12:00:01 03-уми Июни 2025 сол

РАҶАБИ МИРЗО АЗ САРДАБИРИИ “ИМРӮЗNEWS” ИСТЕЪФО ДОД

Раҷаби Мирзо, сардабири танҳо рӯзнома дар Тоҷикистон аз симмати худ истеъфо дод. Раҷаби Мирзо аз ироаи далели ин амр худдорӣ кард, вале гуфт, ин тасмимаш ниҳоӣ мебошад. Вай гуфт, "шояд замоне дар бораи сабабҳои ин тасмим" иттилоъ хоҳад дод.

 

rajabi mirzoРаҷаби Мирзо дар гузашта муассис ва сардабири ҳафтаномаиРӯзи навбуд, ки чопи он ба далоили мухталиф мутаввақиф шуда буд. Дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ Раҷаби Мирзо таъкид дошт, ки дигар боИмрӯзNews” иртиботе надорад ва феълан "таътил" дорад. Вай гуфт, ки ҳоло чанд пешниҳод барои кор дар ихтиёр дорад ва онҳоро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи Рустами Ҷонӣ, муассисиИмрӯзNews”, Раҷаби Мирзо баъд аз таъвиқи чопи ин рӯзнома дар ҳафтаи гузашта аз симати сардабири ин нашрия истеъфо додааст.

 

Оқои Ҷонӣ гуфт, ки аз ҷузъиёти далоили ин тасмими Раҷаби Мирзо огоҳ нест ва гуфт, ки вай ин хоҳиши сардабири собиқро пазируфтааст. Рустами Ҷонӣ таъкид кард, ки истеъфои Раҷаби Мирзо ба таъвиқи чопиИмрӯзNews” рабте надорад. Вай хабар дод, ки дар зудтарин фурсат чопи ин нашрия аз сар гирифта хоҳад шуд. Оқои Ҷонӣ афзуд: Ҳоло мо машғули баррасии дурнамои нашрия ҳастем, ки ҳамзамон масоили идорӣ низ дар ин ҷо баррасӣ мешаванд”.

 

Нахустин шумораи рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар авоили моҳи сентябр мунташир шуд ва босуръат теъдоди зиёди алоқамандони худро пайдо кард. Тими хабарнигорони ин нашрия талош карданд матолиби ҷолиб ва дорои назароти мухталиф ироа кунанд. Хабари таъвиқи чопи “ИмрӯзNews” дар ҳафтаи гузашта то ҷое ғайримунтазира ба назар мерасид. Масъулони нашрия изҳор доштанд, ки ин амр ба далели мушкилоти молӣ сурат гирифт.

 

Вале, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, дар ин қазия мавзӯъи мушкили молӣ чандон матраҳ набудааст. Фарзияҳое вуҷуд доранд, ки таъвиқи чопи ин нашрия ба наҳваи бозтоби ҳаводис дарИмрӯзNews” ва масоили кодрӣ низ рабт дорад. Ҳарчанд масъулони ин нашрия дар оғози фаъолияти худ изҳор доштанд, ки барои чопиИмрӯзNews” аз бонке эътибор дарёфт кардаанд ва аз бонки мушаххасе ном набурдаанд, вале равобити муасисси ин нашрия боОриёнбонк”, бонуфузтарин ниҳоди молии Тоҷикистон низ пӯшида нест.

 

Зимнан, дар гузашта Раҷаби Мирзо аз хабарнигорони саршиноси мунтақиди давлат маҳсуб мешуд ва соҳибназарон як далели таъвиқи нашрияиРузи нав”, нашрияи қаблии ӯро низ ба ин мавзӯъ марбут хонданд. Тӯли муддате Раҷаби Мирзо масъули бахши барномаҳои хабарӣ ва таҳлилии родиюиИмрӯзбуд, ки муассиси ин шабака ширкатиОриёномедиа”, як ниҳоди вобаста баОриёнбонкмебошад. Вале фаъолияти оқои Мирзо дар ин вазифа зиёде тӯл накашид.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон дар чанд моҳи ахир фишор алайҳи матбуъоти мустақил дар Тоҷикистон бештар маҳсус аст. Мақомоти тоҷик бархе аз нашрияҳои мустақилро дар пуштибонӣ аз терурисм муттҳам карданд. Президент Раҳмон иброз дошта буд, ки бархе аз нашрияҳо "ҷангҷӯй" шудаанд. Чопи ҳафтаномаҳои "Фараж", "Нигоҳ" ва "Пайкон" барои беш аз ду моҳ муттавақиф шуда буданд. Ин мушкил барои "Фараж" ҳамчунон идома дорад. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон дастарсӣ ба бархе аз сойтҳои хабарӣ масдуд карда шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3699-----news--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854