19:51:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРХОСТИ МЕДИЯ-АЛЯНС АЗ САФОРАТИ АМРИКО

 

Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон ё “Медия Алянс” дар баёнияе хостори мусоидати сафорати Амрико ба фаъолияти муназзами сойти хабарии “Авесто” шудааст. Дар баёнияи Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 14 июл мунташир шуда, аз ихтилофи байни хабаргузории “Авесто” бо як ширкати Амрикоӣ, ки гардонандагии сойти ин хабаргузориро ба ӯҳда доштааст, изҳори нигаронӣ шудааст.

Зафар Абдуллоев, яке аз масъулони Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ширкати интернетии Амрикоии Infolink.com (ServerPronto)-ро дар таҳаввулоти ахире, ки аз фаъолияти муназзами хабаргузории “Авесто” монеъ шудааст, муқассир донист. Вай гуфт:“Ҳамакнун муддати ду ҳафта аст, ки ба иллати тағийр ёфтани шеваи кори ин ширкат, ки хадамоти пулии танзими байналмилалии сойтро ироа медиҳад, фаъолияти ин сойт маҳдуд шудааст.”

Оқои Абдуллоев мегӯяд дар ҳоли ҳозир ширкати Infolink.com системи пардохти интернетӣ аз тариқи корти эътибории Visa–ро мутаваққиф карда ва аз хабаргузории “Авесто” тақозои куллияи маълумоти кортҳои плостикӣ барои пардохти ном ба номро кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Абдуллоев, ин ширкат қаблан бо системи пардохти онлайнӣ фаъолият дошт ва тақозои ахир барои хабаргузории "Авесто" қобили қабул набудааст.

Оқои Абдуллоев мегӯяд чунин шева мумкин аст ба сирқати маболиғ дар суратҳисоби бонкии ин хабаргузорӣ мунҷар шавад. Ба ин далел Эътилофи расонаҳо ё “Медия Алянс” бо ироаи як баёния аз сафорати Амрико дар Душанбе хостааст, ки бо ширкати Infolink.com дар мавриди барқарории фаъолияти сойти “Авесто” бидуни шарту шароит музокира кунад.

Афзун бар ин, оқои Абдуллоев мегӯяд, ин Эътилофи расонаҳо аз сафорати Амрико хостааст, ки ин ширкатро муттақоид созад, ки хисороти ворида бар сойти "Авесто" дар муддати ду соли ахирро ҷуброн ва ё дар ҷиҳати ба додгоҳе дар Амрико шикоят бурдани ин хабаргузорӣ алайҳи ин ширкат мусоъидат кунад.

Тибқи иттилоъи масъулони Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон, дар се соли қабл хадамоти фаннии сойти хабаргузории Авесто” аз ширкати укройнии "Network-Asp" ба ихтиёри ширкати Амрикоии "Infolink.com" (ServerPronto) вогузор шуда буд. Ба гуфтаи масъулон, ин амр ба кайфияти хадамот ва пойин будани қимати он марбут дониста шуда буд.

Аммо Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд ҳамакнун ду сол аст, ки ин ширкат сойти “Авесто”–ро "мавриди сӯиистифода ё шонтож" қарор медиҳад. Масъулони ин созмон мегӯянд, ки ин амр бар вазъи иттилоърасонии сойти "Авесто" дар Тоҷикистон асароти номатлубе хоҳад гузошт.

Ба таъкиди Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон, пас аз вогузории хадамоти фании сойт ба ин ширкат, куллия амалиёти фаннии сойти “Авесто” тавассути раҳбарони сойт анҷом мешавад ва мушкилоти фаровоне дар роҳи фаъолияти он эҷод шудааст.

Тибқи гузориши Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон, дар соли 2008 сойти “Авесто” бо маболиғи хеш фаъолият карда ва буҷети он комилан касод шудааст.

Афзун бар ин, масъулони Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон мегӯянд аз соли 2008 ба ин сӯ муассисоти Амрикоӣ низ аз сармоягузории сойти “Авесто” худдорӣ кардаанд ва ин сойт на танҳо бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ шуда, балки теъдоди муштариёни худро низ коҳиш додааст.

Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки дар шароити феълии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ фаъолияти ин сойти тоҷикӣ чи хоҳад шуд ва оё сафорати Амрико дар Душанбе метавонад дар ҳалли қазияи пешомада ба ин хабаргузорӣ мусоъидат кунад?

Дар ҳамин ҳол, Жаклин Макенин, масъули умури расонаҳо дар сафорати Амрико дар Душанбе, дар мавриди баёнияи Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон изҳори беиттилоъӣ кард ва гуфт: “ То ҳол баёнияи ин созмонро дастрас накардаем ва танҳо дар сурати дарёфти он қазияи матруҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.”

Нигаронии Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон дар мавриди мушкилоти сойти хабаргузории “Авесто” дар ҳолест ки муддати ду рӯзи ахир сойти хабаргузории “Осиё-Плас”, яке дигар аз хабаргузориҳои мустақил дар ин кишвар низ фаъол нест.

Масъулони хабаргузории “Осиё-Плас” иллати ин амрро ба мушкили фаннии сойт марбут дониста ва гуфтанд, ки бо рафъи камбуди мавҷуд шоми рӯзи сешанбе сойти ин хабаргузорӣ фаъол хоҳад шуд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi