23:36:20 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИГАРОНӢ АЗ МУТАВАҚҚИФ ШУДАНИ РАДИОИ "ИМРӮЗ"

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, аз ҷумла Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттиҳодияи журнолистон ва созмони "Медия алянс" бо интишори як баёнияи муштарак нигаронии худро аз мутаваққиф шудани пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" иброз доштанд.

Ин созмонҳо дар баёнияи худ аз тарафҳои зирабт хостаанд, ки қазияи мазкур ба дур аз манофеъҷӯйии шахсӣ, гурӯҳӣ ва сиёсӣ ҳалл шавад. Созмонҳои хабарнигорӣ қатъи барномаҳои радиои мустақилли "Имрӯз"-ро дар остонаи интихоботи қарибулвуқуъи порлумонӣ дар Тоҷикистон "таҳаммулнопазир" унвон кардаанд. Онҳо дар баёнияи худ фаъолияти радиои "Имрӯз"-ро, ки тайи ду соли ахир дар шаҳри Душанбе ва ҳаволии он дар мавҷи ФМ пахш мешуд, мусбат арзёбӣ карда ва навиштаанд: 

"Ба хотири интихоби услуби ҷадиди фаъолият ва риъояти усули чандназарӣ дар пӯшиши хабарҳо, ин родию тавонистааст дар муддати кӯтоҳ маҳбубияти шунавандагонро касб кунад."

Баёния меафзояд мутаваққиф шудани пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" новобаста аз омилҳои он аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ муҳдудияти озодии баён" арзёбӣ мешавад ва ин амр ба эътибори Тоҷикистон латма ворид мекунад.

Дар баёнияи муштараки созмонҳои хабарнигорӣ омадааст, ки онҳо аз мутаваққиф шудани пахши барномаҳои ин родию "ва дар маҷмӯъ аз фазои феълии иттилоъотӣ дар Тоҷикистон" нигаронанд.

Ин дар ҳолест ки қаблан созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар гузоришҳои худ бахусус гузоришҳои вижа дар бораи фазои иттилоърасонӣ дар ҷаҳон, пайваста аз Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки дар он озодии баён нақз мешавад, ёдовар мешаванд.

Тибқи гузориши ахири созмони Кохи Озодӣ ё Freedom House, вазъи фазои иттилоъотӣ дар Тоҷикистон ҳамсони кишварҳои Судон, Қазоқистон ва Озарбойҷон аст ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози озодии баён дар ҷойи 168 қарор дорад.

Радио дар ҳоле мутаваққиф шуд, ки то интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, ҳудуди ним сол боқӣ мондааст. Таъкиди созмонҳои хабарнигорон бар зарурати фаъолияти радиои "Имрӯз" дар ҷараёни пӯшиши ин интихобот аз он далолат мекунад, ки масъулони созмонҳои хабарнигорӣ дар Тоҷикистон дар ҳалли сареъи қазияи ин родию тардид доранд.

Пахши барномаҳои радиои “Имрӯз” дар Тоҷикистон аз субҳи рӯзи сешанбеи 11 август комилан мутаваққиф шудааст. Ба гуфтаи масъулони радиои “Имрӯз”, рӯзи 27 июл дар пахши барномаҳои ин родию мушкилоте пеш омада ва дар мавҷи муртабит бо он садоҳои бегона пайдо шуда буд.

Аммо рӯзи душанбеи 17 август, Сӯҳроб Алиев, раиси ширкати саҳҳомии "Телерадиоком", ки пахши амвоҷи радиои “Имрӯз”-ро ба ӯҳда дорад, гуфт, ки пахши барномаҳои ин родию ба далели "хароб шудани хутути радиёрелевӣ дар минтақаи Гузхор" қатъ шуда ва "бо дарёфти қисмҳои эҳтиётии ҷадид" пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Рустами Ҷонӣ раиси радиои "Имрӯз" гуфта буд, масъулони ин ниҳод ба кормандони Маркази мутобиқати элекромагнитӣ ва радиомониторинг иҷозаи вуруд ба сохтмони "Телерадиоком" ва ташхиси мушкилоти пахши барномаҳои радиои “Имрӯз”-ро надодаанд. Суоле, ки ҳоло дар зеҳни масъулони ин родию матраҳ аст, ин аст, ки чи тавр дастгоҳи мавҷпарокании ҷадиде, ки барои 10 сол замонати корбурд дорад, пас аз ду сол аз кор бозмондааст?

Зимнан, чанде қабл, Шӯрои Ҳукком дар умури Иттилоърасонӣ, як созмони вобаста ба давлати Омрико, (BBG) эълом карда буд, ки дар чанд кишвари осиёӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, системи ҷадидеро озмоиш мекунад, ки он ба хонандагони интернетӣ дастрасӣ ба сойтҳои масдудшуда (филтершуда) аз сӯйи давлатҳоро фароҳам мекунад.

Ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз эҷоди маҳдудиятҳо ва филтершавии густардаи сойтҳои интернетӣ дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ва ҳаводиси пас аз он интиқод мекард.

Ба гуфтаи масъулони Шӯрои Ҳукком дар умури Иттилоърасонии Омрико, озмоиши системи ҷадиди онҳо нахуст дар Эрон, Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сурат мегирад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi