ЧОПИ МАТЛАБЕ ДАР “ФАРАЖ” БОИСИ ШИКОЯТИ ДОДГОҲӢ ШУД
Бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд далоили як матлаби нашрияи “Фараж”-ро мунсифона хонда ва дар ин замина ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир барои чопи матолиби интиқодӣ муаллифон ва соҳибони нашрияҳо барои таҳвин ва тӯҳмат ба додгоҳ кашида мешаванд.
Обид Шаропов, як масъули Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, ки онҳо далоилеро, ки дар матлабе дар нашрияи “Фараж” мунташир шуда буд, таҳқиқ кардаанд. Собит шудааст, ки далоили муаллифи матлаб воқеъият доранд. Ду моҳи қабл нашрияи “Фараж” шикояти Равшан Абдуллоева, як сокини ноҳияи Спитаменро зери унвони “Суперсоҳибкоре аз ноҳияи Спитамен” мунташир карда буд.
Дар ин матлаб, муаллиф аз тахриби як мактаби тоҷикӣ дар ноҳияи Спитамен шикоят карда ва навиштааст, ки мақомоти давлатӣ қитъаи заминеро, ки дар он мактаб фаъол буд, ба соҳибкоре барои бунёди маркази тиҷоратӣ ихтисос додааст.
Оқои Шаропов мегӯяд, ки “дар ҳақиқат санҷиш муайян кард, ки дар мактаби шумораи 3 ягона мактаби тоҷикӣ, ки дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен воқеъ аст, бо қарори раиси собиқи ҳам ҷамоат ва ноҳия ба андозаи 30 сотих замин аз ҳисоби мактаб ба як соҳибкор ихтисос шудааст”.
Ин масъули Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, гуфт, ки ҳарчанд ки тибқи лоиҳаи шаҳрсозӣ дар сурати тахриби ин мактаб мебоист мактаби ҷадид бунёд мешуд, вале алорағми муқаррароти қонун масъулони ноҳия ин қитъаи заминро дар ихтиёри соҳибкор гузоштаанд.
Обид Шаропов, афзуд: “Ҳоло мо ба додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд шикоят бурда тақозо дорем, ки ин қитъаи замин барои сохтмони мактаб бозпас гирифта шавад.”
Дар ҳамин ҳол, масъулини бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, ки нашрияҳои Тоҷикистон дар заминаи фасодкорӣ матлаби кам мунташир мекунанд. Вале Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, ки “худдории расонаҳо аз чопи матолиб дар бораи фасодкорӣ ба ин далел аст, ки онҳо намехоҳанд бо мақомоти тафтишотӣ ва ҳуқуқӣ баҳси додгоҳӣ дошта бошанд”.
Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мавориди зиёди фасод мушоҳида мешавад. Ба унвони мисол, оқои Атовулло аз қазияи додгоҳии нашрияҳои “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия плюс” бо қозиҳои Додгоҳи олӣ ва қазияи нашрияи “Миллат”бо вазорати кишоварзӣ ном бурд.
Би-Би-Си