15:20:29 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУРОҶИАТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БА ҲУКУМАТ

 

Соҳаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, ҳамчун бахши таркибии иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, имрӯз таҳти таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар вазъи ниҳоят вазнин қарор дорад. Тибқи хулосаи тадқиқотҳои мустақил, ки дар рафти Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарони аксар расонаву маҷаллаҳо, агентиҳои хабарӣ, нашриётҳо ва радиою телевизион баён карда шуданд, дар иртибот бо шиддат гирифтани бӯҳрон беш аз 90 % ВАО бо мушкилот рӯбарӯ гардида, даромаднокии онҳо ба таври якбора коҳиш ёфтааст. 

Сухан дар мадди аввал, аз хусуси то 30-40% кам шудани теъдоди нашри рӯзномаҳо дар алоқа бо суст гардидани талаботи харидорон ба ин навъи маҳсулот, ба таври чашмрас афзудани ҳаққи хизматрасонӣ ва нархи маводи зарурӣ, то 70% кам шудани ҳаҷми реклама ва эълонҳои тиҷоратӣ дар ВАО-и электронӣ меравад.

Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон воситаҳои ахбори омма бо назардошти нақши махсусашон дар низоми идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз реҷаи афзалиятнок ва ё кӯмаки ҳамаҷиҳатаи давлат бархӯрдоранд. Дар ин кишварҳо нисбати воситаҳои ахбори омма андозбандии сабук ҷорӣ гардида, барои хариди коғаз ва пардохти ҳаққи хизмати нашриёт аз ҷониби давлат дотатсия дода мешавад. 

Масалан, дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷудо гардидани бурсҳои давлатӣ ба ВАО ва маблағгузории соҳа ба таври чашмрас афзуд. Дигар ҷумҳуриҳои ҳамсояи мо низ бо оғози бӯҳрони молиявӣ ба дастгирии ВАО-и миллӣ ибтидо намуданд, ки намунаи неки муносибати судбахши давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.

Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон айни замон побанди мушкилоти иқтисодӣ буда, қисмате дар пешорӯи муфлисшавӣ истодаанд. Ҷомеаи рӯзноманигории ватанӣ бар ин мавқеанд, ки бояд давлат ба мушкилоти соҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати ба низом овардани вазъи ин бахш чораҷӯӣ намояд. Нодида гирифтани ин ҳолати ногувор метавонад натиҷаҳои манфие ба бор оварад, ки ба амнияти иттилоотии давлат ва имиджи хориҷии он халал мерасонанд. 

Қабули бетаъхири барномаи давлатии зиддибӯҳронӣ роҳи ҳалли масъала буда, бори дигар ба аҳли ҷаҳон кӯшишҳои пайгиронаи роҳбарияти ҷумҳуриро дар роҳи рушди озодии сухан ва таҳкими демократия дар Тоҷикистон намоиш медиҳад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва инчунин имкониятҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ мо як қатор чораҳои зиддибӯҳрониро пешниҳод мекунем, ки дар рафти мизи мудаввари умумиҷумҳуриявӣ аз 02 июли соли 2009 аз ҷониби роҳбарону муассисони аксари ВАО-и миллӣ эътироф шуданд.

Аз он ҷумла, мо интизори аз ҷониби Ҳукумати ҶТ таҳия ва қабул гардидани барномаи махсуси зиддибӯҳронӣ ҳастем, ки ба дастгирии ВАО-и миллӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, равона гардида бошад. Барномаи мазкур мебояд тадбирҳои зеринро дар бар дошта бошад:

1.Аз ҷониби сохторҳои молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани шабакаи кредитии махсус оид ба додани қарзи бефоиз ба ҳар як иштирокчии Барномаи зиддибӯҳронӣ, ё худ қабул гардидани барномаи ҳукуматӣ оид ба пешниҳоди бурсҳои давлатӣ барои ВАО; 

2.Муваққатан ба мӯҳлати 5 сол озод кардани ВАО аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида. Мусоидат дар кори созмон додани Шабакаи миллии паҳнкунии маҳсулоти чопӣ тавассути таҷдиди фаъолияти хадамоти алоқаи давлатӣ, инчунин бекор намудани маҳдудиятҳо нисбати ҷойгирсозии дӯконҳои фурӯши рӯзномаҳо дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла, дар шаҳри Душанбе;  

3.Даровардани тағйирот ба қонунгузории амалкунандаи давлатӣ дар бахши танзими фаъолияти радио ва телевизион, бекор намудани меъёрҳои иҷозатдиҳӣ дар бахши истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, ки дар Паёми президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Миллӣ аз 15- апрели соли 2009 таъкид шуда буд.


Тадбирҳои пешниҳодшаванда хароҷоти махсус ва ё барзиёди маблағҳои буҷавиро тақозо намекунанд, вале ҳамзамон барои рафъи мушкилоти ВАО дар шароити бӯҳронӣ судманд мебошанд. Ҳалли ҳарчи зудтари масоили зикршуда имконият медиҳад, ки фазои иттилоотии миллӣ ҳифз шуда, нуфузи кишвар дар ҷодаи таъмини озодии сухан ва демократия бештар гардад.

1. Акбаралӣ Сатторов – Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

2. Нуриддин Қаршибоев- Раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон.

3. Манзурхон Додохонов- директори нашриёти «Шарқи озод».

4.Умед Бобохонов- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия плюс».

5. Набӣ Юсупов- директори иҷроияи ҳафтаномаи «Азия плюс».

6. Сайфиддин Достиев,- сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР», директори АИ «Хатлон-пресс».

7. Хуршед Ниёзов,- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж».

8. Гулнора Амиршоева- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе».

9. Улфатмоҳ Бахталиева- муҳаррири ТВ «Бадахшон».

10. Сайфиддин Суннатӣ- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан».

11. Эмомалӣ Раҳматов - журналисти мустақил.  

12. Адолати Мирзо,- муассиси ҳафтаномаи «Миллат».

13. Ҳуринисо Ализода - сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон».

14. Тоштемиров Муҳаммадҷон,- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана»

15. Карими Шариф- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хақиқати Суғд».

16. Асалмоҳ Сафарова - раиси ИЖТ-и вилояти Хатлон. 

17. Абдусаттор Нуралиев - устоди кафедраи журналистикаи ДСРТ.

18. Кироншоҳ Шарифзода- раиси ТҶ «Журналист».

19. Дилбар Табарова,- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Строительная газета».  

20. Ҷумъаи Мирзо,- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ».

21. Ҷумъабой Толибов,- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон».

22. Вера Кулакова- директори иҷроияи радиои «Ватан».

23. Шаҳло Акобирова- сарвари ТҶ «Хома».

24. Шералӣ Ҷӯрабоев, - директори генералии агентии рекламавии «Тотал Адвентизинг Групп». 

25. Хилватшоҳи Маҳмуд - муҳаррири ТВ «СМТ».

26. Масрури Абдулло- коршинос.

27. Ҷонибек Қозибеков- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Бадахшон». 

28. Мӯсо Асозода- ТаджАНЕСМИ.  

29. Исмоил Бобиев - муовини директори «Тоҷикматбуот».

30. Иброҳим Усмонов - мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ.

31. Зафар Сӯфиев - сармуҳаррири ҳафтаномаи «Озодагон».

32. Саймуддин Дӯстов- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигох».

33. Рустами Ҷонӣ- директори иҷроияи медиа-холдинги «Медиа-Ориёно».

34. Маҳмудҷон Додобоев- директори ТВ «Ҷаҳоноро».



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi