08:44:54 22-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВАО-И ТОҶИКИСТОН АЗ ҲУКУМАТ ДАСТГИРӢ МЕХОҲАНД

Намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон аз ҳукумат дархост карданд, ки дар шароити бӯҳрони молӣ «ҳокимияти чаҳорум»-ро дастгирӣ созад. Дар изҳороти муштарак, ки зери он 40 роҳбари ВАО, рӯзноманигорон ва коршиносони бахши медиа имзо гузоштанд, гуфта мешавад, «васоити ахбори умумии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи ҷумҳурӣ бар асари таъсири манфии бӯҳрони сартосарии молӣ имрӯз ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуданд».

Рӯзноманигорони тоҷик бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили ВАО-и чопӣ, шабакаҳои телевизиону радио, таъкид месозанд, ки беш аз 90 дарсади ВАО дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молӣ ба мушкилот мувоҷеҳ гардида, ҳаҷми даромадашон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. «Пеш аз ҳама, сухан дар бораи ба андозаи 30-40 дарсад кам шудани шумораи нашри рӯзномаҳо меравад, ки чунин ҳолат дар натиҷаи кам шудани талабот, афзоиши ҳаҷми пардохти хизматрасонӣ ва хароҷоти мавод, то 70 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми реклом ва эълонҳои бозаргонӣ дар ВАО-и электронӣ ба вуҷуд омад», - баён мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои ВАО имтиёзҳои андозӣ амал карда, баҳри таъмини онҳо бо коғаз ва пардохти хизматрасонии табъу нашрӣ кӯмакпулиҳо ҷудо карда мешавад. «Масалан, дар Қазоқистон ҳаҷми бурсҳои ҳукуматии ҷудошуда ба ВАО ва маблағгузорӣ ба он афзудааст», - асоснок мекунанд дархости худро намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ ва меафзоянд, ки ВАО-и миллии Тоҷикистон феълан дар вазъияти душвор қарор дошта, чанде аз онҳо дар остонаи муфлисшавианд.

ВАО-и кишвар бар чунин назаранд, ки ҳукуматро зарур аст, ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир созад, вагарна фаъолияти аксари ВАО қатъ гардида, он ба амнияти иттилоотӣ ва имиҷи кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Бо назардошти ваҷҳхои дар боло зикршуда ва имконоти мавҷудаи ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзноманигорон ба ниҳодҳои молиявии давлатии ватанӣ пешниҳод месозанд, ки барои ҳар як ВАО-и дар барномаи зиддибӯҳронӣ иштирокдошта суратҳисоби қарзии бефоиз боз намояд ё барномаи пешниҳоди бурсҳо барои ВАО-ро роҳандозӣ созад. Онҳо ҳамчунин пешниҳод месозанд, ки ба мӯҳлати панҷ сол барои ВАО дар масъалаи пардохти андоз аз арзиши изофа ва андоз аз даромад моратория ҷорӣ сохта, ба таъсиси Шабакаи миллии паҳн кардани маҳсулоти чопӣ тавассути беҳсозии фаъолияти почтаи давлатӣ ва бекор кардани маҳдудият барои ба роҳ мондани фаъолияти киоскҳои рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ бо шумули шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.

Намояндагони ВАО-и Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод мекунанд, ки бо мақсади озодсозии (либералӣ кардани) фаъолияти соҳаи телевизион тавассути бекор кардани меъёри иҷозатномадиҳӣ ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, ки дар Паёми президент ба Маҷлиси миллӣ аз 15-уми апрели соли 2009 баён шудааст, ба қонунгузории амалкунанда тағйирот ворид карда шавад. «Чорабиниҳои зикргардида хароҷоти зиёди всоитаҳои буҷавиро тақозо намекунанд, вале қодиранд, ки дар шароити бӯҳрон мушкилоти мавҷудаи ВАО-ро ҳал созанд», - омдааст дар изҳороти муштарак.

Муаллиф: Далер Ғуфронов,
«Азия-Плюс»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi