ОЗОДӢ: АЗ АМРУЛЛОҲИ НИЗОМ УЗР МЕХОҲЕМ!
Рӯзи 18-01-2011 бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз хабарнигори рӯзномаи "Имрӯз News"-и чопи Душанбе, тариқи сомонаи интернетии худ, узр пурсид.
Гуфта мешавад, 8,01,2011 Амруллоҳи Низом, ба дафтари Душанбегии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ муроҷиат кард ва иддао кард, ки ман бо кормандони Озодӣ дар ин хусус боре ҳам сӯҳбат накардаам ва шумо аз боварии манн сӯиистифода карда, аз номам чунин гуфтед. Рӯзи 12-01-2011 бошад, сомонаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», калимаи Низомро ҳазф карда ба ҷои он Собирро ворид кард. Ин дар ҳолест, ки чанд расонаи дигар матлаби «Озоди»-ро дар рӯзҳои авали чопи он дар сомона ва нашрияҳои худ нашр карда буданд.
Бо ин вуҷуд то ҷое «Озоди» худро ислоҳшуда меҳисобид. Аммо, баъд аз он ки ҷабрдида гуфт агар расман узрхоҳӣ накунед ба додгоҳ шикоят хоҳам кард. «Озоди» ахиран ба хатои корманди худ иқрор шуд ва аз Амруллоҳи Низом, корманди рӯзномаи «Имрӯз News» расман узр пурсид.
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар таърихи 06-01-2011 зимни як матлаби худ бо номи "Алии Бедакӣ ва севуним моҳи талотумаш дар Рашт", бе иттилои Амруллоҳи Низом, аз номи вай чунин гуфта буд: Амруллоҳи Низом, коршиноси масоили амниятӣ, мегӯяд, Алии Бедакӣ дар радифи он фармондеҳони собиқи мухолифин буд, ки шароити сулҳ бо давлатро напазируфт, балки фақат фурсатталабона ба ниҳодҳои расмии интизомӣ пайваст, ки бо пеш омадани имконе дигар дубора ба даст силоҳ бигирад:
“Ӯ дар ҳамон ақидаҳои исломиаш хеле сахт буд. Дар водии Рашт 3 нафар шароити сулҳи соли 1997-ро напазируфтанд - Ёрибек Иброҳимов бо тахаллуси Шайх дар Тоҷикобод, Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ дар Рашт ва Абдуллоҳ Раҳимов, ки ҳамчун Мулло Абдуллоҳи Камонгарӣ маъруф аст, дар Нуробод. Инҳо ба сабаби одамони мазҳабӣ будан сулҳро напазируфтанд. Ва дар ноҳияи Кофарниҳон – эшони Файзуллоҳхони Дароз ва дар Роҳатӣ - Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон Гитлер ва Мансур Муаккалов. Онҳо як муддате ором нишастанд ва чун диданд, ки заминаҳое аз нав пайдо шуд, дубора овоз бароварданд.”
Дар идомаи ҳамин низ чунин оварда шуда буд: Амруллоҳи Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, таҳрикҳои чирикии исломие, ки дар ин паҳно – аз Покистон то ба Осиёи Марказӣ - меҷанганд, умури Тоҷикистонро ба домулло Амриддин ном нафаре супурдаанд, ки дар раддабандии ин таҳрикҳои ҷангӣ аз Мулло Абдулло ва ҳатто аз Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош болотар меистад:
“Домулло Амриддин зодаи ноҳияи Нуробод буда, соли 1999 дар чархболи Ҷумъаи Намангонӣ тарки Тоҷикистон кард. Баъди ҳалокати Намангонӣ як замон ҳатто раҳбари ҲИУ буд. Вале азбаскӣ ин ҲИУ буд, дар раъсаш бояд ягон узбак меистод. Домулло Амриддин аммо раҳбари Ҳаракати исломии Туркистон аст. Дар ин симат ӯ ҳатто аз Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош болотар меистад. Ва баъди Мулло Умар нафари дуввум аст ва масъули Осиёи Марказӣ.”
Узрнома: Хидмати хонандагон ва шунавандагони арҷманд мерасонем, ки дар матлаби "Алии Бедакӣ ва севуним моҳи талотумаш дар Рашт" яке аз коршиносони амниятӣ бо ҳадафи ҳифзи ҳувияташ худро Амруллоҳи Низом муаррифӣ кард. Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бидуни иттилоъ аз вуҷуди хабарнигоре бо номи Амруллоҳи Низом, ки корманди рӯзномаи "Имрӯз News" будааст, тахаллуси баргузидаи коршиноси худро ба нашр расонд. Мо барои ин аз хабарнигори "Имрӯз News " Амруллоҳи Низом узр мехоҳем ва ба самъи мақомот мерасонем, ки вай дар таҳияи барномаи мо ширкат накардааст.
«ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4202-2011-01-19-16-47-52.html
Шарҳҳо
Agar igadar zur boshand az "centr aziya" mavod megirand. Hol on,ki mardum kayhost az "centr aziya" ruy toftaastu bezor hast hahast/
RSS Обуна