22:55:43 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДУВВУМИН ИҶЛОСИ ИТТИҲОДИЯИ МАТБУОТ ВА ХАБАРГУЗОРИҲОИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон дуввумин Иҷлоси Иттиҳодияи матбуот ва хабаргузориҳои кишварҳои ҷаҳони ислом баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз қораҳои Аврупо, Осиё, Амрико ва Африқо ширкат варзиданд.Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байналмилалии журналистони кишварҳои ҷаҳони ислом Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ,таҳлилгари масоили сиёсӣ ва Султони Ҳамад, рӯзноманнгори мустақил, сардабири сомонаи «Рӯзгор» намояндагӣ карданд.

/images/stories/2012/12/07_1-namoishgoh-7122012.jpgЛозим ба ёдоварист, ки Иҷлоси нахустин ва ё таъсисии Иттиҳодияи матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом охири моҳи октябри соли 2011 дар Теҳрон баргузор гардида дар он 38 нафар аз мудирони аршади нашароти исломӣ ва 14 нафар аз мудирони хабаргузориҳои матраҳи ҷаҳони ислом узвияти худро дар ин Иттиҳодия эълон карда буданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 28-уми октябри соли ҷорӣ, ду рӯз қабл аз оғози дуввумин Иҷлоси Иттиҳодия, дар маҳали Мусаллои Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон Намоишгоҳи нуздаҳуми байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он вакилони Иҷлоси дуввуми Иттиҳодияи байналмилалии рӯзноманигорони ҷаҳони ислом ширкат карданд. Намоишгоҳи нуздаҳуми байналмилалии матбуот имсола таҳти шиори «Расона: каломи содиқона, нигоҳи мунсифона» як ҳафта ҷараён дошт.

/images/stories/2012/12/07_1-said-muhammad-hosaini-201.jpgДар маросими ифтитоҳии он Саид Муҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ суханронӣ карда аҷумла иброз дошт, ки дар намоишгоҳи имсола дар 830 ғурфа ё худ ҳуҷра 2380 нашрия ва расонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дастовардҳои худро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Дар бахши байналмилалии намоишгоҳ низ 50 ғурфа тарроҳӣ шуда буд, ки аз 30 кишвари ҷаҳон намоянда доштанд. Минҷумла мизбонон барои ҷумҳурии мо низ ғурфаеро ҷудо карда буданд. Вале ба сабаби кӯтоҳиҳое, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва тарҳрезии сафари намояндагони Тоҷикстон рух дода буданд, дар аввал кори он чандон фаъол набуд.

Гап дар сари он аст, ки вакилони Тоҷикистон асосан барои ширкат дар Иҷлосияи Иттиҳодияи матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом даъват шуда буданд ва онҳо бо худ маводи заруриро барои дар намоишгоҳ гузоштан набурда буданд. Айнан бо чунин мушкилот намояндагони кишварҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Арманистон, ҳатто Ироқу баъзе кишварҳои дигари арабӣ дар ин сафарашон рӯ ба рӯ буданд.

/images/stories/2012/12/07_3-istiqbal-2012.jpgВале бояд гуфт, ки бо кӯмаки сафоратхонаҳои худ дар Теҳрон, бо дастгирии мизбонон, истифода аз шабакаи байналмилалии Интернет ва дигар воситаҳои техникӣ, азҷумла видеосидиҳо, то ҳадди имкон фаъолияти ин ғурфаҳо ба роҳ монда шуд. Банда барои ҳадя кардан ба дӯстони навам чанд адад китобҳои ба нашррасондаам ва маҷаллаҳоеро, ки дар онҳо мақолаҳоям ба табъ расида буданд, азҷумла чанд шумораи маҷаллаи адабӣ -бадеии вазорати фарҳанги ҶТ барои ҷавонону наврасон «Истиқбол»-ро, бо худ бурда будам ва онҳоро низ ба маърази тамошо гузоштем.

Аз дастгирии корманди сафорати Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Икромиддин Неъматов миннатдорем. Дар омади гап мегӯем, ки дар соатҳои фориғ аз ҷаласаҳои Иттиҳодия ва дигар чорабиниҳо Рашид Ғанӣ Абдулло ва банда бо ашхосе, ки ба ғурфаи Тоҷикистон меҳмон мешуданд ва аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишварамон, ба хусус матбуоти тоҷик, суол мекарданд, талош менамудем, ки посухҳои айниву қаноатбахш бидиҳем.

Дар назар буд, ки Иҷлосияи дуввуми Иттиҳодияи Матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом кори худро бо ҳузури доктор Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз мекард. Вале ба ҷои ӯ ба толори маҷлисҳои ба номи Паёмбари Аъзам (С) вазорати кишвар, маҳали баргузории ҳамоиш муовини аввалаш Муҳаммадризои Раҳимӣ ворид шуда бо арзи пӯзиш аз номи Раиси ҷумҳур ба ба кори Иҷлосия ҳусни матлаъ бахшид.

