БОЗГАШТИ КАМТАРИ МУҲОҶИРОН БА ВАТАН
Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе натоиҷи пажӯҳише дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Свердловски Русия баррасӣ шуд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳудуди 50 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик ба далели дарёфт накардани ҳуқуқ ё маъоши худ натавонистаанд аз Русия ба ватан бозгарданд. Шарофат Усмонова, муъовини раиси идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 16 ноябр дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар зимистони соли ҷорӣ 281 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ин кишвар бозгаштаанд.
Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи хонуми Усмонова, теъдоди муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар давраи мушобеҳ дар соли гузашта беш аз 450 ҳазор нафарро ташкил дода буд. Дар ин ҳамоиш, ки натоиҷи пажӯҳише дар бораи вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Свердловски Русия баррасӣ шуд, Михаил Вандишев, устоди Донишгоҳи Уроли Русия ва пажӯҳишгари масоили муҳоҷират, вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин вилоятро нигаронкунанда арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи вай, бештари корфармоёни Русия бо баҳонаи буҳрони ҷаҳонии молӣ муддати пардохти ҳаққуззаҳмаи муҳоҷиронро ба таъвиқ андохта ва ҳатто аз падохти маъоши ин афрод худдорӣ мекунанд. Оқои Вандишев гуфт, ки муҳоҷирони кории тоҷик умдатан аз азияту озор ва тамаъҷӯйии пулису кормандони идораи муҳоҷирати Русия, бад будани шароити кору зиндагӣ ва таҳқиру бадгӯйиҳои мардуми бумӣ шикоят мекунанд.
Ӯ афзуд, ки дар солҳои ахир дар канори афзоиши ҳамалоти миллатгароён ва бегонаситезҳои рус ба муҳоҷирон мавориди таҳқир ва бо алфози бади “чурки”, “хачики”, “чернота” ва “нерусская рожа” ном бурдани онҳо дар ҷомеъаи Русия низ бештар шудааст.
Ширкаткунандагони ҳамоиш далели ин вазъро ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пойин будани сатҳи дониши ҳуқуқии муҳоҷирон ва хуб надонистани забони русӣ марбут хонданд. Гуфта мешавад муҳоҷирати ғайриқонунӣ мушаххас кардани теъдоди воқеъии муҳоҷирони тоҷик дар Русияро номумкин сохта ва иттихози тадобир барои таъмини ҳуқуқи онҳоро душвор сохтааст.
Оқои Вандишев мегӯяд, ки муҳоҷирон умдатан аз азияту озор ва тамаъҷӯйии пулису кормандони идораи муҳоҷирати Русия, бад будани шароити кору зиндагӣ ва таҳқиру бадгӯйиҳои сокинони маҳаллӣ шикоят мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Абдураззоқ Алимардонов, ҳамоҳангсози барномаҳои ҳуқуқии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистон, анҷоми пажӯҳиш дар мавриди вазъи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Свердловски Русия ва таҳияи гузориш дар ин заминаро як гоми муҳим барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон талаққӣ кард.
Зимнан, ин пажӯҳиш ба ибтикори созмони байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"-Сандуқи мадад дар Тоҷикистон, як муассисаи вобаста ба Сандуқи Сорос, ва аз сӯйи созмони ғайридавлатии "Маркази иттилоъотии байни миллатҳо"-и шаҳри Екатеринбург, маркази вилояти Свердловски Русия, анҷом шудааст.
Ба гуфтаи оқои Алимардонов, то ин муддат ҳар гоҳ ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар бораи мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия садо баланд мекарданд, ниҳодҳои зирабти Русия ин даъвоҳоро шифоҳӣ ва бидуни далел хонда ва аз баррасии онҳо худдорӣ мекарданд. Ҳамакнун ин гузориш бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва тоҷикӣ мунташир шуда ва ба идораҳои муҳоҷират ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари муқими Тоҷикистон ва ниҳодҳои зирабти Русия тавзеъ хоҳад шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/1329-bozgashti-kamtari-muhojiron-ba-vatan.html