16:32:28 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

 Хулосаи матбуоти нашрии ҷумҳурӣ дар ҳафтаи равон

Муштарии гиромӣ, сомонаи «Рӯзгор» ният дорад, ки аз ин ба баъд ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе, яъне дар он рӯзе, ки нашрияҳои мухталифи Тоҷикистон ба чоп мерасанд, Шумо азизони дилро бо мӯҳтавои асосии матолиби ҳафтаномаҳо субҳи ҳамин рӯз ба вақти Тоҷикистон ба қадри имкон ошно бисозад. Дар оянда ният дорем, ки бо сардабирон, хабарнигорон ва масъулини ин нашрияҳо оиди матолиби банашррасондаи онҳо мусоҳибаҳо таҳия намуда Шумо азизонро ба рӯзгори кормандони ин нашрияҳо ва худи нашрияҳо аз наздик ошно намоем.

Ин ҳафта аксари ҳафтаномаҳои Тоҷикистон марги фоҷиабори сардабири ҳафтаномаи «Зиндагӣ» журналисти маъруфи тоҷик Қурбоналӣ Хӯҷамов, писари ӯ Ромиш ва бародараш Мирзоалиро ё мавзӯи асосии хеш қарор додаанд, ё дар ин бора ҳатман матолиб ва ё сӯгворие ба нашр расондаанд. 

Ҳафтаномаи «Фараж» таҳти унвони «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест!» аз нисф зиёд саҳифаи аввал ва ду саҳифаи мобайни нашрияро ба ҳамин фоҷиа бахшидааст. Муаллифи мақола сардабири «Фараж» Хуршеди Атоуллоҳ баъди баёни хабари муфассал дар бораи садамаи автомобилие, ки дар он шодравон Қурбоналӣ Хӯҷамов ва наздиконаш ҷони худро бохтанд, аз даврони ҳамкориҳояш бо ин шахсияти умдаи матбуоти тоҷик ёдовар шуда чунин менависад: 

«Ако воқеан ҷонхариди ману мо буд. Дар ҳоле бо сардабироне кор кардаам ва сардабиронеро медонам, ки масъулияти маводро пурра ба сари журналист мегузоранд ва ҳангоми баҳсе, гоҳҳо тарафи даъвогарро мегиранд».

Сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб низ дар мақолаи худ таҳти унвони «Некролог» хонандаи хешро даъват менамояд, ки номуси ватандорӣ ва ифтихори миллиро аз Қурбоналӣ Хӯҷамов омӯзанд: «Оҳ чӣ қадар мехоҳам, ки ҳам Миллати ман сарбаланд, гарданфароз, муфаххир аз Тоҷикияташ бошад. Мисли Қурбоналӣ Хӯҷамов. Нафаре, ки шерона зист ва шер парварида буд. Устод Хӯҷамов ҳамагӣ як фарзанди нар дошт, мисле ки шерон ҳама якто мезоянд, аммо Шер! Ромиш, писари Хӯҷамов амсоли падар соҳибифтихор буд, зерошодихӯрдаи мактаби ҷавонмардии Қӯрбоналӣ Хӯҷамов буд. 

Ин фарзанд мисли аксарияти кулли тоҷик барои русу укроин туалет намесохту мусор намекашид. Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар бизнес ва гардиши сарвати ҳудуди 10 миллион доллари амрикоӣ номдортарин нафари осиёӣ дар Одесса буд, шаҳре, ки на ҳар нафар метавонад андаке муваффақ шавад. Зеро ин шаҳрро модари шаҳрҳои славянӣ мехонанд. Вале ӯ муваффақ буд дар модаршаҳри славянӣ ва барои падар кӯмаки худро дареғ намедошт ва фахри падар чӣ, ки фахри Миллат буд».


Дар ҳафтаномаи «Озодагон» низ дар ин мавзӯъ ду матлаб ба нашр расидааст. Дар мақолаи журналисти маъруф ва дур аз Ватани тоҷик Салими Аюбзод оиди ҳафтаномаи «Зиндагӣ»-и Қурбоналӣ Хӯҷамов чунин ҷумлаҳоро мехонем: «Бо ҳама бешу камаш «Зиндагӣ» нашрияи муваффақе буд. Солҳое, ки вай дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд ё ҷангу сулҳи Тоҷикистон матолиби боумқе чоп мекард, сардамдорони феълии матбуоти кишвар сари хеш дар афсонаҳои келину хушдоман ё хиёнати зану шавҳар пинҳон карда буданд. Бисёре аз матолиби чанд соли пеши «Зиндагӣ»-ро ғурурмардони муосир имрӯз ҳам чоп карда наметавонанд».

Профессор устод Абдунабӣ Сатторзода, ки худораҳматиҳоро хуб мешинохт, дар матлаби хеш бо сӯзу гудоз навиштааст: «Вақте, ки дар қабристони деҳаи Варзиканда дар ҷанозаи онҳо дар баробари се тобути қатор сухан гуфтанӣ шудам, гиря гулӯгирам кард ва гиристам ба ҷойи он ки чизе бигӯям. Ман он рӯз омода ба дидорашон будам, на ба гуфтани видоъ бо онҳо».

«Зиндагӣ» ятим шуд» чунин унвон шудааст матлабе, ки дар ин мавзӯъ дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидааст. Муаллифи он Ҷаҳонгири Султон, ки муддате саҳифабанди «Зиндагӣ» будааст, хотираҳои неки хешро аз зиндагии ин марди бошараф рӯйи саҳифа овардааст.

Дар бархе аз матлабҳои ҳафтаномаҳои «Нигоҳ», «Пайкон», «Нури Зиндагӣ» низ муаллифонашон аз шодравон Қурбоналӣ Хӯҷамов ба некӣ ёдовар шудаанд.

Нашрияи тозатаъсиси «Пайкон» дар мусоҳибае бо Шамъистон Сиддиқова модари Неъмат Азизов, як тан аз собиқ фармондеҳони нирӯҳои низомии ИНОТ, ки тибқи хабарҳои расмӣ ҳафтаи гузашта дар як амалиёти мақомоти қудратӣ дар Тавилдара ба қатл расида буд, овардааст, ки модар баъди марги писари калониаш Неъмат ба дигар писаронаш Раҳмиддин ва Зайдулло амр кардааст, ки силоҳҳоро ба замин гузошта, худро таслими нирӯҳои ҳукуматӣ кунанд. Ба гуфтаи Шамъистон Сиддиқова ин корро ӯ бо хоҳиши мақомоти қудратӣ кардааст ва умед дорад, ки фарзандонашро, ки дар боздошт ба сар мебаранд, онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Дар матлаби дигари ҳамин ҳафтанома «Аз Мирзо кӣ норизо?» муаллифи он Рустам аз мақолаҳое ибрози норозигӣ кардааст, ки дар дигар нашрияҳо дар танқиди Мирзо Зиёев- собиқ фармондеҳи нирӯҳои низомии ИНОТ ва собиқ Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ навишта шудаанд. Аз ҷумла ӯ менависад: «Дар матлабе хондам, ки «Мирзо Зиёев нисбат ба асирон раҳму шафқате надошт, онҳоро якояк мекушт, онҳоеро ба асорат гирифта буд, ки таҷрибаи ҷангӣ надоштанд» ва ғайраву ҳоказо. Аз он дар шигифтам, ки ин теъдоди кӯрбин чаро он замон ин суханҳо намегуфтанд?! 

Он асирони собиқ, ки имрӯз дар вазорату ташкилоту муассисоти гуногун адои вазифа мекунанд, худ шоҳиданд, ки Мирзо Зиёев бо онҳо чи муносибат дошт. Ба хотири таъмини амнияти онҳо Зиёев аз тамоми имконоту тадобир истифода бурда буд. Манзили буду боши асирон хонаҳои истиқоматии мардуми Вахё буд, ки асирон ҳар сари вақт бо чою хӯроки гарм таъмин буданд, эҳсоси тарсу ларз дар вуҷуд надоштанд».


Аз дигар матолиби ҷолибе, ки дар ҳафтаномаҳои ин ҳафта ба нашр расидаанд, метавон аз идомаи мақолаи Толибшоҳ Саидов дар нашрияи «Озодагон» «Генералҳои оппозитсия:Тақдирро чӣ тадбир бояд!?», мақолаи «Бозор Собир: Умри ту дароз бод ҳамчун думи гов» дар ҳафтаномаи «СССР», мусоҳиба бо овозхони маъруф Садриддини Наҷмиддин дар ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ», мақолаҳои мубоҳисавии «Дурӯғи фитнаангез»-и олимони забоншинос Шакар Бобомуродов ва Аҳмадҷон Неъматов ва «Ӯ-и шумо гӯсоларо гов намекунад»-и журналист Ибодуллоҳи Оқилпур дар ҳафтаномаи «Миллат» ном бурд.

Мусоҳибаи ихтисосии «Миллат» бо Қосимшоҳ Искандаров-доктори илми таърих, афғоншинос «Тоҷикистон на аз Карзай ҳимоят мекунад, на аз доктор Абдуллоҳ» ба мавзӯи интихоботи қарибалвуқуи раёсати ҷумҳур ва Шӯрои вилоятҳои Афғонистон бахшида шудааст. Дар ин мусоҳиба таҳлили амиқи вазъи кунунии сиёсии дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ дар Афғонистон бавуҷудомада сурат гирифтааст. Хонанда аз ин матлаб метавонад бо паҳлӯҳои барояш то ҳол норӯшани фаъолияти аҳзоби сиёсии Афғонистон иттилоъ бигирад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi