09:46:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28      

БА НОМИ ХУДОИ БАХШАНДАВУ МЕҲРУБОН!

Салому дуруд муштарии гиромӣ!
Инак, азизони дил, сомонаи мустақили ҷамъиятӣ- сиёсиву фарҳангии «Рӯзгор» пешкаши Шумо мешавад. Шояд аввалин суоле, ки бо кушодани ин сомона дар зеҳни Шумо пайдо бишавад, ин бошад, ки чаро «Рӯзгор»?

 

Калимаи рӯзгор дар фарҳангу луғатномаҳои форсиву тоҷикӣ яке аз сермаънотарин мафҳум ба шумор меравад. Нахуст он ба маънои зиндагӣ, ҳаёт, умр омадааст. Ба ёд биёрем шоҳбайти султони шоирони Аҷам устод Рӯдакиро:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.


Дар ҳамин маънӣ Саъдии ширинсухан гуфтааст:

Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахӯрӣ;
Бо фурӯмоя рӯзгор мабар,
К-аз наи бурё шакар нахӯрӣ.


Шайхи Аттор низ дар ҳамин маънӣ чунин мефармояд:

Рӯзгоре ба бӯи ӯ бурдам,
Рӯй нанмуду рӯзгорамро бурд.


Маънои дигари калимаи рӯзгор ин замон, айём, давр, муддати дароз, аср, мавсим, фасл; аҳд мебошад. Устод Рӯдакӣ калимаи рӯзгорро ба ҳамин маънӣ низ истифода бурдааст:

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.


Дар фарҳангу луғатномаҳо калимаи рӯзгор ба маънии толеъ, бахт, тақдир, қисмат низ омадааст. Чунончи дар ин байти Анварӣ рӯзгор ҳамин маъниро дорад:

Маъшуқа ба ранги рӯзгор аст,
Бо гардиши рӯзгор ёр аст.


Ба ҷуз он чи ки дар боло гуфтем дар адабиёти классикии мо рӯзгор ба маънои олам ва инчунин шуғлу пеша низ омадааст. Ҳамин тариқ калимаи рӯзгор ҳаддиақал панҷ маъноро ифода карда метавонад, яъне зиндагӣ, дунё, замон, тақдир ва пеша. Мо низ ба ин хотир ба сомонаи худ номи «Рӯзгор»-ро гузоштем то аз дунё бароятон бигӯем, то мову шумо дар маслиҳат ва ҳамбастагӣ роҳи боз ҳам беҳтари зиндагиро пайдо кунем, то баъдан изҳори надомат аз қисмати хеш накунем ва дар давру замона номи неке аз худ боқӣ бигузорем. Вале аз худ номи нек боқӣ гузоштан сахт вобастагӣ дорад ба он ки ба шуғлу пешаи худ чи гуна муносибат мекунем. Барои ҳамин ҳам суханро ба дарозо намекашему аз Худованди мутаъол «РӮЗГОР»-и хушеро барои ҳар яки мо талаб мекунем. Илоҳо, рӯзгори хушеро бароямон арзонӣ бидеҳ!

Аз рӯзгори хеш ба «Рӯзгор»-и хеш нависед.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi