13:56:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иҷозаи сесолаи кор барои муҳоҷирони тоҷик

Созишномаи иҷозаи кор ба муддати се сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ба имзо расид. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, роҳбарони хадамотҳои муҳоҷирати ду кишвар созшномаи иҷозаи кор ба муддати 3 сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро ба имзо расониданд. Ва ҳамчунин санади тамдиди мӯҳлати иқомати муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бидуни убури марзи кишвари сеюм ба даст омад.

sanadi-muhojirat-4585Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба мо гуфт, ки дар нимаи аввали ҳамин рӯз дар Маскав созишномаи иҷозаи кор ба муддати 3 сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро ба имзо расид. Зери ин созишнома сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев ва раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский имзо гузоштанд.

Санади мазкур барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тайи 3 сол дар қаламрави Русия фаъолияти корӣ дошта бошанд ва ин заминаро барои тамдиди муҳлати иқомати муваққатӣ дар қаламрави ин кишвар фароҳам хоҳад сохт.

То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон барои тамдиди иҷозаи кор як муддат аз сарҳади Русия убур карда ба Украина, Қазоқистон ё ба кишварҳои дигар гузашта, пас аз муддате боз баргашта иҷозаи кориро тамдид мекарданд.

Санадҳои мазкур бар асоси мемориандум оид ба густариш ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши муҳоҷират, ки 5 октябри соли 2012 ба имзо расида буд, ба даст омадааст.

Тибқи иттилои манобеи расмӣ, ҳамакнун дар Русия ҳудуди 800 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд, аммо созмонҳои байналмилалӣ, ки ба масоили муҳоҷират сару кор доранд, шумораи онҳоро аз як миллион бештар медонанд. Соли гузашта маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия наздик ба 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi