11:28:15 06-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/28_ruznomaho_2147_3'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/28_ruznomaho_2147_3'

ИЗҲОРОТИ РОҲБАРОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ МУСТАҚИЛ

ИЗҲОРОТИ

роҳбарони воситаҳои ахбори мустақил ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон

 

Мо, роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз амали роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки бо пахши чандинкаратаи як барномаи Маркази матбуотии вазорати мазкур тавассути шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар шоми шанбе, 25-уми сентябри соли равон сурат гирифт, изҳори нигаронӣ намуда, онро ғайриқонунӣ, ғайривоқеӣ, ғаразнок  ва берун аз ахлоқи афсарӣ меҳисобем.

 

Мо мутмаинем, ки ин барномаи пахшнамудаи Вазорати мудофиа дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон хеле ҳассос, аз як тараф нишонаи камсалоҳиятӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколат бошад, аз ҷониби дигар, кӯшиши нақзи ҳуқуқи касбии журналистон ва ҳуқуқи конститутсионии сокинони ҷумҳурӣ дар дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ мебошад.

 

Бо арзи эҳтиром ба тамоми сарбозон ва афсарони Вазорати мудофиа ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар, мо пахши ин барномаи Вазорати мудофиаро, ки аз номи ҳайати шахсии Вазорат сурат гирифт, ва дар он нашрияҳои мустақилро ба иғвогарӣ айбдор карданд, чун кӯшиши рӯйпӯш намудани камбудиҳо дар тарҳрезӣ ва татбиқи амалиёти низомии роҳбарияти Вазорат ва ба дӯши воситаҳои ахбори оммаи мустақил бор кардани масъулияти ҳодисаҳои водии Рашт арзёбӣ менамоем. ВАО-и мустақил рисолати аслии хешро дар доираи қонунгузории кишвар ва ахлоқи касбӣ иҷро намуда, инъикоси воқеии ҳодисаҳоро дар Шарқи мамлакат бо услуби хоси худ ба роҳ мондаанд.

 

Мо кӯшишҳои таъқиб ва таҳқири журналистон аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро, ки мутаассифона, тавассути ҳамкасбони мо аз роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Хукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардид, ноҷо шуморида, талаб дорем, ки масъулини ин Вазорат аз тариқи ВАО узр пурсанд.

 

Дар акси ҳол, мо аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, обрӯ ва эътибори кории худро ҳифз хоҳем кард. Мо бовар дорем, ки роҳбарияти сиёсии мамлакат аҳамияти ВАО-и мустақилро дар рушди ҷомеаи рӯ ба демократияи Тоҷикистон дарк намуда, ба амали роҳбарияти кунунии Вазорати мудофиа баҳои воқеӣ медиҳад.

 

Мо аз тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон,  нерӯҳои сиёсӣ ва ВАО даъват менамоем, ки дар ин марҳила ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва рисолати касбии хеш бо масъулияти дучанд муносибат намуда, дар рушди озодии баён ҳамчун як рукни муҳими демократисозии ҷомеа саҳмгузор бошанд.

 

Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия - плюс»,

Акбар Сатторов, директори ҶДММ «Чархи гардун»,

Шариф ҳамдамов, директори ҶДММ «Оила»,

Нуралӣ Давлатов, ҷонишини сармуҳаррири «Фараж»,

Саймиддин Дӯстов, раиси Шӯрои муҳаррирони «Нигоҳ»,

Рустами ҷонӣ, директори кулли ЧДММ «Ориёно-медиа»,

Раҷаб Мараимов, сармуҳаррири «Имрӯз- нюс»,

Зафари Сӯфӣ, сармуҳаррири «Озодагон»,

ҷумъа Толибов, сармуҳаррири «Пайкон», 

Зафар Абдуллоев, сармуҳаррири «Факты и комментарии»,   

ҷумъа Мирзо, сармуҳаррири «Нури зиндагӣ»,

Фарангис Набиева, муҳаррири «Боргоҳи сухан»,

Нуриддин Каршибоев, раиси НАНСМИТ,      

Хуршедҷон Ниёзов, дабири кулли «Медиа-Алянси Тоҷикистон».

Кироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ «Журналист».

Мухтор Боқизода, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон,

Шаҳло Акобирова, раиси ТҶ «Хома».

 

ш.Душанбе, 27-уми сентябри с.2010

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3223-2010-09-28-05-51-56.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 02.10.2010 17:51
хахах чи хелай як бора чаноби оли ай шумо узр пурсад) мухтарам Джурналистон))
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854