Сабти 1238 муҳоҷир дар хонаи "резинӣ"-и як сокини Маскав
Додситонии пойтахти Русия парвандаи як сокини Маскавро, ки дар манзилаш 1238 муҳоҷири хориҷӣ, бо шумули садҳо муҳоҷири тоҷикро сабти ном кардааст, ба додгоҳ фиристод. Додситонии ҳавзаи маъмурии ғарбии шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини 46-солаи пойтахти Русия Сергей Дятловро ба додгоҳ фиристод.
Бино ба гузорише, ки рӯзи 9 сентябр дар сомонаи додситонии кулли Русия нашр шуд, ки Дятлов ба он айбдор мешавад, ки дар нимаи аввали соли равон дар манзилаш 1238 муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Украина ва Қирғизистонро сабти ном кардааст. Алайҳи Сергей Дятлов бар асоси моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия (сабти номи қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандӣ) парвандаи ҷноӣ кушодаанд.
Ин банди Кодекси ҷиноии Русия моҳи декабри соли 2013 илова шуда, барои сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси муҷозот ҷарима аз 100 000 то 500 000 рубли русӣ (муодили 2800-14000 доллар), ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 3 сол ва ҳатто то 3 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо дар шарҳи ин банд гуфта мешавад, ки агар нафари гунаҳкор ба тафтишот дар амри ошкор кардани ҷиноят ҳамкорӣ карда бошад, ӯро метавонанд аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунанд.
Тафтишот мегӯяд, Сергей Дятлов бо сарфи назари талаботи қонун сабти номи қалбакии муҳоҷирон дар манзилаш дар шаҳри Маскавро ба як манбаи даромади доимии худ табдил дода, танҳо дар ним сол – аз январ то июли соли 2014 – 1238 нафарро дар манзилаш сабти ном кардааст. Ба гуфтаи мақомот, Дятлов бо чунин рафтор дафтари маҳаллии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ноҳияи Внуковои шаҳри Маскав ва ниҳодҳои дигари масъулро аз имкони назорати ҷараёни сабти ном ва ҳаракати садҳо муҳоҷир дар қаламрави кишвар маҳрум кардааст.
Гуфта мешавад, ки Сергей Дятлов бо қарори додгоҳ то замони анҷоми муҳокимаи парванда аз ҳаққи тарки маҳалли зисташ маҳрум шудааст. Ҳамчунин додситонӣ аз додгоҳи ноҳияи Солнтсевои пойтахти Русия хостааст, то сабти номи 1238 шаҳрванди хориҷӣ дар манзили Дятловро бекор ва Хадамоти муҳоҷиратро муваззаф кунад, то ин муҳоҷиронро аз рӯйхати хориҷиёни сабтиномшуда берун биорад. Дар чунин сурат болои сари ин 1238 муҳоҷир таҳдиди ихроҷ аз қаламрави Русия соя хоҳад афканд.
Давлати Русия дар моҳи декабри соли 2013 дар Кодекси ҷиноияш тағйироте ворид кард, ки барои сабти номи қалбакии муҳоҷирон дар манзилҳои шаҳрвандони маҳаллӣ муҷозот таъин мекунад. Чунин манзилҳо, ки дар матбуот бо номи “хонаҳои резинӣ” маъруф шудаанд ва соҳибонашон дар ҳамдастӣ бо миёнаравҳо якбора даҳҳову садҳо муҳоҷирро сабти ном мекунанд, ба бовари мақомоти Русия, роҳро барои сели муҳоҷирони ғайриқонунӣҳамвор мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, танҳо дар соли 2011 беш аз 6000 манзиле кашф шудааст, ки дар онҳо ҳудуди 300 000 муҳоҷирро сабти ном карда буданд.
Талаби ташдиди сиёсати муҳоҷират аз ҷумла талабҳое буд, ки дар раҳпаймоиҳои гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия садо медод ва дар солҳои охир аксари сиёсатмадорони рус ба хотири касби овозҳои ин қишрҳо қартаи муҳоҷиратро ба як шиори умда дар корзори интихоботиашон табдил додаанд.
Дар соли 2012 раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ дар яке аз суханрониҳои пешазинтихоботиаш ба ин мавзӯъ дахл кард ва хостори мубориза бо хонаҳои "резинӣ" тавассути муҷозоти шадиди соҳибони чунин манзилҳо шуд. Ба дунбол, дар поёни соли 2013 тарҳи тағйироти марбута ба Кодекси ҷиноӣ аз сӯи ҳарду маҷлиси порлумони Русия тасвиб шуд. То он замон ба соҳибони манзилҳо дар Русия барои сабти номи муҳоҷирон аслан ҳеҷҷазое пешбинӣ нашуда буд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба дунболи ин тағйирот дар Кодекси ҷиноии Русия ҳанӯз дар моҳи январи соли равон ҳушдори расмиеро нашр кард, ки дар он аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дархост мешуд, то аз сабти номашон дар манзилҳои “машкук” худдорӣ кунанд. Гуфта мешуд, ки сабти ном дар чунин манзилҳо муҳоҷирони тоҷикро метавонад дучори мушкилоти ислоҳнопазире дар қаламрави Русия кунад ва ҳатто сабаби шомил шудани исми онҳо дар “рӯйхатҳои сиёҳ” ва ихроҷашон аз он кишвар шавад.
100 000 тоҷик дар "рӯйхатҳои сиёҳ"-и Русия
Бино ба ҳисоби ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 1,1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳо беш аз 4 миллиард доллар пул омадааст, ки баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин фақиртарин кишвари пасошӯравист. Русия дар пайи то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистон замони муҷози ҳузури бидуни сабти номи муҳоҷирони тоҷикро дар қаламраваш аз 3 рӯз то ба 15 рӯз расонд.
Вале ин кишвар ҳамчунон ба ихроҷи шаҳрвандони тоҷик бо ҷурми нақзи шароити кору иқомат дар Русия идома медиҳад. Вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағоева моҳи июл дар нишасти хабарие гуфт, шумори муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда аз марзи 100 000 гузаштааст. Коршиносони тоҷик мегӯянд, ин ба маъноест, ки 100 000 хонавода дар Тоҷикистон аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгорашон маҳрум шудаанд.
«Озодӣ»