03:52:49 03-уми Июни 2025 сол

НАШРИЯИ ҶАДИД БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР РУСИЯ

Дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия нашряи вижаи муҳоҷирон мавсум ба "Тӯрон" ба забонҳои русӣ ва ӯзбакӣ мунташир шуд. Ҷамъияти ӯзбакҳои Сан-Питерзбург мавсум ба "Умед" муассиси ин нашрия буда ва қарор аст дар оянда ин нашрия ба забони тоҷикӣ низ чоп шавад. Ин нашрия дар мавриди фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони Осиёи Миёна дар ин шаҳр матолиб мунташир мекунад.

 

TuronМаҳмуд Мамадмӯъминов, сардабири нашрия ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, Тӯрон номи бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ буда ва ба ин далел, нашрияи ҷадид чунин номгузорӣ шудааст. Бино ба гузориши хабаргузории “ИТАР-ТАСС”-и Русия, дар ин нашрия бахшҳои машварати ҳуқуқӣ, шумораи телефону нишонии ниҳодҳои зарурии давлатӣ ва ҳатто луғати мухтасари “Русӣ-ӯзбакӣ” мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар нашрияи “Тӯрон” таҳти унвони “Ошноӣ бо Питерзбург” дар бораи фарҳанг, анъанот, афроди саршинос ва таърихи ин шаҳр, ки дар он намояндагони беш аз 100 миллат ба сар мебаранд, ҳикоят мешавад.

 

Нашрия дар маҳалли кори муҳоҷирон, дар пружаҳои сохтмонӣ, бозорҳо ва фурӯшгоҳҳои маводди ғизоӣ ба таври ройгон тавзеъ хоҳад шуд. Зимнан, дар моҳи январи соли ҷорӣ Анҷумани тоҷикони Русия ба чопи нашрияи “Ҳамватан” пардохт, ки зиндагию мушкилоти тоҷикон, бахусус, муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро тасвир мекунад. Ҳамчунин, дар шаҳри Маскав моҳвораи “Таджикская газета” ба забони русӣ мунташир мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4587-nashri-jadid-baroi-muhojiron-dar-russia.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854