ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК: ҶИНОЯТКОРОН БОЯД ҶАЗО БИГИРАНД!
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии ахбори оммаи мустақили Точикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ) ва Бунёди «Индем» ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум мавриди ҳамла ва ба таври ваҳшиёна лату кӯб қарор гирифтани сармуҳаррири рӯзномаи «Наҷот» (нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.

Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқоти журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд.
Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва лату кӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад.
А. Сатторов, Раиси ИЖТ
Н. Қаршибоев, Раиси АМВАОМТ
Х. Ниёзов, Дабири кули МАТ
С. Дӯстов, Раиси Бунёди «Индем»
ш. Душанбе, 8 феврали соли 2011
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4378-izhoroti-mushtarak.html