МУШКИЛОТИ РАСОНАҲО: ҚАЗИЯҲОИ ДОДГОҲӢ ВА ДАСТРАСӢ БА ХАБАР
Тибқи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) дар соли гузашта дар ин кишвар сиву ду мавриди маҳдудият барои дастрасӣ ба иттилоъот ва 42 мавриди шикоят дар робита бо ҳимоят аз шаъну шараф сабт шудааст. Дар гузориши ин анҷуман омадааст, ки "дастрасӣ ба иттилоъот ва даъвоҳо дар робита бо ҳимоят аз шаъну шараф аз масоили умда дар роҳи густариши озодии баён дар кишвар боқӣ мемонад."
Тибқи ин гузориш дар соли гузашта нӯх парвандаи нашрияҳо ва хабарнигорон дар додгоҳ баррасӣ шудааст, ки парвандаҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон” ва “Фараж” дар робита бо даъвои се қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон “аз пурсару садотарин баҳсҳои додгоҳӣ" будааст. Дар ин гузориш ҳамчунин мехонем: "Дар моҳи ноябри соли гузашта Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” барои фаъолияти касбии худ боздошт шудааст, ки чунин ҳодиса дар таърихи рӯзноманигории тоҷик собиқа надошт."
Дар санади АМРМТ ба муҳокимаи додгоҳии Заррина Абдулвоҳидова, муҳаррири бахши форсии радиои давлатии “Овози тоҷик” ишора гардидааст, ки ҳукми додгоҳ ба нафъи рӯзноманигор содир шудааст. Хонуми Абдулвоҳидова аз барканории ғайриқонунии худ аз симмати муҳаррири бахш ба додгоҳ шикоят бурда ва бар асоси ҳукми додгоҳ ба симматаш барқарор шуда ва ба ӯ ғаромати зарурӣ пардохт шудааст.
Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ин нахустин ҳодисаест, ки рӯзноманигор барои дифоъ аз ҳуқуқ ба кор ба додгоҳ шикоят карда ва муҳокимаи додгоҳ ба нафъи ӯ анҷом шудааст. Илова бар ин, ба навиштаи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон "арзёбии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бархе аз мавориди нақзи ҳуқуқи расонаҳо ва рӯзноманигорон сабт намешаванд. Зеро бархе афрод ба далоили мухталиф намехоҳанд, мавориди нақзи ҳуқуқи онҳо дар расонаҳо пӯшиш ёбад."
Аммо Созмонҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигорони тоҷик аз афзоиши шикоятҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо ва хабарнигорон ва эҷоди мавонеъ дар роҳи сабти номи расонаҳо ибрози нигаронӣ карда ва ин вазъро навъе таҳдид ба озодии баён дар Тоҷикистон унвон карданд. Ба бовари Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи “Фараж”, афзоиши мухолифати расонаҳои мустақил бо ниҳодҳои давлатӣ ва фишор бар нашрияҳои ғайридавлатӣ дар баҳори соли гузашта, дар пайи фаъол шудани нахустин роҳи утумубилрави пулакӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Зеро ба гуфтаи вай, бархе аз нашрияҳои мустақил зимни баррасии ҳуввияти ширкати "Innovative Road Solutions", ба эҳтимоли муталлиқ будани ин ширкат ба хонаводаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда буданд. Ширкати "Innovative Road Solutions" аз 31 марти соли гузашта ҷамъоварии пул аз ронандагон дар масири Душанбе-Чаноқ, нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад,
Дар гузориши АМРМТ ба ҳодисаи боздошт шудани Шарифи Ҳамдампур, сардабири нашрияи “Тоҷикистон” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз сӯйи кормандони пулис ишора шудааст. Дар гузориш омадааст, ки имкон дорад, далели ин боздошт аксбардории оқои Ҳамдампур аз посгоҳи ҷамъоварии маблағ дар маҳаллаи “Ҳушёрӣ” дар ноҳияи Варзоб бошад. Дар ин санад дар канори баҳсҳои додгоҳӣ аз "мавориди таҳдиду фишорҳои зиёд ба расонаҳои мустақил аз ҷониби ниҳодҳои давлати Тоҷикистон" гузориш шудааст.
ДАр ин гузориш ёдоварӣ шудааст, ки дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта ва бозтоби он дар нашрияҳои мустақил фаъолияти нашрияҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” мутаваққиф ва бо дастури муъовини вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд. Ба дунболи ин ҳодиса, дар авоили моҳи октябри соли гузашта сардабирони иддаъе аз нашрияҳои мустақили чопи Душанбе ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журнолистон Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журнолистони мавсум ба “Кумитаи 29 сентябр” таъсис шуд.
Дар ҳамин ҳол, Зӯҳро Ҳалимова, масъули дафтари Сандуқи Сорос дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки мумкин аст мухолифати расонаҳои мустақил бо ниҳодҳои давлатӣ аз тариқи муколамаҳо ҳалл шуда ва адами эътимод миёни онҳо аз байн равад. Бино ба гузориши Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, дар соли гузашта дар маҷмӯъ 248 ҳодисаи марбут ба фаъолияти расонаҳои ин кишвар сабт шудааст, ки аз ин ҷумла, 58 ҳодиса ба нақзи ҳуқуқи хабарнигорону расонаҳо ва 52 қазия ба иттиҳомот алайҳи рӯзноманигорону нашрияҳо рабт доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4432-mushkiloti-rasonaho.html