14:44:06 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ному насаби ду муҳоҷири ҳалокшуда дар Челябинск маълум шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо такя ба иттилое, ки аз раиси ҷамъиятии тоҷикистониҳои вилояти Челябинск, ба даст овардааст, ному насаби ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин вилоят кушта шудаанд дақиқ намудааст.

migrants-6545485.jpgМуҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия  рӯзи 13-уми ноябр ба мо гуфт, ки сафорат бо такя ба иттилое, ки аз раиси ҷамъиятии тоҷикистониҳои вилояти Челябинск, Исломиддин Раҷабов дастрас намудааст, дақиқ намудааст, ки ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 12-уми ноябр дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шудаанд, яке Сангинбоев Абдуманон Шодимуродович, соли таваллудаш. 22-уми сентябри соли 1982 ва Мутрифов Сайриддин Сайфиевич, соли таваллудаш 21-уми ноябри соли 1990 будаанд. Аммо ба гуфти ҷаноби Эгамзод ҳануз ҷойи истиқомати ин нафарон дар Ватан ва ҷузъиёти дигари ин қазия маълум нест.

Айни замон кормандони масъули ҳам Хадамоти консулгарии сафорат ва ҳам консулгарии кишвар дар минтақа ба ин кор машғуланд. Бо дастрас шудани иттилои бештар аз ҷузъиёти ин ҳодиса иттилоъ дода мешавад.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13-уми ноябр ба мо гуфт, «субҳи имрӯз сафири кишварамон Абдулмачид Достиев ба масъулин дастур дод, ки ҳар чӣ зудтар бо мақомоти дахдлори вилояти Чиелябинск дар тамос бишаванд ва ҷузъиети бештареро дар робита ба ин ходисаи куштор, ки дар он ба қавле аломатҳои марги маҷбурӣ дида мешавад, руйи мизи ӯ гузоранд».

Ба гуфтаи ҷаноби Эгамзод, ҳамакнун Хадамоти консулии сафорат якҷо бо консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ карданд. Ин манбаъ афзуд, ки ҳамчунин ба раиси ҷамъияти тоҷикистониёни вилояти Челябинск дар тамос шуда, аз ӯ хоҳиш намудаанд, ки ба ин қазия расида намояд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Челябински Русия бо зарби корду табар ба қатл расидаанд. Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 13-уми ноябр дар торнамои худ хабар дод, ки рӯзи сешанбеи 12-уми ноябр дар кӯчаи Школнийи рустои Кайгородови ноҳияи Сосновскийи ин вилоят, ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо аломатҳои марги маҷбурӣ – зарбаҳои зиёди олотҳои бурранда, дарёфт кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса ду сокинин маҳаллиро бо гумони даст доштан дар қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ин ду шаҳрванди дастгиршуда қаблан доғи судӣ дошта, яке аз онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷамъоварӣ ва фурӯши оҳанпора машғул будааст. Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон хонаеро иҷора гирифта буданд ва бо ҷамъоварии оҳанпора машғул будаанд. Тибқи тафтишоти пешакӣ, қотилон барои дуздии оҳанпора ба макони зисти ин шаҳрвандони Тоҷикистон омада, дар хона соҳибони онро дида, ба муноқиша бархостаанд. Дар натиҷа ҳарду шаҳрванди Тоҷикистонро аввал бо корду табар зада, узвҳои баданашоро реза кардаанд.

Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон ва он ду қотили дастгиршуда гуфта нашудааст. Вале мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, тоҷикони ҳалокшуда яке 31-сола ва дигаре 22-сола мебошанд. Ду гумонбар ба қатли тоҷикон, яке 25-сола сокини вилояти Челябинск, дигаре 33-сола сокини вилояти Курганский будаанд, вале ному насаби онҳо то ҳол махфӣ нигоҳ дошта шудааст. Мақомоти Русия гуфтаанд нисбати ин ҳодиса бо ҷурми «куштори ду нафар» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ҳамасола ба Тоҷикистон садҳо тобути шаҳрвандони ин кишвар умдатан аз Русия ворид мешавад. Омори ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия сол ба сол дар ҳоли афзоиш аст.

Бино ба иттилоъи расмӣ, соли 2011 ба Тоҷикистон 636 ва соли 2012 - 730 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия интиқол ёфтааст. Дар нимсолаи аввали 2013 теъдоди тобутҳо 460 ададро ташкил дод. Танҳо ба фурудгоҳи байнулмалалии Хуҷанд дар 9 моҳи соли равон тобути 249 шаҳрванди Тоҷикистон, сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон аз Русия ба Хуҷанд интиқол ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi