ДАСТРАСӢ БА ДУ СОЙТИ ҶАДИДИ ТОҶИКӢ ДАР ИНТЕРНЕТ
Ду пойгоҳи ҷадиди интернетӣ аз Тоҷикистон ба забони расмии ин кишвар бо хатти сириллик дар шабакаи ҷаҳонӣ фаъол шудааст. Вебсойти Islom-sughd.tj аз нахустин пойгоҳҳои интернетии мазҳабӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ахиран аз сӯйи Шӯрои уламои дини вилояти Суғд таъсис шудааст. Зимнан, Маркази исломии Тоҷикистон, ки Шӯрои уламои дини устони Суғд бахши маҳаллии он дар ин вилоят маҳсуб мешавад, то ҳол пойгоҳи интернетии худро таъсис накардааст.
Ба гуфтаи Ислом Раҳимов, хабарнигори маҳаллӣ ва масъули ин пойгоҳи интернетӣ, фаъолияти Islom-sughd.tj дар чорчӯби фаъолиятҳои Маркази таҳлилии мавсум ба "Имоми Аъзам", ки ба ибтикори Шӯрои уламои дини вилояти Суғд созмон дода шудааст, роҳандозӣ мешавад.
Ин вебсойт аз бахшҳое назири "Ақида", "Фиқҳ", "Ҳадисҳо", "Тафсир", "Фатво ва Масоҷид" иборат аст. Оқои Раҳимов гуфт, ки посух ба суолоти дидоргарон ва ироаи ахбори мазҳабӣ аз аҳдофи дигари таъсиси ин пойгоҳи интернетӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ислом Раҳимов, ҳадафи аслии роҳандозии ин пойгоҳи интернетӣ таблиғ ва арзёбии арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти фиқҳи Абуҳанифа, пешвои мазҳабии ҳанафиён будааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳимов, Маркази таҳлилии "Имоми Аъзам" худ бо ҳамин ҳадаф таъсис ёфтааст ва тафсиру таблиғ ва густариши ақоиди марбут ба ин фирқа ҷузъи аслии фаъолияти он мебошад.
Оқои Раҳимов дар посух ба ин суол, ки оё назарот ва ақоиди намояндагони мазҳабҳои дигари ислом низ дар ин вебсойт мунташир хоҳанд шуд ё хайр, гуфт, ки ақоиди ин гурӯҳҳо мунташир нахоҳад шуд, вале афроди пайрави фирқаҳои дигар низ метавонанд тавассути бахши "Фатво" ва "Суолоти шумо" дар ин пойгоҳ ба пурсишҳои худ посух бигиранд.
Вай афзуд, ки масъулони ин пойгоҳи интернетӣ ба сурати ройгон ифои вазифа мекунанд ва барои фаъолиятҳои худ ҳеҷ ҳуқуқе дарёфт намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран дар домейни тоҷикии Интернет вебсойти дигаре бо исми "Рӯзгор" ё ruzgor.tj, ки худро сойти мустақилли ҷамъиятиву сиёсӣ муъаррифӣ мекунад, фаъол шудааст.
Султон Ҳамад, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, ки муассиси ин пойгоҳи интернетист, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин сойт эҷоди минбаре барои ироаи назарҳо ва ақоиди худаш аст. Вай афзуд, ки расонаҳои гурӯҳӣ, бавижа ҳафтаномаҳо, наметавонанд ба сурати доимӣ шароитро барои ибрози назарҳояш фароҳам кунанд ва ба ин далел вай тасмим гирифтааст, ки вебсойти хусусии худро таъсис диҳад.
Оқои Ҳамад афзуд, ки таҷрубаи ҳамкорияш бо сойтҳои тоҷикӣ дар Интернет собит кардааст, ки хонандагони зиёде дар хориҷ аз кишвар ба мутолеъаи мақолоти вай алоқаманд ҳастанд ва вебсойти "Рӯзгор" барои чунин афрод шароити осонтари ошноӣ бо дигоҳҳову назарот ва мақолоти ӯро фароҳам мекунад.
Аз сӯйи дигар, оқои Ҳамад таъкид кард, ки ҳадафи дигар аз таъсиси ин сойти интернетӣ мусоъидат ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни се кишвари ҳамзабони Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон аст.
Ин вебсойт аз бахшҳое назири "Сиёсат", "Иқтисод", "Адабиёт ва фарҳанг", "Таърих", "Мазҳаб", "Сулҳ ва оштӣ", "Муҳоҷират", "Зан ва ҷомеъа" иборат аст.
Султон Ҳамад гуфт, ки коршиносон ва хабарнигорони дигар низ метавонанд дар ин вебсойт матолиби худро мунташир кунанд.
Вай афзуд ҳатто дар сурате ки ақоид ва назарҳои муаллифони дигар бо мавзеъ ва дидгоҳҳои шахсии оқои Ҳамад мувофиқ набошанд, боз ҳам ӯ омода аст саҳафоти "Рӯзгор"-ро дар ихтиёри онон гузорад.
Оқои Ҳамад гуфт танҳо шарте, ки дар ин сурат бояд муроъот шавад, худдорӣ аз таҳқиру буҳтон ва риъояти меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ аст.
Соҳибназарон бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумори вебсойтҳои тоҷикӣ дар Интернетӣ андак ба назар мерасад, аз фаъол шудани ин ду сойти ҷадид хуш истиқбол кардаанд. Ба эътиқоди онҳо, дар як соли ахир мавориди таъсиси вебсойтҳои тоҷикӣ дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст.
www.bbc.co.uk/tajik