21:40:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ЗИНДАГӢ» ЯТИМ ШУД

Хабари марги устод Қурбоналӣ Хӯҷамов лаҳзае маро ба ҳолати шок овард. Бо ҳеҷ ваҷҳ наметавонистам қабул кунам, ки марде, ки як ҷаҳон орзуву умед дар дил дошт ва аз он ҳам бештар ғайрату талоши зиёде баҳри зиндагӣ, имрӯз дар як мижа задан абадан аз миёни мо рафт… 

Беш аз се сол бо ӯ шарафи дар як ҳафтаномаи навтаъсис кор карданро доштам. Аниқтараш «Зиндагӣ»-и ӯро саҳифабандӣ мекардам. Дар ҳақиқат, ҳафтаномаи «Зиндагӣ» зиндагии ӯ буд. Тамоми ҳаёту мамоташро барои «Зиндагӣ» сарф мекард. Ҳафтаҳову моҳҳо буданд, ки тани танҳо ғами «Зиндагӣ»-ро мехӯрд. Ман медидам, ки аз ин «Зиндагӣ» барои зиндагии шахсиаш манфиате нест. Аммо дар зиндагӣ тамоми зиндагиашро барои ҳамин «Зиндагӣ» сарф мекард.

Хуб дар ёд дорам, зимистон буд. Он шаб сармои шадид ҳукмронӣ мекард. Дар Душанбе маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ карда буданд. Дафтари кории мо манзили истиқоматии устод буд. Ман дигар узви ин хонадон шуда будам. Устод ба ман бо меҳр «бачем» гӯён муроҷиат мекарданд. 

-Бачем, фаромӯш накун, ки имшаб интиқоли барқро ба маҳаллаи мо соати 12 қатъ мекунанд. То он вақт мо бояд саҳифабандиро хатм намуда ҳафтаномаро «плёнка» карда ба матбаа супорем, то ин ки фардо он сари вақт ба хонанда бирасад,-гуфтанд устод.

Хуб шудааст устод,- гуфтаму аз пайи кор шудам. Вале мутаассифона, он шаб соати 10 интиқоли барқро ба маҳаллаи устод қатъ карданд. Устод хеле нороҳат ва безобита шуданд. Ба ҳар тарафи шаҳр ба хонаи хешовандонашон занг мезаданд ва пурсон мешуданд, ки оё дар хонаҳои онҳо имконияти кор кардан ҳаст ё не, яъне дар манзили онҳо барқ ҳаст ва оё розӣ ҳастанд, ки дар ин нисфи шаб ба хонаи онҳо рафта кори ҳафтаномаро ба анҷом бирасонанд. 

Хулоса, баъди ба ашхоси зиёде занг задан билохира нафаре ёфт шуд, ки иҷозат бидиҳад дар ин нимашабӣ ба хонаи ӯ рафта кори худро идома бидиҳем. Тамоми компютеру просессору принтерро гирифта ба мошини устод бор карда ба ҳамон гӯшаи шаҳр рафтем. Ҳангоме, ки дар он хонаи дӯсти устод кори худро ба поён расонидем, соат 8-и субҳ шуда буд. 

Рост ба матбаа рафтем. Тифоқо, он шаб писари устод Ромиш, ки аслан дар шаҳри Одесса зиндагӣ мекарданду як тоҷири муваффақ буданд, дар Душанбе дар меҳмонии устод буданд ва ин ҳама ранҷу машаққатҳои устодро бо чашми сар диданд. Акаи Ромиш моро дар матбаа интизор буданд. Баробари дидани падарашон гуфтанд:

-Падарҷон, чаро ин қадар худатонро азоб медиҳед? Охир, ман медонам, ки аз кори ин газета Шумо як тин ҳам фоида намегиред. Биёед, ҳамин корро як тараф гузореду бо ман ба Одесса равем. Дар он ҷо дар соҳили баҳри Сиёҳ кайфу сафо карда гардед, падарҷон. 

-Ромишҷон, бачем. Худат нағз медонӣ, ки мақсади зиндагӣ ин бо кайфу сафо рӯзҳоро паси сар кардан нест. Рисолати инсон дар зиндагӣ ин анҷом додани кори нек мебошад, то баъдан ҳамон инсонро дигар инсонҳо ба некӣ ёд кунанд. Дар ҳақиқат, «Зиндагӣ» ба ман фоида намеорад. Вале нағз медонам, ки роҳи зиндагии чанд нафареро равшан хоҳад кард. Баъди мутолиаи ин «Зиндагӣ» чанд нафаре зиндагии хешро бо дилгармӣ пеш хоҳанд бурд. Рисолати касбии ман ҳам дар ҳамин ҳаст. Худат нағз медонӣ, ки ин «Зиндагӣ»-ро ман барои ҳаминаш дӯст медорам. Ман ошиқи ҳамин «Зиндагӣ»-ям. Ман бо ин «Зиндагӣ» ишқ меварзам. Ҳофизи бузургвор гуфтааст:

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.


-Хуб падарҷон, агар Шумо аз ҳамин «Зиндагӣ»-ву ҳамин тарзи зиндагӣ хурсанд бошед, ман низ худамро хушбахт меҳисобам,- дар ҷавоби падар гуфт акаи Ромиш.

Оҳ, бароям чӣ душвору дарднок аст, ба забон овардани он ки ин мардони шариф, имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Ин мардоне, ки зиндагии хешро сарфи зиндагии дигарон карданд. Воқеан, тибқи хабари дӯсти ман, ҷияни устод Қурбоналӣ Хӯҷамов, Аҷамҷон устод бо ҳамроҳии писарашон акаи Ромиш, бародарашон Мирзоалӣ -падари Аҷамҷон ва Амруллоҳ ном як дӯсти оилаашон ба мақсади кори неке озими Панҷакент шуда буданд. 

Онҳо дар он ҷо атрофи мазори деҳаи Варзи Кандаи ҷамоати Лоиқ Шералиро девор карда, дарвозае шинонданд. Баъди ин кори нек ният доштанд, ки барои мардуми деҳа, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, хатти лӯлаи об гузаронанд. Сад афсӯс, ки ин нияти некашонро онҳо натавонистанд амалӣ бисозанд. Шамшери аҷал матои орзуи онҳоро дар қалбашон пора кард. Бале, ин нияти хешро онҳо натавонистанд амалӣ бисозанд. Вале нағз медонам, ки дар зиндагии хеш онҳо корҳоеро анҷом додаанд, ки боиси ҷовидона мондани номи онҳо дар ду олам хоҳад буд.

Хонаи охирати онҳоро Худованди бузург обод бисозад!
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.

Ҷаҳонгири Султон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi