ИНТИҚОДИ РӮЗНОМАНИГОРОН АЗ ТАРҲИ ҚОНУНИ ҶАДИДИ МАТБУОТ
Теъдоде аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки тарҳи қонуни ҷадиди матбуот дар ин кишвар, ки порлумон таҳия карда, наметавонад аз ҳуқуқ ва манофеъи онҳо дифоъ кунад. Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 10 август зимни баррасии Қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар як ҳамоиш гуфт, ки ин пешнавис айни ҳамон қонуни феълии матбуот аст, ки бо ислоҳоти ҷузъӣ пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи вай, танҳо ислоҳи тозаворид дар ин санад иборати “сойти интернетӣ” аст. Бештари рӯзноманигорон, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, аз моддаи 7-и тарҳи Қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ибрози норизоятӣ карда ва гуфтанд, ки он бидуни ҳеч гуна тағйироти ҷиддӣ аз қонуни феълӣ рӯйнавис шудааст. Масалан, тибқи ин модда, масъулони давлатӣ мумкин аст интиқоди воқеъиро навъе латма задан ба шаъну эътибори худ талаққӣ карда ва нашрия ё хабарнигорро ба додгоҳ кашанд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони давлатӣ умдатан барои иртикоби фасод ё истифодаи номашрӯъ аз маболиғи буҷет ҳадафи интиқодҳои рӯзноманигорон қарор мегиранд. Ҳамчунин, ба эътиқоди Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, вожаи “президент” аз ин модда бояд андохта шавад. Зеро чунин тасаввур мешавад, ки ҳар гуна интиқод аз фаъолияти президент амале барои паст задани шаъну эътибори ӯ талаққӣ хоҳад шуд.
Аз сӯйи дигар, Рустам Тоҳиров, рӯзноманигори дигар, гуфт, ки бархе аз маводди пешнависи қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” бо ҳам муғоират доранд. Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Тоҳиров, дар моддаи 3-и ин санади ҳуқуқӣ мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд ба рӯзноманигорон иттилоъ диҳанд, вале дар моддаи 27 таъкид шудааст, ки ин афрод метавонанд аз ин кор худдорӣ кунанд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки имконоти молии бахши аъзаме аз нашрияҳои мустақилли Тоҷикистон маҳдуд аст ва дар сурати муҳокимаҳои додгоҳӣ онҳо тавони пардохти ғаромат ё товони зарари маънавиро ба муддаъиён надоранд. Аз ин лиҳоз, ҳуқуқшинос Нигина Баҳриева пешниҳод кард, ки тарҳи ҷадиди қонуни матбуот бояд мақомоти давлатиро муваззаф кунад, ки ба ҳангоми даъвои додгоҳӣ ба узрхоҳии расмии нашрия ё рӯзноманигор иктифо карда ва маболиғи ҳангуфте ба унвони ғаромат тақозо накунанд.
Зеро ин амр метавонад ба варшикаста шудани нашрияҳо ва баста шудани онҳо мунҷар шавад. Ҳамчунин, рӯзноманигорон сабти номи расмии нашрияҳо дар ниҳодҳои марбутаи давлатиро аз мавонеъи дигар дар роҳи тавсеъаи расонаҳо ва нашрияҳои мустақил хонда ва хостори лағви ин муқаррарот дар тарҳи ҷадиди қонуни матбуот шуданд.
Ба эътиқоди Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи мустақилли “Asia-Plus”, бо истифода аз ин муқаррарот ниҳодҳои зирабти давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз сабти номи расонаҳо ва нашрияҳои мустақил, бахусус, шабакаҳои мустақилли телевизиюн, худдорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои Урупо ва Озарбойҷон нашрияву расонаҳо бидуни сабти номи расмӣ ва танҳо аз тариқи мутталеъ сохтани ниҳодҳои молиётӣ ба фаъолият мепардозанд.
Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атоулло, раиси созмони рӯзноманигории “Медиа-Алиянси Тоҷикистон", зимни интиқод аз тарҳи ҷадиди қонуни матбуот гуфт, ки ин созмон дар садад аст дар ояндаи наздик як пешнависи олтернотив барои қонуни матбуотро таҳия ва барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод кунад. Ба эътиқоди оқои Атоулло, тарҳи қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”–ро мақомоти давлатӣ таҳия кардаанд ва ин санад ба фаъолияти озоди рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил мусоъидат намекунад.
Аммо Олим Салимзода, як узви Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ва аз муаллифони тарҳи тозаи қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, пештар ин тарҳро ҷавобгӯйи ниёзҳои рӯзноманигории кишвар ва аз беҳтарин асноди ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ хонда буд. Оқои Салимзода таъкид кард, ки дар тарҳи ҷадиди қонуни матбуот нукоти тоза ва муҳимме ворид шудаанд.
Ӯ ба унвони мисол аз муқаррароти тоза дар бораи муваззаф шудани масъулони давлатӣ барои посух гуфтан ба дархосту пурсишҳои рӯзноманигорон дар муддати се рӯз ёдовар шуд. Дар қонуни феълӣ ин муддат як моҳ муқаррар шудааст. Зимнан, Қонуни “Матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма” дар моҳи декабри соли 1990, дар замони Иттиҳоди Шӯравии пешин, тасвиб ва то ҳол 7 маротиба ислоҳ шудааст.
Дар солҳои 2001 ва 2005 рӯзноманигорон ва ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон бо мусоъидати Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Урупо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар пешнависҳое барои қонуни ҷадиди матбуотро таҳия карда ва ба давлат ва порлумони ин кишвар пешниҳод карда буданд. Аммо ин тарҳҳо дар ниҳодҳои зирабт баррасӣ ва тасвиб нашудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2866-2010-08-10-18-18-43.html