ШИКОЯТИ ХАБАРНИГОРОНИ ҚУРҒОНТЕППА
Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон нахустин маҳфили “Хабарнигорон” баргузор шуд, ки дар он хабарнигорон мавзӯъи ҳамраъйии рӯзноманигоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин маҳфил, ки ба ҷуз хабарнигорон дар он мақомоти раёсати вилоят низ ҳузур доштанд, таъкид шуд, ки хабарнигорон дар заминаи дастарӣ ба хабар аз “мансабдорони вилоят” бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, зеро аксаран аз хабарнигорон барои мусоҳиба иҷозати катбии раиси вилоят тақозо мешавад. Хабарнигорон ҳамчунин шикоят карданд, ки мақомоти маҳаллӣ дар посух ба гузориш ва мақолаҳо дар расонаҳо “аслан вокуниш нишон намедиҳанд.” Дар маҳфили хабарнигорони расонаҳои тоҷикӣ ва ӯзбакию русии Қӯрғонтеппа ширкат карданд. Онҳо аз риъоят нашудани одоб аз сӯйи бархе аз мақомот дар ҷараёни нишастҳои матбуъотӣ шикоят карданд.
Хабарнигорон барои мисол аз Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қурғонтеппа мисол оварданд. Ба гуфтаи онҳо оқои Самиев дар ҷараёни як нишасти матбуъотӣ хабарнигори ҳафтаномаи ӯзбакии “Халқ овозӣ”-ро, ки ба сар кулоҳи тоҷикӣ дошт, “Тоқӣ!” садо додааст, ки боиси норизоятӣ ва ранҷиши хабарнигорон гаштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4310-2011-01-31-07-41-50.html