/images/stories/2012/12/07_2-mohammad-rizo-rahimi-2012.jpgМуъовини аввали раиси ҷумҳурии исломӣ Эрон дар суханронии худ дар пеши хабарнигорони наздик ба 30 кишвари ҷаҳон азҷумла гуфт: «Дар шароите, ки ҷаҳони ислом дар масири шабехуни фарҳангӣ қарор дорад, ҳеҷ амре заруритар аз иттилоърасонӣ ва огоҳисозии мусалмонон нест. Имрӯз ҷумҳурии Исломии Эрон дар як майдони аъзами ҷиҳоди фарҳангӣ ва маънавӣ барои огоҳӣ додан ба ҷаҳони ислом аст, то аз тазъифи ҳуқуқи мусалмонон ҷилавгирӣ кунад».

Муҳаммадризо Раҳимӣ дар иҷлос бо ишора ба таблиғоти Ғарб алайҳи Ислом изҳор дошт, ки имрӯз ин таблиғоти азим байни мусалмонон ихтилоф ба вуҷуд оварда ва ононро дар дуроҳае қарор додааст. Бо таваҷҷӯҳ ба сармоягузориҳои калони душманон мусалмонон бояд ба ҷои пардохтан ба ихтилофот андешаҳои худро ба саҳнаи набард биёваранд ва ҳуқуқи худро бозситонанд. Дар ин самт нақши муҳимеро Иттиҳодияи матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом бозӣ карда метавонанд, афзуд ӯ. ҶИЭ аз ҳар барномае, ки боиси эҷод шудани инсиҷоми бештар байни нухбагони ҷаҳони ислом, ба вижа дар арсаи расонаҳо шавад, истиқбол мекунад, гуфт Раҳимӣ.

Саид Муҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар суханронии худ азҷумла гуфт, ки вазифаи ҳамаи одамони дилсӯзи кишварҳои исломӣ ҳаст, ки аз абзори расона барои равшангарӣ ва посухгӯӣ ба шубаҳот истифода кунанд. Душманони ислом бӯҳронофаринӣ мекунанд, гуфт ӯ ва афзуд:

«Сипас барои расидан ба аҳдофи мавриди назар ва аъмоли султа худро мунҷии ин кишварҳо эълон менамоянд. Бо баёни он ки Созмони Конферонси Исломӣ пешниҳод кардааст, ки дар соли 2014 ҶИЭ бонии таъсиси анҷумани хабарнигорони ҷаҳони ислом шавад ва мизбони ин барнома бошад, мо аз ин мавзӯъ истиқбол мекунем», гуфт дар идома доктор Ҳусайнӣ. Бо ишора ба сармоягузориҳои калони душманон ва низоми султа барои муқобила бо ислом вазири фарҳанг ва иршод афзуд: «Бояд мусалмонон барои муқобила бо иқдомоти зиддиисломӣ муттаҳид шаванд то битавонанд дар арсаи байналмилалӣ ва барои хунсо кардани тавтеъа муассир бошанд».

Дар ҷаласаҳои баъдии дуввумин Иҷлоси Иттиҳодияи Матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом, ки онҳо низ дар ҳамин толорҳои маҷлисии вазорати кишвар таҳти раёсати Муҳаммадҷаъфар Муҳаммадзода, муовини матбуотии вазири фарҳанг ва иршоди ҶИЭ гузаштанд, асосан сари мавзӯи Асосномаи ин созмон, аҳдофу ва вазифаҳои Иттиҳодия, масоили ташкилӣ баҳсу мунозираҳо ҷараён гирифтанд.

/images/stories/2012/12/07_3-muhammadjafar2012.jpgМуҳамадҷаъфар Муҳамадзода дар суханрониҳои худ азҷумла гуфт: «Яке аз аҳдофи мо аз ибтидои шаклгириии Иттиҳодия талош барои эҷоди иттиҳод байни ҷомеъаи мусалмонон аст. Муҳим он чизест, ки қудратҳои султагар дар мухолифат бо он талош мекунанд. Расонаҳои ҷаҳони ислом бояд ваҳдати калима дошта бошанд ва талош кунанд ба ҳам наздик шаванд. Зеро низоми султа бекор наменишинад ва ҳар рӯз иқдом ба эҷоди тафриқа дар байни мусалмонон мекунад. Муовини вазири фарҳанг ва иршоди ҶИЭ ваҳдати исломиро зарурати ҷавомеъи мусалмонон унвон кард ва афзуд:

«Ҳадафи низоми султа эҷоди ихтилоф байни кишварҳои исломӣ аст. Ҳатто агар рафтор ва адабиёти муштарак дошта бошем, боз онҳо баҳонае барои эҷоди ихтилоф меёбанд.

