили кишвар тарҷеҳ медиҳанд.

 

Искандари Фирӯз, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/1352-hazor-joii-kori-kholi-dar-nihodhoi-davlati.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854