03:09:01 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТӢ ҲАМЛА БА АТОВУЛЛОРО МАҲКУМ КАРДАНД

 

Журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро шадидан маҳкум мекунанд. Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Медия Алянси Тоҷикистон (МАТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон (АФРӮЗ) ҳамла ба журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро қатъиян маҳкум карданд ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия хостаанд, воқеа ба таври дақиқ пажӯҳиш шавад.

atovulloАнҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон дар изҳороти худ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро "сӯиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон" номида, аз мақомоти марбутаи Русия хостори "таҳқиқи сареи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯиқасд" хостааст.

Дар ин баёния гуфта мешавад: "интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад."

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, солҳои охир Додоҷони Атовулло худро ҳамчун сиёсатмадори мухолиф муаррифӣ мекард. "Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамла ба ӯ ба фаъолияти ҳирфаияш ҳамчун журналист бастагӣ дорад ё не, бо вуҷуди ин тасфияи ҳисоб бо мухолифон ба чунин шева амали ҷиноист ва бояд тибқи тамоми сахтии қонун муҷозот шавад."

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва корбарони шабакаи Фейсбук низ ин ҳамларо бо лаҳни шадид маҳкум кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi