03:36:54 03-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ "ASIA-PLUS" ДАР ДОДГОҲ

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии даъвои мақомоти Вазорати кишвари Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи "ASIA-Plus" оғоз кард. Қарор буд муҳокимаи ин парванда ҳафтаи қабл доир шавад, вале ба сабаби наомадани даъвогар ба додгоҳ, муҳокима то рӯзи душанбеи 14 феврал ба таъвиқ уфтода буд.

 

ASIA-Plus 1Нусратуллоҳи Ассадуллоҳ, қозии ин парванда ба хабарнигорон иҷозаи ширкат дар додгоҳро дод, аммо хост, ки ҷараёни муҳокима сабт ва аксбардорӣ нашавад. Даъвогари ин парванда женарол Анвар Тағоймуродов, раиси бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аст. Шикояти вай ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар робита ба мақолаи ҳафтаномаи “ASIA-Plus” таҳти унвони "Бозрасӣ ё инкивизитсия (истинтоқ)?" аз 21 декабри соли 2010 аст, ки дар ин матлаб сухан дар бораи истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ муравад.

 

Женарол Анвар Тағоймуродов, раиси бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба "таҳвину бӯҳтон" муттаҳам кард. Вай иддаъо дорад, ки нашрия "бо чопи матолиби таҳвиномез ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ латма задааст" ва аз нашрия пардохти як милюн сомонӣ ғароматро тақозо кардааст. Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи ҳафтаномаи "ASIA-Plus" дар мурофеъаи рӯзи душанбе ба қозии парванда "шикояти ҷавоби"-ро пешниҳод кард.

 

Оқои Қудратов мегӯяд, онҳо арз кардаанд, ки дар мақолаи ҳафтанома дар бораи Женерол Тағоймуродов "ҳарфе ҳам гуфта нашудааст" ва тибқи қонун ӯ ҳаққи ба додгоҳ кашидани нашрияро надоштааст. Аз сӯйи дигар Ҷамшед Ғиёсов, вакили мудофеъи женерол Тағоймуродов, аз қозии додгоҳ тақозо кард, ки ба сабаби дар додгоҳ ҳозир нашудани Умед Бобохонов, раиси ҳафтаномаи "ASIA-Plus" ва қонуни набудани шикояти нашрия дар сурати ироаи он аз сӯйи иҷрокунандаи вазифаи раиси Марат Мамадшоев, шикояти онҳо ба инобат гирифта нашавад.

 

Нусратуллоҳи Ассадуллоҳ, қозии парванда барои гирифтани тасмим дар бораи шикояти ҷавобии нашрияи "ASIA-Plus" ба утоқи машваратӣ рафтааст. Барои бори дувум дар як соли ахир аст, ки ҳафтаномаи "ASIA-Plus" барои навиштани матолиби интиқодомез ба додгоҳ кашида мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4429-oghozi-barrasii-parvandai-asia-plus.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854