06:46:59 08-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БАЁНИЯИ ДУВВУМИН ИҶЛОСИ ИТТИҲОДИЯИ МАТБУОТ ВА ХАБАРГУЗОРИҲОИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Ба номи он ки ҷонро фикрат омӯхт

Аъзои Иттиҳодияи матбуот ва хабаргузориҳои ҷаҳони ислом пас аз баҳсу баррасӣ дар хусуси роҳкорҳои иртиқои ҷойгоҳи ин Иттиҳодия дар сатҳи байналмилалӣ афзоиши зарфияти пазириши аъзои ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ таъини руасои кумитаҳои шашгонаи вобаста ба Иттиҳодия ва сипас тасвиби ислоҳоти Асоснома ва таъйини Дабири кулл аз Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи баёнияе мавозеъи худро нисбат ба аҳами масоили ҷаҳони ислом эълом намуданд.

1.Лузуми ваҳдати мусалмонон

/images/stories/2012/12/07_2-namoishgoh-7122012.jpgШароити имрӯзи ҷаҳони ислом ва талошҳои низоми султа ва саҳюнизми байналмилал барои махдуш кардану тахриби чеҳраи ислом ва мусалмонон назди пайравони соири адён ва пайгирии пружаи исломҳаросӣ эҷоб мекунад тамоми мусалмонони ҷаҳон беш аз ҳар замони дигар барои ваҳдат миёни тамоми мазоҳиби исломӣ талош кардаву аз ҳар гуна тафриқааи қавмиву мазҳабӣ ва забонӣ парҳез намоянд.

2.Мавзӯъи Фаластин ва Қудси шариф

Фаластин қалби тапандаи мусалмонон ва масъалаи аввали ҷаҳони ислом аст ва ҳимоят аз он ба унвони роҳбурди уммати исломӣ мавриди тайид ва таъкид мебошад. Ҳар гуна тарҳе, ки ба шиносоии режими саҳюнистӣ бианҷомад ё ба тазъифи муқовимат бипардозад, хиёнат ба уммати ислом талаққӣ мешавад ва бар давлатҳои исломӣ ва мусалмонони ҷаҳон аст, ки тамоми талошҳои худро сарфи таъсиси давлати якпорчаи Фаласти ба пойтахти Қудси шариф намоянд.

3.Маҳкумияти иҳонат ба муқаддасоти исломӣ

Боварҳо ва арзишҳои исломӣ, роҳнамоии саъодати башарӣ ва ҳаракат ба сӯи Таъоло ва камоли инсонӣ аст. Аз ин рӯ эҷоди фазо барои тахриби арзишҳо ва муқаддасоти исломӣ, маҳрумсозии ҷомеъаи башарӣ аз Таъолоро дунбол мекунад.

Иқдомоти шайтонӣ дар ин замина собиқаи тӯлонӣ дошта ва бояста аст, ки дар баробари ин иқдомот уммати исломӣ бо муқовимати худ аз ҳарими андеша, ахлоқ ва таъолои башар ҳимоят кунад.

4.Маҳкумият ба низоми султа дар масоили дохилии кишварҳои исломӣ

Истиқлоли кишварҳои исломӣ ба маънои он аст, ки мардуми ин кишварҳо ҳаққи таъйини сарнавишти худро дошта бошанд.

Дахолати бегонагон илова бар он ки мухолифати ҳуқуқи байналмилал ва ҳуқуқи миллатҳо барои таъйини сарнавишти худ аст, ҳикоят аз талоши сомонёфта барои салби истиқлоли миллатҳои мусалмон дорад. Аз ҳамин рӯ мудохилоти султаҷӯёнаи қудратҳои истикбориро маҳкум карда  ва бар лузуми таъйини сарнавишти ҳар кишвар тавассути мардуми он кишварҳо таъкид меварзем.

5.Маҳкумияти маҳдудсозии расонаҳои исломӣ тавассути давлатҳои ғарбӣ

Шиори озодии иттилоъи расонаӣ ба рағми муддаъои кишварҳои либрол тобеъи низоми султаи ҷаҳонӣ аст. Ҳазфи шабакаҳои расонаии кишварҳои исломӣ, ба вижа кишварҳои мустақили адолатхоҳ дар айни ҳол, ки бо қавонини байналмилалӣ таъоруз дорад, нишон аз таъсиргузории ин расонаҳо дар иблоғи сухани ҳақ доштаву аз тавтеаи  ҷиддӣ бари паёми ҳақ ва ҳақиқат ҳикоят дорад. Иқдоме, ки бегумон бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва дурӯғин будани муддаъои низоми султа  мабнӣ бар озодии баёнро беш аз пеш ошкор хоҳад сохт.

6. Маҳкумияти терроризми расонаӣ алайҳи кишварҳои мустақили исломӣ

Иттилоърасонии содиқона ва мунсифона вазифаи аслии расонаҳост. Бо ин ҳол бисёре аз расонаҳои байналмилалӣ бо ҷиҳатгириҳои хабарии худ, ки ношӣ аз хости соҳибони қудрат аст, чеҳраи ғайривоқеӣ ва махдуш аз кишварҳои мустақили исломӣ ироя медиҳанд. Мо ин навъ иттилоърасониро бар хилофи рисолати хабарии расонаҳо ва ба навъе тазъифи ҷойгоҳу террори чеҳраҳои кишварҳои мустақили исломӣ дониста ва онро маҳкум мекунем.

7. Бедории исломӣ ва инсонӣ

Ҷунбиши бедории исломӣ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо бар пояи огоҳии мардуми мусалмон аз ҳуқуқи хеш ва эҳсоси таъаҳуд ба боварҳо ва арзишҳои исломӣ ва ба манзури саргунии режимҳои вобаста ба низоми султаи ҷаҳонӣ шакл гирифтааст. Ҳарчанд иқдомоти печидае дар ҷиҳати инҳирофи наҳзати исломӣ тавассути қудратҳои истикборӣ дар ҷараён аст, вале густариши роҳбурди огоҳибахш уммати мусалмонро ба сӯи таъмиқи ҷунбиши бедории исломӣ ва афзоиш ба сирати умумӣ раҳнамуд месозад. Расонаҳо дар ин росто пешгом буда ва бояд ба рисолати Илоҳии худ таъкид варзанд.

Панҷшанбе, 11 обонмоҳи 1391



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi