03:38:53 03-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛИ ТОЗАИ НАШРИЯҲО ДАР ЗАМИНАИ ПАРДОХТИ МОЛИЁТ

"Афзоиши мизони молиёт ва мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи сабти номи расонаҳо аз таҳдидҳои ҷадид барои озодии баён дар Тоҷикистон аст."

 

1 meetingИн матлаб рӯзи ҷумъаи 11 феврал дар ҳамоише бо номи "Таҳдидҳои ҷадид барои расонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо", ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, иброз шуд. Ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, дар пайи асоси ислоҳи Қонуни (кодекси) молиёти Тоҷикистон, аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ ҳуқуқи ҳадди ақали кормандони нашрияҳо ва расонаҳои мустақил бояд на камтар аз 562 сомониро ташкил диҳад. Ҳамчунин, то ҳол рӯшан нест, ки нашрияю расонаҳо бояд дар кадом вазорат ё ниҳоди давлатии Тоҷикистон сабти ном шаванд ва ин вазъ масъулони расонаҳои ғайридавлатиро нигарон сохтааст.

 

"Фишор аз тариқи молиёт"

Хуршед Ниёзов, дабири кулли созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон ва сардабири нашрияи "Фараж", дар ин ҳамоиш гуфт, ки дар канори лату кӯби хабарнигорон ва ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон боло бурдани ҳуқуқи ҳадди ақалли кормандони расонаҳои мустақилро тақозо доранд.

 

khurshedБа эътиқоди оқои Ниёзов, ин вазъ метавонад бештари нашрияҳо ва расонаҳои мустақилро варшикаста кунад. Зеро ҳоло ҳуқуқи ҳадди ақалли кормандон дар нашрияҳои мустақил аз 200 то 250 сомонӣ буда ва бештари нашрияҳо имкони молии дуву ним баробар афзоиш додани маъоши кормандонро надоранд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки дар пайи се моҳи мутаваққиф шудани чопи нашрияи "Фараж" дар соли гузашта ин нашрия аз ниҳодҳои барқрасонӣ ва ҳаққи иҷораи идораи нашрия беш аз 54 ҳазор сомонӣ бидеҳкор шудааст ва дар шароити феълӣ имкони боло бурдани маъоши кормандонро надорад.

 

Гуфта мешавад, тибқи ислоҳияи қонуни молиёт, ҳатто дар сурати пойин будани мизони маъош нашрияҳои мустақил маҷбур ҳастанд, аз ҳисоби 562 сомонӣ молиёт пардохт кунанд. Ширкаткунандагони ҳамоиш ин иқдоми давлати Тоҷикистонро навъе талош барои варшикаста кардани расонаҳо ва нашриёти мустақил ё аз роҳҳои ғанӣ сохтани будҷеи давлат унвон карданд. Ин дар ҳолест, ки дар қонуни молиёт барои нашрияҳо ва расонаҳои давлатӣ чунин муқаррароте пешбинӣ нашудааст.

 

zafar sufi 1Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, гуфт, ки тақозои давлат барои боло бурдани мизони маъош нашрияҳоро водор месозад, ки бахше аз кормандони худро мураххас кунанд ё аз системи пардохти ҳаққи қалам ё ҳаққуззаҳма (гонорар) истифода кунанд. Оқои Сӯфӣ афзуд, ки дар ин сурат ҳуқуқи иҷтимоъии кормандони нашрияҳо таъмин намешавад ва онҳо наметавонанд дар куҳансолӣ нафақа ё ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, Сергей Романов, ҳуқуқдони мустақил, пешниҳод кард, ки аз ин муқаррароти ба гуфтаи ӯ “ғайриқонунӣ” ба Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон шикоят бурда шавад. Зимнан, қонуни молиёти Тоҷикистон дар авохири соли гузашта дар иҷлоси порлумони кишвар ислоҳ шуда ва масъулони расонаҳои мустақил танҳо дар аввали моҳи ҷорӣ, пас аз дарёфти номаи расмӣ аз кумитаи молиёт, дар ин бора иттилоъ ёфтаанд.

 

Вале Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки тағйироти ворида ба ин қонун танҳо ба коргарони кироя марбут буда ва ба кормандони расмӣ рабт намегирад.

 

Мушкили сабти номи нашрияҳо

 

junayd_ibodovҲуқуқдон Ҷунайдулло Ибодов дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа гуфт, то ҳол мушаххас нест, ки расонаҳо ва нашрияҳои ғайридавлатӣ аз сӯйи кадом ниҳоди давлатӣ ва чи гуна сабти ном мешаванд. Оқои Ибодов гуфт, ки қаблан нашрияю расонаҳо дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном мешуданд, вале ҳоло сару садоҳое ҳаст, ки онҳо бояд ба унвони шахси ҳуқуқӣ аз тариқи "равзанаи ягона" дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабт шаванд. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар қонуни марбут ба сабти номи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони (тоҷирони) инфиродӣ наҳваи сабти номи васоили иттилоърасонии умумӣ ё расонаҳо рӯшан нашудааст.

 

Аз сӯйи дигар, расонаҳо вижагиҳои худро дошта ва онҳоро дар шароити мушобеҳ бо корхонаҳои хусусӣ сабт кардан дуруст набудааст.

 

Акбари Саттор, мудири кулли ҷамъияти “Чархи гардун”, ки нашрияеро ба ҳамин ном чоп мекунад, гуфт, ки ин ниҳод 6 нашрияро муттаҳид карда ва сохтори идории воҳиде дорад. Дар сурати рӯйи кор омадани тартиби ҷадиди сабти ном бояд ин шаш нашрия ҳамчун шахсони ҳуқуқии ҷудогона ва бо сохтори идории алоҳида сабт шаванд. Оқои Саттор гуфт, ки ин амр ба афзоиши мизони махориҷи нашрияҳо мунҷар шуда ва дар фаъолияти муназзами нашрияҳо ихлол ворид хоҳад кард.

 

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, тақозои пардохти молиёт аз ҳуқуқи 562 сомонӣ барои кормандон дар расонаҳои мустақил ва мушкилоту мавонеъ дар роҳи сабти номи онҳоро аз таҳдидҳои умда ба озодии баён дар ин кишвар унвон кард.

 

Ба эътиқоди оқои Қаршибоев, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз тариқи равзанаи ягонаи Кумитаи молиёт сабти ном шудани расонаю нашрияҳо як навъ талоши ниҳодҳои давлатӣ барои таҳти назорат гирифтани васоили иттилоърасонии умумӣ хоҳад буд. Вай гуфт, ки ба ҳангоми чопи матолиби интиқодӣ дар бораи ниҳодҳои давлатӣ нашрияҳои мустақил бо мушкили сабти ном мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4413-mushkili-tozai-nashriyaho.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854