13:40:24 01-уми Июни 2025 сол

ГУЗОРИШГАРОНИ БИДУНИ МАРЗ: АЗ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО ҲИМОЯТ КУНЕД

Гузоришгарони бидуни марз бо интишори баёнияе аз давлатҳои Русия ва Олмон хостааст аз Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мунтақиди давлати Тоҷикистон ҳимоят кунанд.

dodojoni atovulloИн созмони мудофеъи озодии баён, ки мақараш дар Порис аст, талошҳои давлати Тоҷикистон барои бозгардондани иҷбории оқои Атовулло ба ин кишварро "ғайриқонунӣ ва номаъқул" хондааст. Ин баёнияи Гузоришгарони бидуни марз рӯзи сешанбеи 12 апрел дар сойти ин созмон соъоте баъд аз он мунташир шуд, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт ин ниҳод аз Русия хостааст Додоҷони Атовуллоро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: "Тақозо номаъқул аст, зеро пас аз он ки ӯ дар Олмон дар соли 2002 ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кард, Тоҷикистон ва Русия аз лиҳози қонунӣ ҳақ надоранд ба ӯ даст расонанд. Мо умедвор ҳастем, ки мақомоти Русия тибқи қавонини байналмиллалӣ мисли дафъаи гузашта ин тақозоро рад мекунанд."

Ин созмон мегӯяд ба далели ин ки паноҳандаи сиёсӣ дар ҳеҷ шароите наметавонад ба кишвари аслиаш баргардонда шавад, тақозои мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ бо нақзи асоситарин қонуни байналмиллалӣ мояи нигаронӣ аст. Додоҷони Атовулло бунёнгузори нашрияи "Чароғи рӯз" дар соли 1991 пас аз касби истиқлол аст. Номи ин нашрия бо интишори матолиби баҳсбарангез ва интиқодӣ алайҳи режими вақти кумунистӣ дар он замон сари забонҳо шуд.

Пас аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нашрияи "Чароғи рӯз" дар Русия бо матолиби интиқодӣ дар бораи ҳукумати ҷадид нашр мешуд. Созмони Гузоришгарони бидуни марз менависад оқои Атовулло дар соли 2001 пас аз он ки мавриди таҳдиди куштан қарор гирифт ва муттаҳам ба тавҳини раиси ҷумҳур ва зоҳиран "эҷоди тафриқаи нажодӣ ва хусумати мазҳабӣ" шуд, Тоҷикистонро дубора тарк кард.

Ба навиштаи созмони Гузоришгарони бидуни марз аъзои хонаводаи ин мунтақиди давлат дар Тоҷикистон барои чанд ҳафта таҳти боздошт қарор гирифтаанд ва таҳдидҳо ба ҷони вай идома доштааст. Ӯ моҳи июли соли 2001 дар фурудгоҳе дар Маскав мавриди боздошт қарор гирифт, аммо вокуниши сареъи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар нисбат ба боздошти вай боъис шуд то ӯ ба Тоҷикистон фиристода нашавад.

Барои муддате парванда алайҳи оқои Атовулло қатъ шуд, аммо нашрияи "Чароғи рӯз" ба интишори матолиби интиқодомез дар бораи мақомоти Тоҷикистон идома дод. Дар соли 2007 оқои Атовулло дар Маскав эълом дошт, ки ҷунбишеро ба номи "Ватандор" таъсис додааст. Аммо шумори дақиқ ва ҳуввияти аъзои ин созмон, ки дар Тоҷикистон расман сабт нашудааст, рӯшан нест, агарчи оқои Атовулло муддаъӣ аст, ки ҳатто бархе афрод дар ҳукумат низ шомили ин созмон ҳастанд.

Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон оқои Атовуллоро муттаҳам карданд, ки раиси ҷумҳури ин кишварро тавҳин кардааст ва хостори тағйири низоми қонунӣ аз тариқи тавассул ба зӯр шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон ҳам дархости ҷадиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро бар пояи ҳамин иттиҳомот донистааст.

Оқои Атовулло талошҳои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро марбут ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ ва сиёсии худ хондааст. Созмони Гузоришгарони бидуни марз мегӯяд озодии матбуъот дар Тоҷикистон дар соли гузашта коҳиш ёфтааст ва мақомот ҳоло талош мекунанд оқои Атовуллоро хомуш кунанд.

Ин созмон ёдовар мешавад, ки Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон дар соли 2008 оқои Атовуллоро "терруристи иттилоъотӣ" хонда буд. Оқои Атовулло дар робита ба дархости ҷадиди додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст ҳеҷ кишваре ҳақ надорад ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад ва талош барои истирдоди худро гоми дигаре барои ҳушдори рӯзноманигорон ва маҳдуд сохтани озодии баён талаққӣ кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854