02:17:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СТУДЕНТ.TJ – НАШРИЯИ НАВ

 Дар робита ба нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи нави «Студент.тҷ» хабарнигори радиои Озодӣ бо Насрулло Тӯйчизода, масъули бахши тоҷикии ин нашрия, сӯҳбате анҷом дод. 


-Ҳафтаномаи нави «Студент.тҷ»-ро бо кадом мақсад роҳандозӣ кардед?

-Мақсади таъсиси ҳафтаномаи нави «Студент.тҷ» аз он иборат мебошад, ки бештар бо ҷавонони кишвар бевосита дар иртибот бошем ва дар ҳалли мушкилоти онҳо кумак расонем. Маводҳои беҳтаринро пешкаш кунем. Яке аз ҳадафҳои дигари мо ҷалби ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар хориҷа мебошад. Яъне ҳафтанома барои мустаҳкам кардани савияи дониши онҳо равона карда шудааст. Дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳафтаномаи махсуси инъикосгари ҳаёти донишҷӯён вуҷуд надошт ва ҳадафи асосии мо ҳамин аст, ки барои донишҷӯён як минбари мусоиде фароҳам орем. 

-Шумо мегӯед, ки дар масъалаи ҷалби донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар хориҷа кор хоҳед бурд. Ин чӣ гуна иқдом аст ва оё шумо мехоҳед онро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф анҷом диҳед? Ё шумо тарҳҳои амалие доред, ки бар асоси он мехоҳед донишҷӯёнро барои таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ ҷалб кунед?

- Он ҷавононеро, ки воқеан истеъдоду дониш доранд, вале имконият надоранд, мо кӯшиш мекунем онҳоро ҷалб созем. Вале корҳои мо асосан дар робита ба созмонҳои байнулмилалӣ сурат мегирад. Аллакай дар шумораи нахустини ҳафтанома эълон додем, ки рӯзи 24-уми сентябр дар идораи ҳафтанома бо роҳбари Маркази иттилоотии Кохи Олмон оид ба ҳамкорӣ мо як сӯҳбати махсусе дорем, ки дар он тамоми донишҷӯён метавонанд ширкат кунанд ва дар бораи таҳсил ва тадқиқоти бепӯл дар Олмон маълумот ба даст биёранд. Инчунин мо бо як қатор созмонҳои амрикоӣ ва туркӣ аллакай ҳамкориҳоро оғоз кардаем. Ҳамаи ин дар доираи Ассотсиатсияи донишҷӯёни Тоҷикистон сурат мегирад, ки ин ассотсиатсия ба наздикӣ пас аз сабти ном шудан ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

-Ҳоло бархе нигарониҳо аз таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа, бахусус дар кишварҳои исломӣ, вуҷуд дорад. Ин тасмими шумо дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи хабарҳои расмӣ ахиран аз Эрон як гурӯҳи донишҷӯёнро бо далели надоштани раводид хориҷ карда ва дубора ба Тоҷикистон оварданд. Бино ба ҳадсу гумонҳои коршиносон сабаби аслӣ дар ин аст, ки ин донишҷӯён метавонистанд ба фаъолияти ҳар гуна гурӯҳҳои мазҳабӣ ва тундрав ҷалб шаванд. Оё то кадом андоза фаъолияти ассотсиатсияи шумо ин гуна нигарониҳоро ба назар мегирад? 

-Албатта дар гӯшаҳои мухталифи олам чунин бархурдҳо ва воқеаҳо нисбати донишҷӯён рух медиҳад. Вале мо боварӣ дорем, ки чун ҳадафи асосии мо барои баланд бардоштани ҷаҳонбиниву маънавиёт ва омӯзиши босифат равона карда шудааст, мо ба чунин мушкилиҳо дучор нахоҳем омад. 

-Нияти шумо хуб аст. Шумо мехоҳед дар Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии маърифатӣ ҳамкорӣ кунед. Оё васила ва шеваи иҷрои ин мақсад чӣ гуна аст? Оё шумо мехоҳед нақши як созмони ҳомии ҳуқуқи донишҷӯён дар хориҷро иҷро кунед? 

-Албатта чунин нест. Вақте инҷо сухан дар мавриди як маҳфили мубоҳисавӣ, ки дар назди ҳафтаномаи «Студент.тҷ» ва Ассотсиатсияи донишҷӯёни Тоҷикистон таъсиси ёфтааст, меравад, ин як иқдом аст. Ин аз мо машаққату меҳнати зиёдро талаб мекунад. Мо албатта ҳамаи инро фикр кардаем. Пеш аз ҳама бо гузаронидани сӯҳбатҳо ва вохӯриҳо, инчунин бо машваратҳо мо мехоҳем донишҷӯёнро ҷалб созем. Ва ҳар он чи ки аз ҷониби мо машварату мусоидат ҳаст, мо омода ҳастем. Чи тавре ки гуфтем, ассотсиатсия бо созмонҳои хориҷӣ ва сафоратҳо ҳамкорӣ хоҳад кард. Яъне мо асосан дастгирии иттилоотиро метавонем барои ҷавонон пешниҳод кунем. 

-Ҳамкориҳои шумо бештар бо кадом кишварҳо ба роҳ монда мешавад?

-Албатта бештар ҳамкориро бо кишварҳои Аврупо, Амрико ва инчунин Ховари Миёна ба роҳ мемонем. Вале мо маҳдудият надорем ва ҳамеша омода ҳастем, ҳар он чи, ки барои манфиати ҷавонони тоҷик аст, ҳамкорӣ кунем. Ва албатта дар ҷаҳорчӯбаи оинномаи муқарраршуда ва муйянгардида. 

-Ин оинномаи шумо ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ ва молиро дар назар мегирад? 

-Бале. Чунонки гуфтем, ҳар нафаре, ки ба узвияти Ассотсиатсияи донишҷӯёни Тоҷикистон пазируфта мешавад, ҳаққи аъзогӣ пардохт мекунад. Ҳамчунин дигар сарчашмаҳои даромад пайдо мекунем. Мо ба нақши гирифтаем, ки на танҳо бо кумакҳои маънавӣ, балки бо кумакҳои молӣ низ донишҷӯёнро ҳавасманд кунем ва дастгирӣ намоем.

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi