ДАРХОСТИ АМРМТ АЗ МАҚОМОТ БАРОИ ТАҲАММУЛИ ИНТИҚОДОТИ РАСОНАӢ
Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бо судури як баёния аз мақомҳои давлатии ин кишвар хостааст, ки дар баробари матолиби интиқодии расонаҳо таҳаммул кунанд ва шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигоронро пас бигиранд. Бино ба иттилоъи ин созмон, ки баёнияаш рӯзи панҷшанбеи 12 май мунташир шуд, ҳамакнун дар додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ парванда алайҳи расонаҳо ва хабарнигорон баррасӣ мешаванд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ ё НАНСМИТ), ҳамзамон ҳалли мусолиматомези қазияи Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Маҳмадисо Саидов, се додрас, бо нашрияҳои мустақилли “Фараж”, “Озодагон” ва “ASIA-Plus”-ро нишонаи беҳбуд ёфтани вазъияти озодии баён ва таҳкими усули демукросӣ дар ин кишвар медонад.
Баррасии ин парванда дар моҳи гузашта ба далели даст кашидани муддаъиён аз даъвои худ алайҳи нашрияҳои мустақил мутаваққиф шуд. Ба эътиқоди коршиносони АМРМТ, ин гом дар пайи вокуниши муддаъиён ба аксулъамали созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҷомеъаи байналмилалӣ бардошта шуда, аммо ба ҳеч ваҷҳ маънии латма задан ба эътибори қувваи қазоияро надорад.
Масъулони ин созмон мегӯянд, ки баръакс ин иқдоми додрасҳо (судяҳо) ба хотири канор гузоштани ғурури шахсию гурӯҳӣ ва риъояти манофеъи ҷомеъа сурат гирифтааст. Ҳамзамон, оқои Қаршибоев таъкид кард, ки Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, бар асоси шикояти чанд тан аз мақомоти ҳукумати маҳаллии ноҳияи Ашт боздошт шуда ва дар муддати шаш моҳ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Зимнан, оқои Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст. Аммо масъулони АМРМТ илали боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои интизомӣ марбут хондаанд.
Дар баёнияи Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон омадааст: "Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо ба иттиҳоми тавҳин ва тӯҳмат дар Тоҷикистон рӯшан шудааст, ки дар бештари маворид матолиби интиқодии хабарнигорон аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳамчун тавҳин ва тӯҳмат маънидод шуда ва рӯзноманигорон мавриди таъқиб қарор мегиранд."
Гуфта мешавад, умдатан мақомот матолиби интиқодиро на дар чорчӯби муқаррароти ҳуқуқӣ, балки бар асоси бинишҳои худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳои АМРМТ, риъоят нашудани мавозини байналмилалӣ ба ҳангоми барраси қазияҳои додгоҳӣ ба маҳдуд шудани озодии баён, ки аз ҳуқуқи аслии башар маҳсуб мешавад, мунҷар хоҳад шуд.
Дар ин баёния ба унвони мисол аз даъвои Анвар Тағоймуродов, раиси пешини Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати дохила ва ҳоло муъовини вазири дохила бо хабарнигори “ASIA-Plus” ва Сайвалӣ Нуров, намояндаи пешини порлумон, бо нашрияи “Чархи гардун” ёдоварӣ шудааст, ки ҳар ду қазия низ ба фаъолияти тахассусии хабарнигорон рабт мегирад.
АМРМТ дар баёнияи худ аз расонаҳою хабарнигорон даъват карда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон эҳтиром қоил шаванд ва аз мақомоти давлатӣ хостааст, ки шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳоро бозпас гиранд.
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истиротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки қавонини ин кишвар барои ҳар фарди ҷомеъа, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, имкони дифоъ аз ҳуқуқ, обрӯю эътибор ва ҳайсияти худ аз роҳҳои қонуниро фароҳам сохтааст. Ҳамзамон, оқои Сафаров таъкид кард, ки мумкин аст муддаъӣ дар ҷаласаи додгоҳ даъвои худро бозпас гирифта ва қазия ба таври сулҳомез ҳал шавад.
Ӯ гуфт, ки дар бархе маворид мақомоти давлатӣ ба интиқоди бепоя ё ташреҳи нодурусти суханонашон эътино накарда ва нашрияҳо ё хабарнигоронро ба додгоҳ намекашанд. Муъовини раиси Маркази мутолеъоти истиротежики Тоҷикистон гуфт, ки борҳо бархе аз нашрияҳо, аз ҷумла “ASIA-Plus”, сӯҳбатҳои ӯ ё Сӯҳроб Шарифов, раиси ин ниҳодро, таҳриф кардаанд, аммо онҳо аз нашрияҳо ба додгоҳ шикоят набурда ва баҳсҳои додгоҳӣ бо расонаҳоро “сарфи беҳудаи вақт” хондаанд.
Би-Би-Си