НАНСМИТ ДАР БОРАИ ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН
Анҷумани миллии расонаҳои мустақил гуфта, ки мизони озодии баён дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар чаҳор моҳи гузашта, 84 ҳолати марбут ба озодии баён дар Тоҷикистонро сабт кардааст, ки 34 ҳолати он аз нақзи ҳуқуқи журналистон ҳикоят мекунад.
Ҳамчунин, се ҳолати муттаҳам кардани нашрияҳо барои таҳқиру тавҳини афроди алоҳида ва ҳафт ҳолати мушкили дастрасӣ ба иттилоъ низ қайд шудааст. Бино ба гузориши тозаи НАНСМИТ, дар пайи мушкили дастрасӣ ба иттилоъ аввалин бор Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи “Факты и комментарии” ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз болои ширкати мобилии “Bаbilon-M” ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” шикоят бурдааст.
Дар ин муддат додгоҳи шаҳри Душанбе низ баррасии шикояти ҳафтаномаи "Миллат" аз болои ҳалномаи Додгоҳи Фирдавсиро баррасӣ ва онро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нашрияи мустақили "Миллат"-ро барои пардохтани якуним ҳазор сомонӣ товон ба Вазорати кишоварзӣ муваззаф карда буд.
Аммо ҳамчуноне ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил навиштааст, додраси додгоҳи Шоҳмансур аз баррасии шикояти ҷаноби Абдуллоев худдорӣ намуда ва гуфтааст, ки ин масъалаҳо бояд дар Додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ шавад.
НАНСМИТ мегӯяд, ҳанӯз ҳам мақомдорони давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз додани иттилоъ худдорӣ меварзанд. Бар асоси гузориши тозаи ин созмон, баъзе аз раҳбарони идораҳои давлатӣ аз хабарнигорон тақозо намудаанд, ки барои гирифтани иттилоъ аввал иҷозаи мақомоти сатҳи болоиро дарётфт кунанд.
Дар ин гузориш аз боздошту нигаҳдории хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов низ нигаронӣ шудааст. НАНСМИТ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки хабарнигори “Нури зиндагӣ” дар Ашт, Муҳаммадюсуф Исмоилов, аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва баҳси парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ҳанӯз идома дорад.
Додситонии ноҳияи Ашт хабарнигори “Нури зиндагӣ”, Муҳаммадюсуф Исмоиловро барои таҳқиру таҳвин ва барангехтани кинаву хусумати милливу мазҳабӣ мутаҳам мешуморад.
Инчунин, дар ин гузориш аз баҳси додгоҳии Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ бо нашрияи “Азия-Плюс” ёдоварӣ шудааст.
Анвар Тағоймуродов ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз болои мақолаи Рамзия Мирзобекова шикоят бурда ва гуфтааст, ки дар ин матлаб ӯ таҳқиру тавҳин шудааст. Вай аз додгоҳ хоста, ки нашрияи “Азия-Плюс” як миллион сомонӣ товон пардозад.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бо ишора ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ гуфтааст, ки дар чаҳор моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҷараёни поинравии сатҳи озодии баён дар кишвар ба мушоҳида расидааст.
«Озодӣ»