22:13:15 02-уми Июни 2025 сол

ТАВАҶҶӮҲИ БЕСОБИҚА БА ҲАВОДИСИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ

tajpress_egyptТайи ҳафтаҳои ахир расонаҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа ба пӯшиши густардаи хабарҳои хориҷӣ аз шимоли Офриқо ва кишварҳои арабӣ пардохтанд. Баъзеҳо мегӯянд, далели таваҷҷӯҳи бесобиқаи расонаҳои тоҷикӣ ба инқилобҳои кишварҳои шимоли Офриқо ва Ховари Миёнаро ба вуҷуди шабоҳатҳо миёни Тоҷикистон ва ин кишварҳо будааст.

 

Масъулони нашрияҳои мустақилли маҳаллӣ мегӯянд, ки матраҳ шудани ин савол дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон, ки оё дар ин кишвар низ эҳтимоли оғози нооромиҳои мушобеҳ вуҷуд дорад ё хайр, онҳоро водор ба пайгирӣ ва таҳлили ҳаводиси инқилобзада кардааст. Аммо ин нукта низ таъкид мешавад, ки расонаҳои чопӣ ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз пӯшиши амиқи инқилобҳо дар ҷаҳони араб худдорӣ кардааст.

 

"Расонаҳои давлатӢ намехоҳанд таҳрик кунанд"

Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори мустақил, мегӯяд расонаҳои давлатӣ барои тасвир накардани воқеъоти кишварҳои арабӣ далоили мушаххас доранд. Вай мегӯяд: “Сабаби камтаваҷҷӯҳии расонаҳои ҳукуматӣ ба ин мавзӯъ ба назарам як навъ канораҷӯйии онҳо аз пӯшиши воқеъаҳое аст, ки метавонад норизоияти мардуми Тоҷикистонро, ки зиндагиашон шабеҳи зиндагии кишварҳои инқилобзада аст, таҳрик кунад.”

 

Дар ҳоле, ки намояндагони телевизиюни давлатии Тоҷикистон нахостанд ба таври расмӣ дар ин мавзӯъ шарҳе ба мо ироа кунанд. Аммо як масъули ин телевизиюн бидуни ифшои номи худ гуфт: “Тоҷикистон мустақил аст, агар хоҳад пӯшиш медиҳад, нахоҳад пӯшиш намедиҳад. Модоме, ки ки худи телевизиюни Либӣ рақсу суруд нишон медиҳад ва ин ҳодисаҳоро нишон намедиҳад, чаро мо нишон диҳем?”

 

Ҷолиб ин ҷост, ки намоиши консертҳо ва барномаҳои тафреҳӣ ва барномаҳои таблиғоти сиёсати давлат бахши умдаи барномаҳои телевизиюни Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва сокинони кишвар барои дарёфти хабарҳои олтернотив ва доғи ҷомеъа ва ҷаҳон бештар ба расонаҳои мустақил ё хориҷӣ муроҷеъа мекунанд. Аммо нашрияҳои мустақили шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа ба пӯшиш, баррасӣ ва таҳлили густардаи ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар ҳафтаҳои охир пардохтанд.

 

Расонаҳои Русия таъсиргузор буд?

Абдуфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаҳои мониторинги Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки аксари таҳлилҳое, ки дар робита ба ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар расонаҳои ин кишвар пешниҳод шуд, аз таъсири “диди” расонаҳои Русия ба ин ҳаводис орӣ набуд.

 

Вай мегӯяд: “Вақте мо ин ё он нашрияи русиро мехонем, мо медонем, ки он матлаб мутобиқи ҳадафҳои Русия аст, агар нашрияи эронӣ мутолеъа кунем, бояд дар назар дошта бошем, ки он ҷо ҳаводис аз диди манофеъи давлати Эрон пӯшиш меёбад. Аз бас, ки бештари таҳлилгарон ва хабарнигорони мо забони русиро беҳтар медонанд, назарҳои онҳо дар бораи ҳодисаҳои ҷаҳон низ пас аз мутолеъаи расонаҳои русӣ шакл мегирад.”

 

Оқои Воҳидов афзуд: “Дар маҷмӯъ мехоҳам бигӯям, ки воқеъаҳои кишварҳои арабӣ густарда пӯшиш меёбад ва ман ҳеҷ маҳдудияте дар инъикоси ин воқеъаҳо эҳсос накардам.”

 

Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, рӯзноманигор ва сардабири нашрияи “Нигоҳ”, бо оқои Воҳидов дар мавриди таъсир гирифтани нашрияҳои Тоҷикистон аз Русия дар пӯшиши хабарҳои ҷаҳонӣ ихтилофи назар дорад. Оқои Дӯстов мӯътақид аст, ки дар се соли ахир нашрияҳои мустақилли дохилии Тоҷикистон дар заминаи пӯшиши таҳаввулоти ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза пешрафт карданд ва нақши расонаҳои форсизабони хориҷӣ ба монанди Озодӣ ва Би-би-сӣ дар ин замина чашмрас будааст. Вай мегӯяд, дар солҳои ахир дар фаъолияти нашрияҳои тоҷикӣ ду раванди асосӣ дар робита ба пӯшиши масоили хориҷӣ ташаккул ёфт.

 

"Бурди" расонаҳои тоҷикзабон

Оқои Дӯстов гуфт: “Якум ин, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳо дар инъикоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъол шуданд ва дар пӯшиши ин масоил манфиъати Тоҷикистонро дар назар мегиранд. Раванди дуввум ин, ки расонаҳои тоҷикзабон дар заминаи ҷалби хонанда бар нашрияҳои русизабон, ғалаба карданд.”

 

Оқои Дӯстов мутмаъин аст, ки пӯшиши хабарҳои кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқо дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон тавоноии расонаҳои мустақили тоҷикро ба намоиш гузошт. Рашид Ғанӣ, коршиноси мустақил, низ дар бораи муваффақияти нашрияҳои тоҷикзабон дар рақобат бо нашрияҳои русизабон дар чанд соли охир ишора кард ва гуфт, ки “Ин муваффақият ба хотири ин ба даст омад, ки дар нашрияҳои тоҷикзабон, эҳсосоти миллат ва ватандӯстӣ бештар садо медиҳад.”

 

Нашрияи тоҷикзабони “Миллат”, ки маъмулан барои баррасии мавзӯъоти доғи рӯз, ки дар маркази таваҷҷӯҳи нашрияҳо қарор дорад мизи гирд баргузор мекунад, барои баррасӣ ва таҳлили нооромиҳо ва инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ низ чунин нишаст баргузор кард. Табодули назарҳо, ки дар ҷараёни сӯҳбати ин мизи гирди мавсум ба “Тазоҳуроти Миср ва ҷаҳони Араб чӣ таъсир ва паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дошта бошад?” садо дод, сипас дар сафҳаи нашрия ба чоп баромад.

 

Таҳлили шабоҳат ва таъсирот

Толиб Саъидзода, аз масъулони нашрияи “Миллат”, гуфт, таваҷҷӯҳи мардуми Тоҷикистон ба инқилобҳои кишварҳои арабӣ ба хотири бархе аз шабоҳатҳои вазъияти мардумони ин кишвар зиёд аст. Вай гуфт дар Осиёи Миёна низ бархе аз раисони ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ дар қудрат буда ва мехоҳанд “умри сиёсии худро тавассути тағйири қонунҳо дарозтар кунанд.”

 

Оқои Саъидзода афзуд: “Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна бояд аз ҳаводиси Миср ва дигар кишварҳои ошӯбзада сабақ бигиранд ва роҳро барои мардумсолорӣ боз кунанд.”

 

Рашид Ғанӣ пӯшиши хабарҳои кишварҳои арабӣ дар расонаҳои мустақили Тоҷикистонро баҳои мусбат дод, аммо гуфт, ки “таҳлилҳо метавонистанд ва мебоист амиқтар ва фарогиртар мешуданд.”

 

Аммо вай афзуд: “Расонаҳо ҳоло ҳам ба таври лозим рушд накардаанд. Теъдодашон кам аст ва ҳунӯз ҳам гирифтори мушкили “дар рӯйи об мондан” ҳастанд. Рӯзноманигорони дорои дониши иқтисодӣ ва сиёсӣ низ камтар дорем.”

 

Шамсияи Қосим, Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4552-tavajjuhi-besobika-ba-havodisi-kishvarhoi-khoriji.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854