Имрӯз расонаҳои дунё дар инҳисори Ғарб аст, ки бо такя ба сармоя ва саҳюнизм қудратро дар даст гирифтаанд. Низоми султа барои пиёда кардани аҳдофи худ аз абзори сармояи расона истифода мекунад. Ҳафтод дар сади сармояи Уол стрит дар дасти яҳудиён аст. Табиист, ки ихтиёроти бештареро дар даст доранд. Мо бояд даст ба даст бидиҳем то садоямон шунида шавад».

Тибқи «Асоснома» аркони Иттиҳодия иборатанд аз Маҷмаъи умумӣ, Шӯрои Олӣ, Дабирхонаи доимӣ, Кумитаҳои доимӣ ва Марокиз ва муассисоти вобаста. Мақари Дабирхонаи доимӣ дар Теҳрон буда масъулияти роҳбарии он ба дӯши намояндаи Эрон вогузор карда шуд. Дар ҳамин ҳол тибқи ҳамин «Асоснома» Иҷлоси солонаи Иттиҳодия метавонад дар ҳар кишваре, ки намояндаи худро дар ин созмони байналмилалӣ дорад ва мақомоти давлатии он барои гузаронидани чунин ҳамоиши хабарнигорни ҷаҳони ислом изҳори омодагӣ мекунанд, баргузор шавад.

Дуввумин иҷлосияи матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом бо судури баёнияе ба кори худ поён бахшид. Дар баёнияи поёнии Иҷлос ба ин нукта таъкид шуд, ки ҳаргуна маҳдудсозии иттилоъи расонаи дар шабакаҳои маҳвораи бо асли озодии баён муғоират дорад. Ҳамчунин дар ин баёния омадааст: «Тавҳин ба соҳати муқаддаси паёмбари Азимушаъни Ислом (С) маҳкум шудааст. Маҳкум кардани иқдомоти ҷараёни султа дар ба вуҷуд овардани бӯҳрон дар кишварҳои исломӣ дигар меҳвари ин баёния ҳаст. Ҳамчунин дар ин баёния дар ваҳдати мусалмонон ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тафриқа ва мавзӯи Фаластин ва Қудс масъалаи аввали ҷаҳони ислом шумурда мешавад.

Матни пурраи баёнияи дуввумин Иҷлоси Иттиҳодияи матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом дар сомонаи «Рӯзгор» алоҳида ба нашр мерасад.

Мизбонон дар фосилаи байни ҷаласаҳои дуввумин Иҷлоси Иттиҳодия ва рӯзҳои фориғ аз кори он барои вакилони он барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва омӯзишиеро низ таҳия карда буданд. Азҷумла хабарнигорони хориҷӣ аз бунгоҳи хабаргузории давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ИРНО, дафтари марказии яке аз бонуфузтарин нашрияҳои Эрон рӯзномаи «Иттилоот», музеи Сулҳи Теҳрон, Китобхонаи Миллии Эрон, яке аз баландтарин манораҳои телевизионӣ дар ҷаҳон «Бурҷи Мелод», дидан карданд. Вохӯрӣ ва мулоқот бо Муҳаммадромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар маҳали кори ӯ баргузор гардид, низ хеле ҷолибу муфид сурат гирифт. Меҳмонпараст дар тӯли беш аз ду соат ба саволҳои мухталифи вакилони дуввумин Иҷлоси Иттиҳодия матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳон посух дод.

/images/stories/2012/12/07_4-baadi-namazi-joma-2012.jpgБаъди адои намози ҷумъаи рӯзи 2-юми ноябр дар масҷиди Донишгоҳи Теҳрон вакилони дуввумин Иҷлоси Иттиҳодияи Матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом дар як ҳамоиши густурдаи зиддиистибкории аҳли иҷтимоъи шаҳри Теҳрон ҳузур доштанд.

Дар сафари якрӯзаи худ ба шаҳри муқаддаси Қум вакилони дуввумин Иҷлоси Иттиҳодия Матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳон нахуст аз китобхонаи оятуллоҳулузмо Маръашии Наҷафӣ, коргоҳи тармим ва бозпарварии китобҳои қадимӣ дидан карданд. Баъдан ҳарами муттаҳараи ҳазрати Маъсума (Р) -ро зиёрат намуданд Дар идомаи ин сафар хабарнигорони хориҷӣ аз масҷиди Хуҷаи Хизр (А) ва масҷиди Ҷамкарон боздид доштанд. Дар поёни сафар ба шаҳри Қум аз хона музеи Имом Хумайнӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан карданд.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi